“Театри давлатии мусиқӣ-драмавии” ба номи Тӯҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом, яке аз муассисаҳои кӯҳантарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Театр соли 1932 аз ҷониби Комил Ёрматов таъсис ёфта, дар рушду нумӯи санъати театрии тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Нахустин ҳунармандони ин театр Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов қадамҳои нахустини худашонро маҳз дар ҳамин боргоҳи ҳунар оғоз намуда, баъдан ба ситораҳои барҷастаи санъат мубаддал гаштанд. Тамоми ҳаёту эҷодиёти онҳо пасон дар пойтахт – Душанбе сурат гирифтааст. Дар саҳнаи Театри Конибодом дар тӯли фаъолияти 92-солаи он даҳҳо намоишномаҳои гуногунмазмуну гуногунжанр ба саҳна гузошта шуда, пешкаши тамошобинон гардидаанд. Дар ин театр Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Ҷӯрахон Искандаров, Кимсан Махкамов, Латофат Орипова, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон – Исҳоқҷон Қодиров ва дигар ҳунармандон дар инкишофи санъати театри касбии тоҷик саҳми босазо гузоштааанд. Ҳунармандони ин театр дар даҳаҳои шаҳри Москва ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаю мукофотҳои давлатӣ гаштаанд.
Умуман Конибодом макони ҳунармандони барҷастаю устодони забардаст мебошад. Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова ва Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Султон Саидмуродов аз ин ҳисобанд. Онҳо аз шумораи кадрҳои маҳаллӣ беҳтарин санъаткоронро ба кор ҷалб карданд. Яке аз нахустин намоишномаҳои театр – ин асари С.Саидмуродов “Зафар ва Заррина” буд , ки соли 1969 ба саҳна гузошта шуда буд. Ҳунармандони ин театр – Истад Мамаҷонова, Дилором Баҳромова, Болтабой Бӯриев, Комилҷон Туронов, Солиҷон Холиқов, Баротбой Содиқов, Мукаррама Рустамова, Шарофат Эргашева, Шаҳрӣ Каримова ва дигар ҳунармандон кору фаъолияташонро маҳз дар ин даргоҳи ҳунар оғоз карда, минбаъд дар спектаклҳо бо нақшҳои ҷолиби худ ба дили тамошобинон роҳ ёфтанд. С.1975 барои боз ҳам пурра кардани сафи санъаткорони театр бо кадрхои соҳибмаълумот бо Қарори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ як гурӯҳ ҷавонони босистеъдоди Конибодом ба студияи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебо шомил гаштанд. Соли 1979 ин гурӯҳ бо 3 намоишномаи дипломии худ: “Бемори хаёли”-и (“Мнимый больной”) Жан Батист Молер, ”Зангирӣ”-и (“Женитьба”) Николай Гогол, ”Гирдоб” -и Султон Сафаров ба Конибодом омада, фаъолияти худашонро оғоз карданд. Ҳамин тавр театр дорои актёрони касбӣ гардид, аз он ҷумла Юнусалӣ Эргашев, Дилбар Сулаймонова, ки то ҳол дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият доранд.
Барои пур кардани сафи санъаткорон бо кадрҳои соҳибмаълумоти ҷавон, роҳбарияти муассиса тасмин гирифт, ки дар назди театр студияи актёрони наврасонро ташкил кунад. Беҳтарин бачаҳо ба ин студия шомил шуданд ва онҳо низ баъд аз хатми донишгоҳи олӣ сафи ҳунармандони ин театрро пур карданд.
Дар асоси кастинги серӯзае, ки дар театр эълон гардида буд, ҷавонони болаёқат ба ин гурӯҳ шомил шуданд, ҳунар омӯхтанд. Баъди хатми донишкада ҳунармандони ин гурӯҳ Муҳиддини Музаффар, Фарҳодҷони Ғафорпур, Фарҳод Сиддиқов, Суҳроб Шехов, Фаррух Ваитов, Наимҷон Мирзобобоев ба театр баргашта, дар пешбурди анъанаҳои театр саҳми арзанда гузоштанд. Бо шарофати саъю кӯшиши ин ҷавонон ҳайати театр борҳо дар озмуни театрҳои касбии-“Парасту” дастболо шуд. Ба мисоли намоишномаи “Қорӣ-ишкамба”, дар таҳияи Муҳиддини Музаффар, ки дар нақши асосӣ Хушнуди Дадо маҳорати баланд нишон дод ва ин намоиш ҷои аввалро сазовор гашт. Дар фестивал-озмуни театрии ҷавонон, намоишномаи “Садои қу” (“Лебединая песня”) Антон Чехов бо таҳияи Авлиёқули Хуҷақулӣ коргардони Туркманистон – сазовори “Шоҳҷоиза” шуданд. Ин дар таърихи театр рӯйдоди муҳим буд.
Мо бо асаосгузори студияи наврасон дар назди театр Юнусалӣ Эргашев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон хамсӯҳбат шудем:
Аз ҳамин студияи наврасон, ки ман онро роҳбарӣ мекардам дар оянда ҷавонони соҳибмаълумот ва боистеъдод баромаданд. Яке аз онҳо Муҳиддини Музаффар – на фақат ҳамчун актёр, балки чун режиссёр низ машҳур шуд. Ӯ таъсисдиҳандаи “Суғд-Синамо”буда, чанд филмҳоеро ба навор гирифт, ки сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ низ гаштанд. Дигарон дастпарварони театр: Ғайрат Қодиров, директор, Фарҳод Ғаффорпур – коргардони театр, Фарҳод Сиддиқов – муовини директор, продюссери театр. Онҳо дар ҷодаи санъат ҳунари баланд дошта, маҳз дар театри мо кору фаъолият карда, барои пешбурди санъати волои театр саҳми худро гузошта истодаанд.
Раҳмонова Мунаввара, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон:
Баъд аз хатми Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Ленин (ҳозира Рудакӣ) ба театр ба кор омадам. Аввалин нақши ман наберакелини Фармонбибӣ дар таҳияи нави Баҳодур Юлдошев – коргардон аз Ӯзбекистон “Ранҷиши Фармонбибӣ” буд, ки бо ин намомишнома дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар баромад кардем. Намоишнома ба тамошобинон писанд омад. 35 сол мешавад, ки ман дар ин театр кор мекунам. Дар ансамбли “Хоҳаракон” низ фаъолият мебарам. Ҳамкорони ҷавони мо: Ғайрат Қодиров, Фарҳод Ғаффорпур, Фарҳод Сиддиқов, филми бадеиро барои сомонаи Youtube “Хона”-ро ба навор гирифтанд, ки ман дар он нақши ҷодугарро бозидам. Дар давраи короновирус барномаҳои бачагонаро барои сомона низ омода кардем, то ки бачаҳо дар хона нишаста, аз “Афсонаҳо барои хурдтаракон” бохабар шаванд. Ин филмҳо дар сомона хело машҳур шуданд. Дар филми Муҳиддини Музаффар “12 соли интизорӣ”, ки он низ баҳои баланди тамошобинро гирифт, боз нақши ҳамсояро бозидам.
Дилбар Сулаймонова Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:
– Ман с.1976 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, с. 1980 онро бо дипломи аъло бо ихтисоси актрисаи театр ва кино хатм кардам. Ҳамон сол ба ин даргоҳи барои ман муқаддас – театри шаҳри Конибодом ҳамчун актриса ба кор қабул шуда, то инҷониб фаъолияти эҷодӣ мебарам. Як сол пеш аз омадани ман гурӯҳи касбӣ ба театр шомил шуданд, ки дар байни онҳо шавҳари ман Каримҷон Сулаймонов низ буданд. Ҳамин тариқ қисмати ман низ дар ин театр ҳал шуд. Азбаски мо ҳамкасб ҳастем, бо як ғамхории хосса нисбати якдигар зиёда аз 40 сол бо ҳам мебошем. Хушбахтона, дар тӯли фаъолияти 44 солаи худ дар ин театр хеле нақшҳои ҷолибро офаридам. Ба монанди нақши Ҷулетта аз шоҳасари Шекспир “Ромео ва Ҷулетта” бо таҳияи Тоҳир Баҳромов, хатмкунандаи ГИТИС, ки барои ман хеле хушбахтовар буд. Ҳамин тариқ ман сеюмин Ҷулетта, баъди София Туйбоева, Хайрӣ Назарова будам. Аз соли 2012-15 роҳбари театр будам. Соли оянда с. 2025 “Парасту” мешавад, орзу дорам, ки ба он як намоиши хуберо омода кунем. Маъмурияти театр тасмин гирифт, ки дар назди театр боз аз нав студияи актёрони навраси шаҳр таъсис дода шавад. Баъди кастинге, ки барои хонандагони мактаб эълон кардаем, беҳтаринҳояшонро интихоб кардем. Онҳо баъди дарсашон омада, дар ҳамин ҷо, дар студияи назди театрӣ маҳорати саҳнаро ёд гирифта истодаанд.
Дар сафари хидматӣ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки доштам, бо вазъи кунунии театри мусиқӣ-драмавӣ ошно шудам. Ростӣ, кори ҳунармандони ҷавон манро дар ҳайрат гузошт. Онҳо ташнаи санъати воло буда, дар тай кардани ин роҳи пурталотум талоши зиёд карда истодаанд. Ба онҳо дар ин ҷода фақат муваффақиятҳои боз ҳам беназир хоҳонем.
Саида Рустамова,
мусиқишинос мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ -ПИТФИ (Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот)