Аз ҷамъи умумии роҳҳои аҳмияти маҳаллидоштаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 80 дарсади он вазъи ногувор дошта, барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд.

 

Ронандаҳо низ аз харобии роҳ нигаронанд

Вазъи хароби роҳҳои маҳаллӣ ронандагони воситаҳои нақлиётро дар ин ноҳия сахт нигарон кардааст. Ронандае, ки моро то назди Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия бурд, гуфт: “Аз вазъи хароби роҳҳо мо – ронандагон сахт дилгир шудаем. Чаро “андози роҳ” гуфта, аз мо пул мегиранд, аммо роҳҳоро таъмир намекунунд?”. Ба қавли ин ронанда, ки номашро Алӣ гуфт, “ҳатто роҳҳои маркази ноҳия ҳоли хароб доранд. Аз харобии роҳҳо мо ҳар моҳ мошинҳои худро таъмир мекунем ва аз ин кор хаста ҳам шудаем. Зеро, маблағи ночизеро, ки аз мусофиркашонӣ ба дастамон меояд, барои харидории қисмҳои эҳтиётии мошин харҷ мекунем”.

Дар ҳамин ҳол, Олим Тағоев, сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо изҳори ташвиш афзуд, ки аз 227,6 км роҳҳои дар мувозинаи ин муассиса қарордошта  182 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд, ки 80 фоизи ин роҳҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бояд ҳукумати ноҳия маблағ ҷудо кунад. Аммо маблағҳое, ки барои таъмири роҳ аз тарафи буҷети ноҳия ҷудо мешаванд, нокифоя мебошанд. Номбурда зикр намуд, ки барои таъмири асосии 1 км роҳ беш аз як миллион сомонӣ лозим аст. 

– 22 ҳазор сомоние, ки барои таъмири роҳҳо аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷудо гардидааст, сари ҳар як километр роҳ моҳона 9 сомонӣ рост меояд, ки бо ин маблағ ягон корро ба сомон расонида наметавонем. Асфалтро мо худамон омода мекунем. Асфалти тафсон бошад, нархаш гарон аст. Мо қудрати харидорӣ кардани чунин маҳсулотро надорем,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

Барои ислоҳи ин камбудӣ муассисаҳои нигаҳдории роҳҳо маҳсулоти зудтайёр бо номи “омехтаи сиёҳ” фикр карда баровардаанд. Ба гуфтаи масъулин, чунин маҳсулот назар ба “асфалти тафсон” як баробар арзон аст, аммо сифаташро ягон сохтор кафолат намедиҳад. Зеро “омехтаи сиёҳ” дар аввалин рӯзҳои боришот ё пас аз гузаштани мошинҳои гаронвазн ба зудӣ аз ҳам мерезад.

Манбаъ гуфт, ки барои таъмири роҳҳои маҳал бояд ҳукумати ноҳия маблағгузориро бештар кунад. Зеро рӯз то рӯз вазъи роҳҳои маҳаллӣ бадтар шуда истодаанд.

Даҳҳо ронандаи дигар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки аллакай фасли зимистон фаро расидаасту вақте боришоти борону барф зиёд мешавад, ҳаракат дар роҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои нақлиёт мушкил мегардад. Ҳатто кӯдакон дар ин роҳҳо базӯр ба мактаб мераванд ва ҳангоми гузаштани воситаҳои нақлиёт либосҳои онҳо пур аз обу лой мешавад.

 

4 пули мошингузар ҳоли бад доранд

Вазъи хароби роҳҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мушкили асосӣ бошад, вазъи бади пулҳои мошингузар аз ин ҳам ваҳимтар аст. Зеро, ба қавли масъулон, дар ҳудуди ноҳия 4 пуле ҳаст, ки ронандагон аз болои онҳо ба мушкилӣ мегузаранд.

Ҳасан, ронандае, ки ба ҷамоати Арали ноҳия сафар кард, ӯро вазъи хароби пул нигарон намуд. Зеро пуле, ки дар ин ҷамоат аз болояш воситаҳои нақлиёт мегузаранд, қисмати байнаш пурра фурӯ рафта, аз ду тараф бо як мушкилӣ мошинҳо мегузаштанд. Ӯ мегӯяд, шабона нафаре, ки бори аввал ба ин ҷамоат меояд ва аз вазъи хароби пул огоҳ нест, шояд ба ҷони ӯ хатар таҳдид кунад. Зеро ба дохили заҳбур афтоданаш мумкин аст.

Ба гуфтаи Олим Тағоев, дар роҳҳои маҳаллии ноҳия 39 пули мошингузар мавҷуд аст, ки 4 адади онҳо пурра дар ҳолати корношоям қарор доранд: “Аз ноилоҷӣ нақлиёт мегузарад, аммо бояд онҳоро таъмир кард, лек аз кадом ҳисоб? Чунки, тибқи ҳисобе, ки мо кардем, барои таъмири пулҳои дар боло зикргардида 12 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳо ва пулҳо, ки масъулияташ ба зиммаи онҳост, дар 11 моҳ ҳамагӣ 22 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанду халос”.

 

Аломатҳои роҳро кӣ медуздад?

Ба гуфтаи масъулони  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 68 аломати роҳ намерасад. Роҳҳои маҳаллӣ бошад, қариб ки аломати роҳ надоранд. Барои насби он низ маблағ зарур аст, ки ин ҳолат бартараф карда шавад.

Масъулин изҳори нигаронӣ аз он карданд, ки 8 аломати роҳро касе дуздидааст:  “Ин вазъ моро нигарон кардааст. Зеро барои харидории як аломати роҳ дастикам 300 сомонӣ лозим аст”.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз роҳҳои маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тӯли 27 сол тамоман рӯи таъмирро надидаанд ва ниёз ба таъмири ҷиддӣ доранд. Барои бартараф кардани мушкилии ҷойдошта таваҷҷуҳи  хосаи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи мазкур лозим аст. Пас, мо низ интизори ибтикори масъулинем.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь