Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ёдовар шуд. Роҳбарии Раёсати маорифи шаҳри Исфараро шахси маорифпарвару фидоии касб Саидзода Бобо Маҳмуд бар дӯш дорад.

Маълумоти мухтасар

Дар қаламрави шаҳри Исфара 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 мактаб-интернати махсус барои бачагони қувваи босираашон суст, 1 мактаби ибтидоии хусусии «ТОРУАН» ва 1 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи Контакт Интернэшнл», яъне дар маҷмуъ 86 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд. Инчунин, дар шаҳраки Шӯроб як хонаи бачагон амал намуда, тарбиятгирандагонаш дар МТМУ № 8 ва 11 таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, 31 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ширхоргоҳ – кӯдакистонҳо мавҷуд буда, аз он 27 адад тобеи раёсати маориф, 2 адад тобеияти корхонаҳои Химзавод, Тамохуш ва 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мебошанд. Дар соли 2020 дар муассисаҳои томактабӣ 2966 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар 86 муассисаи таҳсилоти умумӣ 50032 нафар хонандагон, аз ҷумла 24567 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Шумораи умумии омӯзгорон 3267 нафар буда, аз он 2220 нафар занон, яъне 67,9% мебошанд.

Аз ин шумораи омӯзгорон, 2694 нафар дорои маълумоти олӣ, 227 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 346 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бо дараҷаи тахассуси олӣ 995 нафар, бо дараҷаи тахассуси якум 735 нафар, бо дараҷаи тахассуси дуюм 580 нафар ва 957 нафар омӯзгорон бо дараҷаи тахассуси умумӣ фаъолият доранд.

Таъмини кадрҳои омӯзгорӣ

Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 нафар хатмкунандагони муассисаҳои олӣ бо кор таъмин карда шуданд. Илова бар ин, дар соли 2020 ба муассисаҳои шаҳр 5 нафар омӯзгорони забони англисӣ ва 6 нафар омӯзгорони забони русӣ пас аз хатми донишгоҳҳо ба кор таъмин карда шуданд, ки бо фармоиши директорони муассисаҳо онҳоро ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда, аз болои онҳо назорат бурда шуда истодааст.

 Дастовардҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо

5-уми январи соли 2020 дар литсеи №1 олимпиадаи байналмилалии GMAS аз фанни математика баргузор гардид. Дар он 68 нафар хонандагон иштирок намуда, 30 нафар ғолибиятро ба даст оварданд. Ғолибон аз литсейи №1- 9 нафар, литсейи №2 – 1 нафар, литсейи №3 – 1 нафар, литсейи №4 – 2 нафар, литсейи №5 – 6 нафар, литсейи №6 – 4 нафар, литсейи №7 – 2 нафар, МТМУ №12 – 3 нафар, МТМУ №53 – 2 нафар мебошанд.

Дар Маркази амрикоӣ олимпиадаи байналмилалии HIPPO баргузор гардид, ки дар он 20 нафар хонандагони донандаи забони англисӣ иштирок намуда, 4 нафар хонандагони синфҳои 5-10-и литсеи №5 ғолиб дониста шуданд. Аз 1-ум то 22-юми феврали соли 2020 даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон барои синфҳои 9-11 баргузор гардид, ки дар он 142 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа 21 нафар хонандагони синфи 11 ва 15 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ҳуқуқи ба даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданро пайдо карданд. Натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони синфи 11, ки дар Мактаби президентии шаҳри Бӯстон баргузор гардид, чунин натиҷа дод: аз 32 нафар хонандагони синфи 11- 21 нафар ғолиб омаданд: соҳиби ҷойи 1-ум 2 нафар, ҷойи 2-юм 6 нафар ва ҷойи 3-юм 13 нафар, ки нисбати соли гузашта 4 нафар зиёд аст. Ғолибон аз литсейи №1- 7 нафар, литсейи №2 – 1 нафар,  литсейи №5 – 5 нафар, литсейи №6 – 1 нафар, МТМУ №1 – 1 нафар, МТМУ №12 – 2 нафар, МТМУ №51 – 1 нафар, МТМУ №57 – 1 нафар ва МТМУ №72 – 2 нафар.

Тибқи нақшаи чорабинии вилоят моҳи январ даври вилоятии олимпиадаи “Spelling Bee” ва  “Шоҳмот” баргузор гардид. Дар олимпиадаи “Spelling Bee” хонандагони МТМУ №18, литсейи 5 ва дар олимпиадаи “Шоҳмот” хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №5, №32, №35 иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи 1-ум гаштанд.

Санаи 14-уми марти соли 2020 бахшида ба 80-солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф, Абдуҷалил Амонуллоев дар литсейи №2 Олимпиадаи номӣ аз фанҳои математика ва физика барои муассисаҳои таҳсилоти умумии минтақаҳои Кӯлканд ва Чилгазӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар олимпиадаи мазкур 30 нафар хонандагони синфҳои 8-10 иштирок намуданд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 34, 35, 36, 37, 51, 72 ва литсейи № 5 ғолибият ба даст оварданд.

Даври шаҳрии олимпиадаи “Наврасон” барои хонандагони синфҳои 5-8 баргузор гардид. Санаи 18 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи МТМУ №5  бо ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Наврасон», ки дар байни хонандагони синфҳои 5-8 баргузор гардида буд, аз тарафи муовини сардори раёсати маориф диплому ифтихорномаҳои раёсати маориф ба хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида буданд, супорида шуд. Соли 2020 барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр озмуни “Ҳисобдони беҳтарин” ва “Хушхатнависи беҳтарин” гузаронида шуд.

Навиштаҳои аъзоёни маҳфили “Навқаламон” пайваста дар маҷаллаҳои маҳаллӣ ва вилоятию ҷумҳуриявӣ нашр карда мешавад. Ба ифтихори  Рӯзи Модар озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Модар бақои ҳаёт аст” гузаронида шуд, ки ҷойи 1-ум насиби хонандаи синфи 11-и литсейи №2 Тошматова Фарзина ва ҷойи 2-юм насиби хонандаи синфи 9-и МТМУ №32 Қодирова Хайринисо гардид. Санаҳои 5-10 ноябри соли 2020 – 18 нафар хонандагони болаёқати литсейҳои №1,2,3,5,6 дар олимпиадаи фосилавии байналмиллалии шаҳри Анталияи Туркия иштирок намуда, сазовори 7 медали тилло, 3 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гаштанд.

 Фурӯғи субҳи доноӣ…

Дар озмунҳои “Китобхони беҳтарин”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон кишвари азизи ман” дар се давра – даври якум мактабӣ, даври дуюм минтақавӣ, даври сеюм шаҳрӣ гузаронида шуданд. Дар даври сеюми озмуни мазкур 99 нафар ғолибони даври минтқавӣ иштирок намуда, 45 нафар дар панҷ номинатсия ғолибият ба даст оварда, бо сипоснома ва туҳфаи хотиравию пулии раиси шаҳри Исфара қадрдонӣ карда шуданд. 15 нафари онҳо дар панҷ номинатсия ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмун 15 нафар иштирок намуда, аз онҳо ду нафарашон ба даври сеюми озмун – даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ бошад хонандаи синфи 2-и  МТМУ №10 Бойсаризода Муродҷон дар номинатсия адабиёти ҷаҳон  иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Ифтихорнома ва 15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд. Муҳассили дигар Раҳмонов Иброҳимхӯҷа (хонандаи синфи 3-и литсейи №1) дар номинатсияи адабиёти бачагона иштирок намуда, бо Ифтихорнома ва 1000 сомонӣ маблағи пулӣ мушарраф гардид.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Аз тарафи намояндагони Маркази миллии тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иштироки падару модарон, хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 моҳҳои февралу март вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуд. Бо хатмкунандагон ва падару модарон оид ба интихоби дурусти касб корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Аз 3336 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 2206 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Аз инҳо 1143 нафар, аз ҷумла 405 нафар духтарон ба муассисаҳои олии касбӣ ва 385 нафар, аз ҷумла 326 нафар духтарон ба мактабҳои миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Санаи 27-уми март дар бинои МТМУ №7-и маркази шаҳр озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба даври ниҳоии озмун 91 нафар (44 нафар духтарон) ғолибони даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Бо иштироки комиссияҳои ҷумҳуриявӣ даври ниҳоии озмун рӯзи 20 июни соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва 21 (11 нафар духтарон) нафар ғолиби ин озмун гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2020-2021 1539 нафар (аз ин 742 нафар духтар) ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои кишвар дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардидаанд.

Илова бар ин, барои дар амал татбиқ намудани сафарбарии омӯзгорон ва хонандагон ба мамлакатҳои хориҷи кишвар дар шаҳри Исфара аз рӯи барномаи FLEX хонандагони синфи 11 ҳар сол дар ИМА дар муддати як соли хониш таҳсил карда истодаанд. Соли ҷорӣ хонандаи синфи 11- и литсейи №1 Расулова Зебуниссо ва хонандаи литсейи № 2 Фахриев Амирхон таҳсили хешро дар ин мамлакат ба итмом расонида ба Ватан баргаштанд.

Соли ҷорӣ дар МТМУ №2 се даври озмуни FLEX ташкил ва гузаронида шуд. Дар даври аввал 93 нафар иштирок намуда, 46 нафарашон ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз онҳо 16 нафар ба даври сеюми озмун гузаштанд. Дар охир хонандагон: Маҳкамова Фарзона, хонандаи синфи 11- и МТМУ №51, Қосимов Аюбхон, хонандаи синфи 11-и литсейи 1 ва Қодирова Маҳина хонандаи синфи 11-и литсейи №1 ғолиб омада, барои соли таҳсили 2020-2021 дар ИМА таҳсил намудан роҳхат гирифтанд. Мутаассифона, аз сабаби паҳншавии бемории СОVID-19 таҳсилро тариқи “онлайн” дар Тоҷикистон гузашта истодаанд. Ғайр аз ин, хонанда Тӯхтаева Фарзона дар озмуни “Pearson College UMC” ғолиб омада, аз моҳи сентябр дар Коллеҷи байналмилалии Канада таҳсили хешро идома дода истодааст.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир

Рафти иҷрои қарори ҲҶТ дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии раёсати маорифи ноҳия қарор дошта, оид ба иҷрои қарори мазкур пешравиҳо мавҷуд буда, соли таҳсили 2020-2021 аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 90 компютер харидорӣ карда шуда, шумораи тахтаи электронӣ ба 69 адад, принтер 286 адад, проектор 77 адад, китобхонаи электронӣ 1 адад (дар МТМУ №1), сомона ба 2 адад расонида шудааст. Мувофиқи маълумоти пешниҳод намудаи директори маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди раёсати маориф дар 86 муассисаи таълимӣ 2069 компютер мавҷуд мебошад.

Баҳри иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» бояд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Исфара 20 кабинети фаннӣ такмил ва таҷҳизонида мешуд. Раёсати маориф аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, баҳри пурра таъмин намудани иҷрои Барнома кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамин аст, ки имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳр пурра бо 20 кабинети фаннӣ таъмин шудаанд.

Корҳои созандагиву ободонӣ

Бо шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишҳо ва амалигардонии иқдомҳои муассири ҲҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, МИҲД-и вилояти Суғду шаҳри Исфара ва дар доираи нақша-чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ дар қаламрави Исфара бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2020 тавассути бунёд гаштани як силсила биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру тармими биною иншоотҳои мавҷуда пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот рӯз аз рӯз беҳбудӣ ёфта истодааст. Сохтмони мактаби нав барои 720 ҷои нишаст дар ду баст, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар маҳаллаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Ворух бо дастгирии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оғоз шудааст. Таҳкурсии бино гузошта шуда, хиштчинии деворҳои ошёнаи якӯм ба анҷом расидааст. Дар МТМУ № 23-и ҷамоати деҳоти Ворух сохтмони бинои иловагии дорои 8 синфхона барои 240 ҷои нишаст аз ҳисоби маблағгузории МИҲД-и Суғд асосан ба охир расонида шудааст. Дар 2 муассисаи таълимӣ (МТМУ № 72 ва 66) сохтмони 4 синфхона ба охир расонида, дар МТМУ № 55 сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, падару модарон бо усули ҳашар давом дорад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ ва рақобати солим байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар ин замина беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабию миёнаи умумии босифат ва ҷавобгӯи талаботи муосир то соли 2020 дар шаҳру деҳоти Исфара 19 муассисаи томактабии хусусӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бояд таъсис дода мешуд. То имрӯз баҳри амалии ин иқдоми наҷиб аз тарафи омӯзгор Маҳмудова Мавлудахон мактаби хусусии «ТОРУАН» ташкил шуда, ҳоло дар 7 синфи он 63 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 1-уми сентябри соли 2020 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи Контакт Интернэшнл» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар 11 синфи он 136 нафар хонанда ба тадрис машғуланд. Дар арафаи Иди Наврӯзи соли 2020 бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Кӯлканд аз тарафи соҳибкор Нишонов Абдуваққос кӯдакистони хусусӣ барои 150 ҷоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Зарурати ташкили муассисаҳои ғайридавлатиро дарк намуда, дар кӯчаи 50 – солагии Октябр сохтмони кӯдакистони хусусӣ аз тарафи омӯзгори МТМУ №2 Яҳёева Рисолат сохта шуда истодааст. Аз тарафи МИҲД-и шаҳр барои сохтмони ин муассиса қитъаи замин ҷудо карда шуд ва дар айни замон ошёнаҳои якум ва дуюми муассисаи мазкур бардошта шудааст ва корҳои ободонӣ дар он идома дорад.

Ҳамчунин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Улмасов Исроил ва Улмасов Нарзилло ба маблағи 25 млн. сомонӣ сохтмони мактаби миллии нави замонавии байналмилалии “Ориён” барои 800 ҷойи нишаст дар маркази шаҳри Исфара оғоз гардидааст, ки он дар ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат, Саидзода Бобо Маҳмуд, сардори Раёсати маорифи шаҳри Исфара иброз дошт, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст, зеро:

Пояи давлат набошад бемаориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.    

– Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Аз ин лиҳоз, мо маорифчиёни шаҳрро зарур аст, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳову пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоистаи худро гузорем, – илова намуд дар фарҷом Саидзода Бобо Маҳмуд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь