Раҳмоншоева Давлабегим нафақахур оид ба нақши зан дар тарбия фарзанд, чунин зикр намуд, ки “ зан дар тарбияи фарзанд, як масъулияти баланд бар зиммаи худ дорад. Тарбияи фарзанд, ин асоси зиндагӣ аст. Ҳар як зан, бояд кӯшиш намояд, ки фарзандони некро дар ҳифзи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда, ба воя расонад. Зан аввалин тарбиятгарӣ оила ҳисоб мешавад. Фарзандро аввалан бояд зан дар батнаш тарбия намояд. Зан бояд сараввал худ соҳиби ахлоқи ҳамида бошад ва чунин зан метавонад фарзандони хушахлоқ тарбия кунад. Дар навбати худ зан ҳар як амалаш бояд шоиста бошад ва фарзандонаш низ ин амали боистаро идома хоҳанд дод. Зани бохираду бомаърифат, соҳибмаълумот, кирдорҳои нек дошта, ҳамеша дар зиндагӣ муваффақ хоҳад шуд. Бидуни шак, чунин зан фарзандони хубу ботарбиатеро ба камол мерасонад”-афзуд мавсуф.
Шарҳи ҳол:
Раҳмоншоева Давлабегим соли 1980 Институти педагогии шаҳри Душанберо бо мувафақият хатм кардааст. Баъди хатми Институт дар деҳаи худ, дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами №86 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт фаъолияти худро оғоз менамояд. Ҳамчун ёрдамчии директор низ дар мактаби мазкур адои вазифа намудааст. Соли 2001 дар ҷамоати Мирсаид Миркашар дар вазифаи котиби ҷамоат фаъолият кардааст ва дар ин вазифа 13 сол фаъолият менамояд. Соли 2013 раиси ҷамоат интихоб гардидааст. Айни замон дар нафақа мебошад. Дар корҳои ҷамъияти иштироки фаъол дорад. Дар маҷмӯъ 39 сол таҷрибаи корӣ дорад.
Мастонова Кубондавлат , ки аз соли 1969 то инҷониб дар колхоз кору фаъолият дорад, чунин зикр намуд: “ ман дар колхоз говҷӯш будам. Дар ҳамаи конфронсҳо иштироки фаъол доштам. Кор дар колхоз барои ман хеле хуб аст. Дар тарбияи ҷавонон низ саҳми арзандаи худро гузоштаам. Ман фарзандони худро хеле хуб тарбия кардам. Бо ҳамроҳи ҳамсарам мо ҳарду дар колхоз фаъолият мекунем. Ман соҳиби 7 фарзанд мебошам. Фарзандонамро соҳибмаълумот кардам. Писари калониам дар донишгоҳ кор мекунад. Ман худ чунин ақида дорам, ки зан пеш аз ҳама бояд талош кунад, ки фарзандаш соҳиби маълумоти олӣ шавад, дар ҷамъият саҳмгузор бошад. Дар тарбияи фарзанд занон бояд ҳама кушишашонро ба харҷ бидиҳанд. Занҳо бояд дар ҳама мушкилӣ пуртоқат бошанд, албатта, ба мақсади худ мерасанд.
Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Роштқалъа дар панҷ моҳи соли 2021 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси ноҳияи Роштқалъа ва Барномаҳои давлатии марбут ба соҳа ба роҳ монда, тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон” ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”.
Имрӯз нақши зан-модар дар тамоми корҳои ободонии кишвар басо хотирмон ба назар мерасад. Занон бо қавииродагӣ, номуси ватандорӣ ва нерӯи созандагӣ баробари мардон кору фаъолият намуда истодаанд. Дар соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия аз 75 нафар 24 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 8 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Дар соҳаи маориф 769 омӯзгор фаъолият карда истодааст, ки 442 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, 35 нафарашон дар вазифаиҳои роҳбарӣ фаъолият намуда, 16 нафар директори муассисаҳо мебошанд. Дар соҳаи тиб 254 нафар занон, ки 35 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар соҳаи фарҳанг аз 71 нафар занон, 21 нафар фазифаи роҳбариро бар дӯш доранд ва инчунин, 79 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар низоми бонкӣ бошад, 7 нафар фаъолият мекунанд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ду маротиба озмуни ҷойҳои холӣ баргузор гардид, ки якчанд зан бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Аз ҳисоби занони хизматчиёни давлатӣ раиси ҷамоати деҳоти Роштқалъа Одилбекова Савлат Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуд.
Дар арафаи Рӯзи Модарон 17 нафар занону духтарони фаъоли ноҳия бо “Ифтихорномаҳо” ва “Сипосномаҳо”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мукофотонида шуданд.
Сол то сол шумораи донишҷӯдухтарон афзуда истодааст. Дар муассисаҳои олӣ шумораи умумии донишҷӯдухтарон аз ноҳия 209 нафарро ташкил медиҳанд. Тибқи квотаи Президентӣ 70 нафар духтарон аз деҳаҳои дурдасти ноҳия дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил дошта, бо мақомоти иҷроия робитаи зич доранд. 20 нафарашон бо квотаи Президентӣ донишгоҳоро хатм намуда, бо ҷои кор таъмин гардидаанд. Имсол 14 нафар хатмкунандагон аз ҳисоби ҷавондухтарон соҳиби квота гардиданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати таъмини намояндагии занон дар мақомоти иҷроия ва мақомоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд: ҷамоати Курбоншо Гадолиев 3 нафар, Тусиён 12 нафар, Мирсаид Миршакар 7 нафар, Роштқалъа 6 нафар, Барвоз 2 нафар, Сежд 3 нафар аст.
Дар шаш моҳи соли равон 55 нафар занон дар марказҳои таҳсили калонсолон ба омӯхтани касб машғул шуда, 6 нафари онҳо дар КВД “Гулдаста” бо кор таъмин гардидаанд.
Имрӯз бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла, 1 нафар муовини раиси ноҳия, 5 нафар мудирони бахш, 3 нафар котибони ҷамоатҳо, 1 нафар раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, 1 нафар муҳосиби ҷамоати деҳоти Тусиён, 10 нафар сармутахассисон ва мутахассисон, 1 нафар муҳаррири рӯзномаи “Шоҳдара”, 4 нафар кормандони ёрии иҷтимоӣ, 1 сардори миззи шиносномадиҳии ШВКД-и ноҳия, 1 нафар мудири яслии боғчаи бачагона, 16 нафар директорони муассисаҳо, 14 нафар муассисаҳои таълимӣ, 1 нафар мудири китобхонаи марказӣ, 15 нафар духтурон, 1 нафар сардорони департаменти почта мебошанд.
Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018, №1140 ва амалишавии ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ шуда, дар бахш занон амалӣ гашта истодааст. Бахши занон низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, онро амалан иҷро намуда истодаанд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бахши занон чорабиниҳои зиёдеро гузаронидааст, аз ҷумла 28-уми январи соли 2021дар маркази ноҳия ҷашни Сада баргузор гардид, ки дар он маъсулоти кишоварзӣ ва аз тарафи шӯроҳои занон таомҳои миллиро ба маърази гузоштанд. Дар худи ҳамин рӯз дар толори МИҲД-и ноҳия озмуни “Дастархонороӣ” дар ноҳия баргузор гардид, ки дар он бонувони ҷамоатҳои деҳот таомҳои беҳтарини миллиро мавриди тамошо гузоштанд ва аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифтанд ва беҳтаринҳо дар вилоят иштирок намуда, соҳиби туҳфа гардиданд. Бахшида ба Рӯзи модарон чорабинии ноҳиявӣ гузаронида шуд, ки дар он суруди “Аллаи модар” аз тарафи Одинабекова Ҷамила хуб садо дод. Бахшида ба ин ид миззи мудаввар дар мавзӯъи “Сад ҷону дил фидои як муддаҳои модар” бо иштироки муовини раиси ноҳия ва фаъолони ноҳия баргузор гардида буд, ки аз тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд. Бахшида ба иди Наврӯз озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид ва беҳтарини он тибқи Низомномаи аз ҷамоати Қ. Гадолиев А. Тахмина дар даври вилоятӣ иштирок намуданд.
Аз рӯйи ҷадвали баргузорӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” дар ноҳия аз дуюм то шашуми моҳи феврал даври якум ва дуюм дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия гузаронида шуд. Даври сеюми он дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид ва беҳтаринҳо дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Солҳои 2018-2021 эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба 30 солагии Истиқлолият дар ҷамоати Қ. Гадолиев деҳаи Риҷист ва ҷамоати Мирсаид Миршакар деҳаи Бароҷ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки аз тарафи телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуд ва дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Бахшида ба иди Наврӯзи аҷам аз тарафи бонувон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ҳам дар чорабинии ноҳиявӣ ва ҳам дар чорабинии вилоятӣ мавриди тамошо гузошта шуд. Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки бахшида ба “Рӯзи оила” миззи мудаввар бо иштироки оилаҳои беҳтарин гузаронида шуд. Дар чорабинии “Рӯзи ҷавонон” ҷавондухтарон ҷалб гардиданд. Бахшида ба 110 солагии шоири маҳбуби халқ Мирзо Турсунзода дар конфренсия ба унвони “Мавқеи зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода “ занҳои мо баромад намуданд.
Рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои ривоҷ додани соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде ҷудо мегарданд. Барои дастгирии занони соҳибкор ва ба ҷойи кор таъмин намудани занону ҷавондухтарони бекор аз соли 2006 сар карда, то соли 2020 аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президентӣ ҷудо гардида истодаанд. Дар давоми ин солҳо 11 нафар бонувони ноҳияи Роштқалъа соҳиби гранти Президентӣ гардидаанд, ки маблағи умумии он 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамасола аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оила грантҳои Президентӣ санҷида мешаванд. Имсол низ аз тарафи намояндагони кумита Сабоҳат Маҳмадалӣ Рустам грантҳои Президентӣ санҷида шуданд, натиҷа нишон дод, ки ҳақиқатан грангирандагони ноҳия кору фаъолият карда истодаанд.
Қаландарова Зулфия сокини Ҷамоати Рошқалъа деҳаи Қалъа соли 2017 барои “коркарди нонию қаннодӣ” ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гранти Президентӣ гирифтааст ва 3 нафарро бо ҷои корӣ доимӣ таъмин намудааст. Айни замон дар маркази ноҳия кору фаъолият карда истодааст.
Қарачаева Мавҷигул сокини ҷамоати Қурбоншо Гадолиев деҳаи Хидорҷеф соли 2018 ба маблағи 10 ҳазор сомони гранти Президентӣ барои соҳаи моҳипарварӣ гирифтааст. 1 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Асиятмо Шоқубодовна барои тараққи додани соҳаи чорводорӣ соли 2019 ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ гранти Президентиро соҳиб гардидааст, 4 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.
Додаева Парвина сокини Ҷамоати деҳоти Рошқалъа деҳаи Рождара соли 2015 барои тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гранти Президентӣ гирифтааст. 3 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Айни замон ҳамчун соҳибкори озод фаъолият карда истодааст.
Хоркашова Раъно сокини ҷамоати деҳоти Сежд деҳаи Сежд соли 2018 ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ барои тараққи додани коркарди муина, 3 нафар занони хонашинро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.
Сафдаршоева Модавлат Ҷамоати деҳоти Сежд деҳаи Чавшангоз соли 2008 барои тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ ба маблағи 40 ҳазор сомони гранти Президентӣ гирифтааст ва як оила бо ин сару кор доранд.
Мародмамадова Баҳора маъюби гурӯҳи 3 сокини ҷамоати деҳоти Мирсаиди Миршакар деҳаи Парзуд соли 2020 ба маблағи 20 ҳазор барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз қабили мӯрабофӣ ва духтани либосҳои миллӣ грант гирифтааст, 2 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.
Қурбонмамадова Салима сокини ҷамоати деҳоти Роштқалъа деҳаи Анҷин соли 2020 барои дӯхтани либосҳои миллӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти Президентӣ гардидааст, 1 нафарро бо ҷои кори доими таъмин намудааст.
Бонувони ноҳия низ хуб дарк мекунанд, ки маблағи грантро сарфакорона истифода намоянд.
Дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар ноҳия корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ пурзӯр гашта истодаанд.
Ҳарчанд, ки дар ноҳия зӯроварӣ ба қайд гирифта нашудааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарфи бахш хеле хуб ба роҳ монда шудааст. 2-уми июн дар маркази ноҳия семенар бо ташкилоти ҷамиятии Лоҷвар таҳти унвони “Зӯроварӣ дар оила” баргузор гардид, ки дар он тамоми қишрҳои ҷомеа ҷалб гардидаанд. Инчунин, дигар қайд кардан ҷоиз аст, ки дар таърихи 14.04.2021 дар ҷамоати Тусиён бахши кор бо занон бо бахши ҷавонон ва раиси шурои собиқадорон бо қонуни мазкурро фаҳмонда доданд.
Ҳамзамон, барои баррасии ҳалли моҷароҳои оилавӣ бахш бо раисони ҷамоатҳо ва нозирони минтақавӣ кор карда истодаааст. Кормандони бахш дар асоси нақша-чорабинӣ бо мақсади пешгирӣ намудани майли занону духтарон ба фарҳанги либоспӯшии бегона, гиромидошти либосҳои миллӣ ва арҷгузориҳо ба фарҳанги ниёгон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шуъбаву бахшҳои дахлдори ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот, корхонаву муассисаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ҷиҳати иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми августи соли 2011, №762 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Инчунин, дигар Қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаҳои таълимии №2,4,5-и ҷамоати Курбоншо Гадолиев муаассисаҳои №25,26,27-и ҷамоати Роштқалъа ва муассисаҳои №18,20-и ҷамоати Мирсаид Миршакар ба падару модарон ва хонандагон фаҳмонда доданд.
Оиди иҷрои Қонуни “Танзим анъана ва ҷашну маросимҳо” бахши кор бо занон бо бахши танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоати Мирсаид Миршакар дар деҳаи Бароҷ бо аҳли ҷамоат суҳбат-вохӯрӣ гузаронида шуд.
Оид ба иҷрои банди 5, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2925” , “Занон ва тандурустӣ” бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии занон ва василаи тақвияти сиҳатӣ ва солимии репродуктивии онҳо вохӯрӣ гузарониданд.Тибқи супориши муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва сарпарасти соҳа Роза Гуламадшозода бо Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ВИЧ СПИД, сил,терроризм, экстремизм супоришҳои мушаххас доданд. Баҳри иҷрои супоришҳо Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бо занон ва ҷавондухтарони ҷамоати деҳоти Роштқалъа ва Барвоҷ гуруҳи корӣ тартиб дода шуда, суҳбат- вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Айни замон бахш дар якҷоягӣ бо кормандони КАТС-и ноҳия баҳри аз ташхис гузаронидани навхонадорон корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббию санитарии аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон яке аз самтҳои асосии соҳаи тандурустии ноҳия ва дигар масъулини дахлдор ба шумор меравад.
Дар шаш моҳи ҳисоботӣ ба Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия 6 таъиноти судӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Мавзӯи асосии муроҷиат, 3 адад моҷарои оилавӣ, 6 адад оид ба дохил намудан ба рӯйхати оилаҳои камбизоат, 5 адад барои гирифтани гранти Президентӣ, 2 адад оид ба масъалаҳои ҳуқуқи кӯдак дар бар гирифта, ба таври мусбӣ ҳал карда шудаанд. Инчунин, 12 адад мактуб, 9 барқияҳо аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоатҳо, шаҳракҳо ва деҳоти ҳудуди ноҳия ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба бахш ворид шудаанд.
Нигора Саидбекова