Рӯзномаи “Фараж” дар шумораи № 36 аз 8-уми сентябри соли 2022 мақолаи рӯзноманигор Холиқи Муҳаммадназар  бо номи “ Шариф Исматӣ: маркази ҷамоати Рӯдакӣ ниёз ба кӯчонидан дорад”-ро чоп кардааст.

Маводро бо диққат хондам. Мақола хеле хуб навишта шудааст. Гап дар сари як пиёла чой нест. Дар ҳақиқат, дар маркази ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент ягон ҷойи маданӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Сокини ҷамоати Рӯдакӣ Усмон Раҳимзода пешниҳод кардааст, ки маркази ҷамоат мавзеи Ҳуснобод бошад. Онҷо барои марказ шудан шароит нест.

Муаллифи мақолаи “Ҷамоат  ба Ҳуснобод кӯчонида шавад, на Панҷрӯд” худашон хеле хуб навишта  иқрор шудаанд:

“Бинои маъмурии ҷамоат ҳам боғ дошту ҳам гулгашт ва ҳам канори он нонвойхонаву мағозаи калон. Имрӯз он инфрасохтор надорад. Чор тарафашро танг кардаву маркази  маъмуриро ба макони истиқомат табдил додаанд”.

Ин гувоҳи  он аст, ки марказ деҳаи Панҷрӯд бошад.  Ҳоло дар деҳаи Панҷрӯд  тамоми шароитҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ, гуфтаҳои  устод Исматиро сад дар сад тарафдорӣ менамоям. Мехоҳам маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, зодгоҳи устод Рӯдакӣ, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, деҳаи Панҷрӯд бошад.

Хуҷалӣ Буриев,

сокини деҳаи Яккахона,

ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ.

 Мақолаи замонавӣ

Ман гоҳ-гоҳ ҳафтаномаи “Фараж”-ро мутолиа мекунам, аз набзи ҳаёти ҷумҳурии азизамон бохабар мешавам.

Ба қариби ҳафтаномаи мазкур, ки 8-уми сентябри соли равон маводҳои хонданибоб чоп кардааст ба ман писанд омад.

Диққати асосии маро мақолае, бо номи “ Шариф Исматӣ: маркази ҷамоати Рӯдакӣ ниёз ба кӯчонидан дорад”, ба худ ҷалб кард.Мақола замонавӣ буда, касро ба андеша водор мекунад. Дар ҳақиқат, маркази ҷамоат ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.

Таклифе, ки маркази ҷамоат мавзеи Ҳуснобод бошад, сазовори дастгирӣ нест. Онҷо  баландиест,  ки ба рафту омади маҷрӯҳон ва пиронсолон номувофиқ аст.

Бояд гуфт, ки деҳаи Панҷруд барои маркази ҷамоат шудан пурра мувофиқ аст. Ин деҳа ба шаҳрчаи замонавӣ монанд аст. Аз ин рӯ  пешниҳоди собиқ омӯзгор  Шариф Исматиро пурра тарафдорӣ мекунам. Дар инҷо тамоми шароитҳо муҳайёст.

Деҳаи Панҷрӯд маркази арзандаю арзандатар аст.

Хосият Баҳриддинова,

маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм,

сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь