Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, қайд карда шуд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Иҷрои ин ҳадафи давлатӣ аз кормандони соҳаҳои хизматрасон ва комуникатсия масъулияти баланд ва меҳнати пурмаҳсулро талаб мекунад.

Ҷомеаи меҳнатии мо дар соли 2022 дастурҳо ва ҳидоятҳои  сарвари давлатро содиқонаю сарбаландона иҷро хоҳад кард.

Корхона фаъолияти худро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии системаҳои коммуналии обтаъминкунӣ ва канализатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 апрели соли 2011, №234, фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим намудани Нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ” аз 27 августи соли 2018, №90, фармоиши директори генералии КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ “Дар бораи танзим намудани Нархномаи хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ” аз 27 августи соли 2018, №145/7, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Корхона ба ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташ, аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр, қисми деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва Чинор хизматрасонии таъмини оби нушокӣ ва канализатсия мерасонад. Дар умум ба 8015 адад хоҷагӣ, 59 адад муасисаҳои буҷетӣ ва 288 адад корхонаҳои худмаблағгузор ва тиҷоратӣ хизматрасонӣ менамоем.

Дар корхона 72 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва бо музди маоши баланд ба ҳисоби миёнаи музди меҳнат 1033 сомонӣ мебошад таъмин карда шудаанд. Таъминоти оби нушокии муштариён дар ду соли охир бо реҷаи муқаррар карда шуда нисбат ба дигар давраҳо 12-16-соатӣ таъмин карда шудааст.

Дар солҳои сипаригашта қисми мардум бо оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Вазъ моро водор намуд, ки роҳҳо ва имкониятҳои нави пурра намудани захираҳои оби нӯшокии Панҷакентро ҷустуҷӯ намоем.

Барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Суғдиён, ки солҳои тӯлонӣ дар фасли тобистон аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд 1 адад таҷҳизоти обкашии тамғаи СНС 198-200 бо муҳаррикаш ба маблағи 35 000 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд ва дар ин давра сокинони ин маҷалла  бо оби нӯшокӣ пурра таъмин карда шуданд. Дар маҳаллаҳои Самарқандӣ ва Шодиёна аҳолӣ бо оби нӯшокӣ танқиси мекашиданд, ки бо харидории таҷҳизоти обкашии тамғаи ЭСВ-12-140-124 ва муҳаррику нассос ба маблағи умумии 35 000 сомонӣ мушкилоти обрасонӣ дар маҳаллаҳои зикршуда рафъ карда шуд. Ҳоло сокинони ин маҳаллаҳо тамоми шабонарӯз бо оби нӯшокӣ таъминанд. Инчунин низоми муқаррарии фаъолияти коргоҳу муассисаҳои ҳудуди маҳаллаҳо барқарор карда шуд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Кабудсанг бо оби нӯшокӣ таъмин набуданд. Кормандони корхона ба масофаи якуним километр хандақ кофта дар он қубур хобононда, ба хати обрасонии шаҳр пайваст намуданд ва деҳаро бо оби нушокӣ таъмин намуданд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Деваштич бо оби нӯшокӣ таъмин набуданд. Корхона ба масофаи 70 метр қубури қутраш 160 мл васл карда ба деҳаи мазкур хати нави обрасонӣ баровард.  Барои харидории таҷҳизоти обкашӣ ва қисмҳои эҳтиётии шабакаи нав зиёда аз 70 000 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд. Имрузҳо зиёда аз 500 хоҷагии аҳолии 2000 нафараи деҳаи мазкур бо оби доимии тозаи ошомиданӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар соли ҷорӣ кормандони корхона 254 адад садамаҳои оби нӯшокӣ, 168 адад хати канализатсияро дар маҳал дар вақту соат бартараф кардааанд. Минбаъд низ чунин корҳо дар вақту соат бартараф карда мешавад.

Бо супориши раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода хати канализатсияи мавзеъи МТМУ №29 то иншооти партовтозакунии соҳили дарёи Зарафшон аз нав бояд барқарор карда шавад. Дар ин давра аз ҷониби корхона корҳои сохтмонии ин мавзеъ  оғоз гардида ба масофаи 850 метр бо маблағи 150 000 сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Дар ин самт корбарӣ пурзӯр шуда корҳо идома доранд.

Инчунин дар қисми кӯчаҳои маҳаллаи Қайнар 500 метр бо диаметри 150 мл, дар қисми кӯчаҳои маҳаллаи Вашанӣ 80 мерт бо диаметри 160 мл, дар қисми кӯчаҳои маҳаллаи Самарқандӣ 1 км 600 метр бо диаметри 150 мл хати қубури канализатсия хобонида шуда аҳолӣ ба хати канализатсия пайваст карда шуд.

Сарфакорона истифодабарии оби нӯшокӣ аз тарафи муштариён яке аз вазифаҳои муҳимтарини фаъолияти кормандони мо мебошад. Бо ин мақсад бо фармоиши директори корхона рейдҳо ташкил карда, ба он  тамоми кормандон ҷалб карда мешаванд. Дар ҷараёни рейду санҷишҳо, ки дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои худмаблағгузор, тиҷоратӣ ва аҳолӣ  гузаронида шудаанд, ҳолатҳои зиёди  кушода мондани ҷумакҳо, надоштани ҷумакҳо, ва беҳуда сарф шудани об аз оби хати нӯшокӣ обёри кардани зироатҳо ва дарахтони замини назди ҳавлигӣ, нодуруст васл намудани  қубурҳо, ки ба садамаи обрасонӣ оварда мерасонанд ва ғайра ошкор карда шуд. Натиҷаҳои рейд, оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тартиб додани санадҳои қоидавайронкунӣ ба воситаи ҶДММ “Садо ва Симо”, радиои маҳаллӣ, ҶДММ “Ориё нур” инъикос ва муроҷиатномаи  роҳбарияти корхона ба ташкилоту идораҳои шаҳр, аҳолӣ ҳамарӯза пахш карда мешавад.

Бисёр муштариён аз оби нӯшокӣ дар рӯзгор хуб истифода бурда, вале мутасифона пардохти маблағро ҳар моҳ пардохт накарда истодаанд. Аз ин сабаб қарзи муштариён сол то сол зиёд шудаистодааст ва дар ин самт корбарӣ намуда истодаем.

Бо ҳамин тариқ дар соли 2022 дар самти бо об таъмин намудани аҳолии шаҳри Панҷакент ҳаҷми зиёди корҳо анҷом дода, талаботи муштариён бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат пурра таъмин карда мешавад.

Пӯлотзода Алишер,

 Директори Корхонаи давлатии фаръии

 «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь