Бо мақсади бо вазъ ва фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Қодирӣ Абдуҳалим Ғаффорзод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Қодирӣ дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш таъкид намуда буданд: “Мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем”.

Мавсуф илова намуд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамватанони азизро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар муборакбод менамоям ва таманнои онро мекунам, ки дар кишвари азизи мо сулҳу субот ва Истиқлол пояндаву бегазанд бод.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Оинномаи муассиса дар самти тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ба роҳ монда, дар соли хониши 2021 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Мавсуф қайд намуд, ки ду соли охир бо сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон озмунҳои «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегарданд. Ин озмунҳо дар ҷомеаи фарҳангии мо такони бузурге, ба истилоҳ, инқилоби фарҳангӣ буданд. Ҳазорон нафар бо шавқу завқ дар давраҳои ин озмунҳо иштирок карданд. Мо чеҳраҳои зиёдро шинохтем, ки миёни онҳо фарзандони Панҷакенти бостонӣ низ ҳастанд.

Иқдоми наҷиб аст, ки дар ин радиф, Пешвои миллат боз озмуни дигареро бо унвони «Илм-фурӯғи маърифат» пешниҳод карданд, ин озмун ба хотири ихтироъкорӣ, бозёфт ва ҷустуҷуҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Умед дорем хонандагони “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” боз ҳам бештар ба корҳои созандагӣ, омӯзиши илму техника рӯй меоранд. Тафаккури эҷодии онҳо бештар ташаккул меёбад.

Дар соли 2021 ҷашнҳои пуршукуҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, 60- солагии “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” ва дигар ҷашнҳои ифтихормандӣ таҷлил гардиданд, ки албатта, хонандагону омӯзгорони муассисаи мо иштироки фаъолона доштанд.

Дар тӯли фаъолияти худ аҳли кормандони “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” бобати таъмини пешрафти самтҳои илму хирад фаъолияти худро нигаронида аст.

Дар робита ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи васеъи Ҳукумат бармеояд ва амру фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара оид ба рушди соҳа, маъмурият ва кормандони муҳандисию омӯзгории “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, дар асоси дастовардҳо ба роҳ мондани усулҳои нави таълим, истифодаи тарзҳои нави таълимӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, оиди вусъат бахшидан ба сифати таълиму тарбия, бо мақсади гиромӣ доштани фарҳанги ниёгон дар соли 2021 корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Фаъолияти кабинети методӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки хонаи методӣ фаъолияташро дар асоси нақшаи кории литсей ба роҳ монда, дар ин давра чунин корҳоро ба сомон расонидааст:

Дар навбати аввал ба ҳамаи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ёрии методӣ расонида мешавад;

роҳнамои ба омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии ҷавон;

иштирок дар дарсҳои омӯзгорон ва таҷрибаивазкунӣ;

ташкил намудани дарсҳои кушод ва ғайраҳо.

Инчунин, барои иштироки омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар дарсҳои ҳамдигар аз тарафи хонаи методӣ ёрии амалӣ (ташкил намудани анкетаҳо ва саволномаҳо) расонида мешавад.

Дар соли 2021 бо пешниҳоди хонаи методӣ дарсҳои кушод аз фанҳои физика, химия ва фанҳои тахассусӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо омӯзгорон аз методи дарсгузарии омӯзгорони таҷрибадор огоҳ гардидаанд. Ба муносибати иди Артиши миллӣ дар литсей викторинаи фанни таърих, ба муносибати иди Наврӯз конференсия аз фанни забон ва адабиёт гузаронида шуд, ки хонандагони литсей дар он фаъолона иштирок намуданд.

Дар давоми сол бо дастгирии барномаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон», 18 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аз семинару омӯзиш гузаштанд ва аз методу усулҳои нави таълими муосир огоҳ гардиданд.

Таъминот кадрӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар ин давраи фаъолият дар муассиса 84 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд. Аз он ҷумла, 6 нафар ҳайати роҳбарикунанда, 39 нафар омӯзгор ва устои таълими истеҳсолӣ ва 39 нафар корманди техникӣ мебошанд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 аксари омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ санаи 28-уми декабри соли 2020 аз аттестатсияи дараҷанокӣ гузаштанд. Айни замон 13 нафар омӯзгор бо дараҷаи олӣ, 2 нафар бо дараҷаи якум, 1 нафар бо дараҷаи тахассусии дуюм, 5 нафар бедараҷа, инчунин, 6 нафар устои таълими истеҳсолӣ бо дараҷаи якум, 7 нафар бо дараҷаи дуюм ва 2 нафар бедараҷа фаъолият карда истодаанд.

Моҳи октяби соли ҷорӣ ҳамаи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификат гардиданд.

Ободонӣ

МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент» дар кӯчаи протоколӣ ҷойгир буда, ҷиҳати ҳамеша дар ҳолати хуби барои қабули меҳмонон омода, нигоҳ доштани саҳни он корҳои зарурӣ сари вақт анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон, кормандон ва хонандагони муассиса дар шанбегиҳои ташкилнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ фаъолона иштирок ва дар тоза намудану нарм кардани гирду атрофи дарахтони сояафкан иштирок менамоянд. Айни замон азнавсозӣ ва корҳои таъмирӣ дар устохонаҳои кафшергари барқӣ, кафшергари газӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби кормандону хонандагон ба тариқи ҳашар идома доранд.

Шӯрои муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Мавсуф изҳор намуд, ки мувофиқа нақшаи муассиса ҳар моҳ як маротиба Шӯрои муҳандисӣ – омӯзгорӣ гузаронида мешавад. Дар Шӯро мавзӯъҳои муҳим ва баҳсталаб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар давоми шаш моҳи соли 2021 5 маротиба ҷаласаҳои Шӯрои муҳандисӣ – омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон ҳамасола дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо корхонаву ташкилотҳо вобаста бо ихтисосҳои омӯхташаванда ташкил карда мешаванд.

Дар соли 2021 барои ташкили самараноки таҷрибаомӯзии хонандагони листей бо ҶСК “Даврон”, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, КДФ “Обу ташноб”, КДФ “Хоҷагии манзилӣ – коммуналӣ”, ҶС “Сомон Сервиз”,  ҶСП “Шабакаҳои барқ”, ҶДММ “КСМ – 278”, Раёсати кишоварзӣ, корхонаи истеҳсоли ҷиҳоз “Рахш” ва ҶСК “Боркашон” шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуд, хонандагони бахши 1 ва 2 ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда шуданд.

Пешбурди корҳои тарбиявӣ

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки корҳои тарбиявӣ дар МДТ “Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, нақшаи чорабиниҳои солонаи корҳои тарбиявӣ барои соли хониши 2020 – 2021 тартиб дода шудааст.

Дар нақшаҳои корҳои тарбиявии омӯзгорон низ ҷиҳатҳои дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба инобат гирифта шуда, мавзӯъҳо пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи муҳлатҳо дар давоми соли хониш баргузор гардида ва хонандагон маълумоти кофӣ пайдо мекунанд.

Оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористию экстримистӣ мунтазам бо ҷалби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ бе иштироки падару модарони хонандагон на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо волидон ва бо дарназардошти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани вақт, ҳавасманд намудани фарзандони худ ба китобхонӣ, донистан ва доштани маълумоти васеъ дар бораи мавзеъҳои сайёҳии кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, роҳ надодан ба харҷи беҳуда гузаронида шуданд.

Айни замон маҷлису ҷамъомадҳои синфӣ бо иштироки хонандагон, волидайни онҳо ба низоми муайн дароварда шуда, дарсҳои тарбиявӣ ба таври ҳатмӣ дар давоми як ҳафта як маротиба гузаронида мешавад. Дар баробари ин, роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ, инчунин маъмурияти муассиса низ аз охири соли гузашта то айни замон дар соатҳои тарбиявӣ мавзӯъҳои марбут ба дарку эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватану соҳибистиқлолӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дигар самтҳои дар Консепсияи боло зикршударо пайгирӣ намуда, ба хонадагон моҳияти онро мефаҳмонанд.

Дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ дар мавзӯъҳои “Нақши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон”, “Таҳаммул ва масъулиятшиносӣ – омили камолоти шахс”, “Нашъамандӣ ва ҷинояткории ҷавононро дар ҷамъият ба таври муташаккил пешгирӣ мебояд”, “Танзим баракати зиндагист”, “Эҳтироми падару модар яке аз бузургтарин анъанаи неки тоҷикон”, “Маданияти либоспӯшӣ ва риояи тартиботи он дар зиндагии рӯзмарра” ва ғайраҳо сӯҳбату баромадҳо аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон ташкил карда шуд, ки муҳтавои баланди инсондӯсти ва садоқатманди ба Ватан доштанд.

Заминаҳои моддию – техниӣ

Муассисаи давлатӣ дорои 26 кабинети таълимӣ, аз ҷумла 13 кабинети фанҳои тахассусӣ ва 13 кабинети фанҳои таҳсилоти умумӣ, ошхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, бинои 4 ошёнаи хобгоҳ барои 600 нафар хонанда, пойгоҳи нақлиётӣ ва хоҷагии таълимӣ мебошад.

Инчунин, литсей дорои чунин заминаҳои моддӣ – техникӣ мебошад:

Беш аз 6 адад нақлиётҳои гуногун;

60 адад компютер;

7 адад принтер, 5 ададаш бо таҷҳизоти нусхабардорӣ;

4 адад проектор; 4 адад экран; 1 адад факс;

1 адад доскаи электронӣ мавҷуд мебошад.

Ихтисосҳо

Мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол муассиса аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр намуда истодааст:

Кафшергари барқӣ; Ронандаи автомобили тоифаи «С»; Чӯбтарош – бинокор; Системаи компютерӣ ва интернет технология; Монтёри барқӣ оид ба хизматрасони таҷҳизотҳои барқӣ; Тракторчӣ – мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ; Ҳисобдор бо донистани компютер.

Китобхона

Миқдори умумии китобҳо дар китобхона 6300 адад мебошад. Китобхона дорои толори қироат буда, 20 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Барои фаъолияти муътадил дар соли хониши 2021 – 2022 нақшаи корӣ тартиб дода шуда, аз тарафи директори Литсей тасдиқ гардидааст. Теъдоди аъзоёни китобхона аз ҳисоби устоҳои таълими истеҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагон 230 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи нақша Шӯрои китобхона фаъолият менамояд, ки ҳайати он аз 5 нафар иборат буда, ҳар моҳ як маротиба ҷамъомад гузаронида, масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ менамояд.

Дар соли 2020 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 387 адад китобҳои умумитаълимӣ харидорӣ шуд.

Ҳамчунин, аз МД «Маркази таълими-методӣ ва мониторинги сифати таълим» 59 адад китобҳову барномаҳои тахассусӣ дастрас карда шуд.

Хонандагони муассиса аз ин китобҳо бемамоният истифода мебаранд.

Хонандагон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, бадеӣ, модулҳо, саволҳои тестӣ ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам, ки дар китобхона мавҷуд ҳаст, мутолиа менамоянд.

Дар арафаи иду ҷашнҳо мизи мудаввар ё конфронсҳо ташкил карда шуда, доир ба ин ё он ҷашн ба хонандагон маълумот дода мешавад ва хондани адабиётҳоро дар бораи ҷашнҳо ва таърихи пайдоиши онҳо тавсия медиҳанд, ки ин хонандагонро ба китобхонӣ ҳавасманд мегардонад.

Китобдор як узви тарбиятгари насли наврас буда, дар тамоми иду ҷашнҳо, зодрӯзи ин ё он адиб бо ба намоиш гузоштани китобҳои тозанашри Сарвари давлат ва адибон, ташкили конфронсҳо чорабиниҳои фарҳангӣ -фароғатӣ метавонад ба ҳиссиёти ботинии хонанда таъсир расонида, ӯро ба роҳи нек ҳидоят намояд. Аз ин рӯ, чунин чорабиниҳо дар китобхона доимӣ буда, мунтазам гузаронида мешаванд.

Номгӯи устохонаҳои таълимӣистеҳсолӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки муассиса дорои 5 устохона мебошад: Кафшергари барқӣ; Монтёри барқӣ; Чӯбтарош – бинокор; Тракторчӣ – мошинист; Челонгарӣ.

Корҳои муайян дар самти ташкили устохонаҳои дӯзандагӣ, қаннод-ошпаз, кафшергари газӣ айни замон идома дорад.

Дар муассиса таълими дарсҳои назариявӣ дар кабинетҳои фаннӣ ва машғулиятҳои амалӣ бошад, дар кабинетҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь