Сафари имсолаи мо ба куҳандиёри суғднишини Яғноб таасуроти хубу некеро ба мо ато кард. Дар ин сафар суҳбати мо бо бобои Қурбон Идиев аз деҳаи Думзайи водии Яғноб атрофи номвожаҳои суғдие, ки аз қадимулайём дар минтақаҳои гуногуни Зарафшон ва дигар маконҳои таърихи истифода мешавад, муфассалу доманадор сурат гирифт.
Ҳудуди асосии густариши забони суғдӣ дар замони кадим ба шарқ, аз Суғд ба Панҷрӯд ва водиҳои Туркистони Чин доман паҳн карда буд. Суғдиён дар ин ҷойҳо қофилаҳои бозоргоние ба унвони “Роҳи бузурги абрешим” ташкил намуда, қисми шарқи баҳри миёназаминро ба Чин ва шарқро бо ғарб пайваст менамуданд. Дар асрҳои чору даҳ (IV-X) дар қаламраву минтақаҳои бузурги дунё ривоҷу равнақ пайдо кардани забони суғдӣ ва рушду нумӯъи ин забони қадимтарину овозадори ҷаҳон дар он солу қарнҳо, ба пайдоиши лаҳҷаву гӯишҳои зиёди забони суғдӣ аҳамияти таърихиву эътибори калони умумибашарӣ пайдо мекард. Бо гузашти садсолаҳо забони асосиву корбарии тиҷоратӣ ва савдои ҷаҳонӣ ба вижа дар Осиёи Миёна забони суғдӣ ба шумор мерафт, ки нуфузи беандоза зиёдеро касб карда буд. Аз ин хотир, забони суғдӣ дар шумори забонҳои байналхалқи эътибори баланд пайдо карда, ҳатто ба дигар забонҳои дунё таъсир расонидааст. Масалан мо имрӯз дар сари вожаи Фон, ки ағлоби мардум баромаду пайдоиши онро аз забони русӣ медонанд, истода мегузорем. Ин вожаномаи софу покизаи забони суғдӣ буда, аз забони куҳан бо воситаи Роҳи бузургӣ абрешим ба дигар забонҳо, аз ҷумла ба забони русҳо гузаштааст.
Дур намеравад, дар водии Зарафшон маконе ба номи Фондарё вуҷуд дорад, ки далели вожаи суғдӣ будани он мебошад. Маънои ин калима овози дарё ё дарёи пурталотум буда, мувофиқи мн маъно агар ба макони ҷойгиршавии Фондарё аҳамият диҳем, дар ҳамон минтақа овози дарё баланд мешавад ва дарёи Яғноб номи худро ба Фондарё иваз мекунад. Бобои Қурбон Идиев таъкид менамояд, ки маънои аслии фон дарёи пурсадо, руди овозадор аст. Дар ҳамин минтақа деҳаи Такфон вуҷуд дорад, ки маънои он ҳам таки поён яъне овоз буда овози поён ва садо аз поёнро маънидод менамояд. Дар худи водии Яғноб ҳам вожаномаҳои таърихии бо фон мавҷуд буду ҳаст. Масалан вақте, ки аз деҳаи Ғилинг мегузарем, як роҳи дароз аз пеш мебарояд, ки номашро Шахтифон мегӯянд. Маънои аслии ин ном бо забони суғдӣ овози шохҳо мебошад.
Дар Яғноб инчунин макони Ғартфон мавҷуд аст, ки маънояш овози куҳҳо мебошад ва ду дарёи Яғноб як шуда, ба дохили ду куҳи Даҳана сарозер мешавад. Дар ҳақиқат агар ба гуфтаи бобои Қурбон Идиеви 80 сола диққат диҳем, аз қадим шахҳову куҳҳо овозу садо доштаанд, ки инро шоирони классикии мо дар осори гаронбаҳояшон иникос кардаанд.
Магу нохуш, ки посух нохуш ояд,
Бе кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
Мурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки ба гуфти бобои Қурбон вожаи “Фон” соф калимаи забони суғдӣ буда, ба забони русҳо шомил шудааст ва онро дар магнитофон, телефон соксафон ва дигар асбобҳои овозӣ, номгузори карданд.
СУҒДМЕҲР