Деҳаи Панҷрӯд натанҳо яке аз маҳалҳои зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, балки зодгоҳи саромади шеъри форсии тоҷик мебошад. Дар ҳамин гӯша оромгоҳи падари шеъри ноби форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгир аст, ки на танҳо як макони таърихӣ, балки рамзи ҳувияти миллӣ тоҷикон мебошад.

Раҳоварди сафар

Рӯзи 22 декабр мо – як гурӯҳ журналистон субҳи барвақт бо нияти зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ роҳ пеш гирифтем. Барфи сафед тамоми деҳотро чун пардаи покӣ пӯшонида буд. Оромгоҳи падари шеъри форсӣ бо гунбади фирӯзаӣ ва меъмории хоси худ ба назар мерасид. Оромгоҳ дар баландтарин нуқтаи русто ҷойгир буда, аз канораш рӯди Панҷрӯд мегузарад.

Аз рӯи оини мусулмонӣ дар сари марқади устод Рӯдакӣ нахуст чанд оят хонда, ба рӯҳи сардафтари адабиёти классики форсии тоҷикӣ бахшидем.

Пас аз ин, дар оромгоҳ аз ашъори устод Рӯдакӣ чанд суруд замзама кардем. Ба фикри мо, хондани шеърҳои устод Рӯдакӣ дар чунин макони муқаддас на танҳо як амалест, ки эҳтироми шахсияти шоирро нишон медиҳад, балки ба бедории худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.

Зеро камбахтона ҳоло бархе натанҳо аз адабиёти ғании форсии тоҷикӣ ноогоҳанд, ҳатто шоирро аз нависанда ё адибро аз сиёсатмадор фарқ намекунанд. Бадбахтона, чанде пеш дар як пурсиши сарироҳӣ Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳатто шоир ва муаллифи Суруди миллӣ ном бурданд…

Бигзор агар дар канори оромгоҳҳои бузургон хондани як ғазал ё қисса кардани муҳтавои як асар анъана шавад, ба ин васила натанҳо номи адибон беш аз пеш зинда ва сари забонҳо нигоҳ дошта мешавад, балки ба бедор кардани ҳисси миллӣ низ замина гузошта метавонад.

Ман он “анъана”-е, ки ҷавононро ба шаҳру навоҳӣ бурда, бо нону асал пешвоз гирифтанро бад намегӯям, агар онон ҳисси худшиносӣ ва ҳубби Ватан дошта бошанд. Вале аз шиорпартоии хушку холӣ ҳам хушам намеояд…

Шеърҳои Рӯдакӣ, ки саршор аз мазмунҳои баланди ахлоқӣ иборат аст, наслҳоро ба худшиносӣ ва худогоҳӣ даъват мекунанд. Сурудани ашъори устод Рӯдакӣ ҳисси ифтихор аз таъриху фарҳангро бедор мекунад. Мисоли одитаринаш, шеъри “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” аст, тавонист шоҳро аз музофот ба маркази давлатдорӣ баргардонад.

Аз нигоҳи дигар, дини мубини Ислом ҳам хондани шеърҳои дорои мазмунҳои баланди маънавӣ ва ахлоқиро манъ намекунад. Баръакс, чунин амалҳо ба таҳкими арзишҳои фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Қироати ашъори устод Рӯдакӣ, ки паёми муҳаббат, ваҳдат ва инсонгароиро доранд, метавонад дар бедории рӯҳияи мардум нақши муҳим бозад.

Ин нуктаҳоро, ки зикр кардем, бесабаб нест, зеро пеш аз бозгашт аз сафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Фейсбук” навори сурудхониамонро дар сари мақбараи устод Рӯдакиро гузоштем, чандин ҷавонону худношиносон дар зери навор тавҳину душномҳо навиштанд ва гӯё мо кори ғалате карда бошем, аммо камхондаҳо огаҳӣ надоранд, ки ин амал арҷгузорӣ ба фарҳангу сухану адабиёти беш аз ҳазорсолаи миллат аст.

Чӣ шикифтановар аст, ки бархе ҷавони мо саводу хирад чист, натанҳо огоҳӣ надоранд, балки огоҳ шудан ҳам намехоҳанд, аз ин ҷост, ки дар ҷаҳли мураккаб ғутаваранд, вале одамҳои ноогоҳ пеши худ қоил намешаванд, ки аз саводу дониш баҳрае набурдаанд, чӣ гунае, ки бузургворе мефармояд:

Он кас,ки надонад ва бихоҳад,ки бидонад,

Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад.

Он кас,ки надонад ва надонад,ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.

Мухтасаре аз рӯзгори устод Рӯдакӣ ва таърихчаи оромгоҳи ӯ

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) сардафтари адабиёти форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯро бо унвонҳои “Одамушшуаро”, “Қофиласолори назми форсӣ” ва “Соҳибқирони шоирон” ёд мекунанд. Устод Рӯдакӣ бо эҷоди ашъори ноб ва таъсиргузораш заминаи рушди адабиёти форсиро фароҳам овард. Мероси ками адабии устод Рӯдакӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳони форсизабон боқӣ монда, ҳамчун сарчашмаи илҳом барои наслҳои баъдӣ хидмат мекунад.

Агар  донишманди эронӣ Саид Нафисӣ дар ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши  осори устод Рӯдакӣ саҳми бориз гузошта бошад, сардафтари  адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар муайн намудани қабри Рӯдакӣ хидмати шоиста анҷом додаст.

Қасидаи “Шикоят аз пир”, ки дар поёни умри шоир навишта шуд, бо гузашти ҳазор сол, барои донишмандони тоҷику рус яке аз омилҳои асосӣ ҷиҳати пайдо кардани марқади шоир гардид. Бо кӯшиши устод Айнӣ ва бостоншиноси рус Михаил Герасимов соли 1956 қабри устод Рӯдакӣ муайян гардида, сипас устухонҳои ӯ ба озмоишгоҳи Маскав фиристода шуданд. Ҳамин таҳқиқот заминаи бунёди оромгоҳи ҳозираро гузошт.

Оромгоҳи Рӯдакӣ, ки соли 1958 ба муносибати ҷашни 1100-солагии ӯ бунёд гардида, дар солҳои 1999 ва 2007 бозсозӣ шуда, ҳоло ба як маркази фарҳангӣ табдил ёфтааст. Имрӯз дар атрофи оромгоҳ Маҷмааи таърихию фарҳангии «Панҷрӯд» фаъолият мекунад. Дар осорхонаи маҷмаа 260 экспонат ба намоиш гузошта шуда, китобхонаи он дорои 3500 китоб аст, ки ба омӯзиши мероси Рӯдакӣ кумак мекунанд.

Ҳарчанд зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ то ҳол ба ҳукми анъана табдил наёфтааст, вале хуб мешуд, ки ҳар фарди бедордил ва ҳар касе, ки худро тоҷик мешуморад, ин макони муқаддасро зиёрат кунад. Ин амал на танҳо эҳтиром ба падари шеъри форсӣ аст, балки нишонаи пайванди мо бо фарҳангу таърихи миллиамон низ мебошад.

Зоҳири САЙФУЛЛО,

Меҳрофарин НАҶИБӢ,

Душанбе-Панҷекат-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь