Дастуру ҳидоятҳои раҳнамо

Бахши маорифи шаҳри Левакант бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро дар соли таҳсили 2020 -2021 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, саъйи бештар ба он равона доштааст, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми арзанда гузорад. Дар ин росто дар аксари кулли муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд. Ин аст ки дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26. 01. 2021) дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештаре додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

Нишондодҳои умумӣ

Бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дорои 16 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ  ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ буда, дар маҷмуъ 12789 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 766 нафар омӯзгор (аз ҷумла 491 нафар зан) кору фаъолият менамоянд, ки 558 нафар бо маълумоти олӣ, 167 нафар бо маълумоти миёнаи омӯзгорӣ ва 41 нафар аз сабаби дар муассисаҳои олӣ таҳсил намуданашон бо маълумоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани маъракаи таблиғу фаҳмондадиҳии дуруст ҷиҳати дохил шудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 740 нафар хатмкунанда 726 нафар дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузаштанд, ки ин 97,8%  – ро ташкил медиҳад. Дар ин замина 595  нафар  хатмкунанда  (аз онҳо 234 нафар духтарон) тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  дохил шудаанд.

Сатҳу сифати таълиму тарбия

Муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи асосиро мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия равона месозанд. Дар бахши сифатан пурмаҳсул гузаронидани нақшаи таълимӣ ва иҷрои фармоишоту нақшаи чорабиниҳои дар ин ҷода таҳия ва тасдиқшуда ҳам дар муассисаҳои соҳа ва ҳам дар бахши маорифи шаҳр тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имкониятҳо мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмо ва бозиҳои шавқовари “Офарин” ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар”, “Сипар”, “Шафақ”, мусобиқаи “Тирпарронӣ”, байни хонандагони синфҳои 10 – 11-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд. Иштироки хонандагону омӯзгорон дар Рӯзи дави миллӣ ва мусобиқаҳои шаҳрии варзишӣ қобили зикр аст.

Гузашта аз ин, дар давоми соли сипарӣ, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Иди Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли Нави мелодӣ озмунҳои  “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастурхони наврӯзӣ”, “Беҳтарин омодакунандаи таъомҳои миллӣ”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Тоҷикистон – кишвари азизи ман”,  “Рӯдакихонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Фарзонахонӣ”, Техникони наврас, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Донандагони беҳтарини Конститутсия”, “Хониши бадеӣ”, “Беҳтарин хушнавис” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Омӯзгор дар таътил ҳам фориғ нест

Азбаски дар давраи таътили зимистона баргузории “Олимпиадаи вилоятӣ” барои хонандагони синфҳои 10 ва 11-ум шуда гузашт, биноан дар муассисаҳои таълимии шаҳр  ҳамаи маҳфилҳои фаннӣ фаъолият намуданд. Ҳамчунин, дар литсейҳои давлатии №1 ва №2 ҳамаи маҳфилҳои фаннӣ  фаъолона амал намуда, дар баробари ин, дар  МТМУ №1, 2 ва 14 низ машғулиятҳои иловагӣ  пурра ба  роҳ  монда  шуда буданд.

Дар баробари ин, кормандони соҳа аз китобхонаҳои муассисаҳо дидан намуда, бо тавсияи худ хонандагонро ба мутолиаи осори бадеӣ ва омодагӣ ба олимпиадаву озмунҳои шаҳрӣ сафарбар намуданд, то тайёрии пухта бинанд. Ин аст, ки дар давоми таътили зимистона ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимии №8 хонандагонро даъват намуда, бо онҳо маҳфилҳои фанниро гузаронид ва бисёре аз хонандагони  муассиса  дар китобхонаи  муассиса ба таъмири  китобҳо ва хондани асарҳои бадеӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин росто дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар МТМУ №2, №7 ва №6 семинарҳои доимоамалкунандаи омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимиро гузаронида шуд, ки дар онҳо омӯзгорони ҷавони забонҳои русӣ ва англисӣ иштирок намуда, аз он камбудиҳое, ки дар муассисаҳо дар бораи омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷой доранд, сӯҳбат ва таҳлил намуданд. Он омӯзгорони ҷавоне, ки дар семинар иштирок доштанд, ба онҳо ёрии методӣ расонида шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бахши маорифи шаҳри Левакант бо мақсади дарёфти омӯзгорони эҷодкор ва навовар аз фанҳои дақиқ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тайёрии ҷиддӣ дидаву дар ин самт корҳои назариявию амалиро идома дода истодааст. Ҷиҳати чораҷӯӣ тайи се моҳи соли равон се маротиба  семинари омӯзгорони фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар озмуни бо иштироки омӯзгорони фанҳои дақиқи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузоршуда омӯзгори фанни риёзии МТМУ №8 Бобоқулов Маҳмуд сазовори ҷойи 1-ум, омӯзгори фанни физикаи Литсейи давлатии №2 Ҷойлобов Файзалӣ сазовори ҷойи 2-юм ва омӯзгори фанни географияи МТМУ №2 Худойназарова Насиба сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дархости ин омӯзгорони ғолибомада ба МДРИ-и вилоят фиристода шуд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи “Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус барои соли 2021” аз ҳисоби кормандони бахши маориф, шахсони роҳбарикунанда ва омӯзгорони фаннӣ ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бояд, ки дар 192 курси омӯзишӣ 131 нафар шунавандагон фиристонида шаванд. Аз моҳи январ то имрӯз аз ҳисоби омӯзгорони фанҳои дақиқ, аллакай, бахши маориф 9 нафарро ба курсҳои бозомӯзӣ равон намуд.

Инчунин, дар давоми се моҳи соли равон бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорони фанҳои дақиқ семинарҳои доимоамалкунандаро доир гардид, ки мақсад аз гузаронидани семинарҳо расонидани ёрии методӣ ба муассиса ва таҷрибаивазкунии омӯзгорон буда, шинос намудан бо навгониҳои фанҳо мебошад. Иштирокчиёни семинар дар дарсҳои кушоди омӯзгорони пуртаҷрибаи муассисаҳо иштирок намуда, ба ҳуҷҷатдории онҳо шинос шуда, маҳорати касбии худро баланд бардоштанд.

Дар баробари ин, санаи 9-уми январи соли равон дар муассисаи таълимии №2 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати тахассуси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини иттиҳодияҳои методӣ бо ҳуҷҷатҳои таълимию барномавӣ, таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар ҷараёни таълиму тарбия, инкишофи эҷодкории омӯзгорон, такмил додани мазмун, шакл, усулҳо ва воситаҳои таълим, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ семинар – машварати дастурдиҳӣ ба роҳбарони иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҳамзамон, санаи 27-уми январ дар муассисаи таълимии №1 дарси кушод ва соати  тарбиявӣ дар мавзӯи “Ватанамро дӯст медорам” ва рӯзи 29-уми январ семинари омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таълимии №2 гузаронида шуд.

 Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф дар давоми се моҳи соли 2021 тибқи нақша-чорабинии тартибдодаи муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон амал намуда, дар давраи таътили зимистона байни аъзои маҳфили “Мусаввирон” ва “Шоҳмот” дар мавзӯи “Фосилаи иҷтимоиро риоя намоед” викторина гузаронид, ки дар натиҷа дастаи “Мусаввирон” ғолиб дониста шуд. Ҳамчунин, дар ин даврамиёни аъзои маҳфилҳои “Гулдӯзӣ”, “Чакандӯзӣ” ва “Бофандагӣ” озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” гузаронида шуд, ки аъзои маҳфили “Чакандӯзӣ” Шарифова Моҳира ғолиб эълон гардид.

Ҳамин тариқ, дар озмуни “Рассоми беҳтарин” дар мавзӯи “Зимистон аз нигоҳи кӯдак” Зоирова Омина ва зимни гузарондани бозиҳои шавқовари варзишӣ байни аъзоёни маҳфили “Шоҳмот” Абдуллоев Д. пешсаф эътироф шуданд.

Ҳамин тариқ, дар озмуни “Иншои беҳтарин” зери мавзӯи “Риояи тарзи ҳаёти солим – гарави  саломатии шумо” Атаҷанова Мавлуда, хонандаи Литсейи давлатии №2, ғолиб дониста шуд.

Ба ин минвол санаи 30 январи соли ҷорӣ семинар-машварати доимоамалкунандаи маркази таҳсилот дар МТМУ №13, таҳти унвони “Роҳу усулҳои ба мактаб ҷалб намудани хонандагони душвортарбия” шуда гузашт. Дар ин семинар роҳбарони созмонҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Ҳамчунин, рӯзи 12 март бо иштироки хонандагони  муассисаҳои таълимӣ, ки дар  даври  мактабии  озмун  ғолиб  баромада буданд, даври шаҳрии озмуни “Маликаи Наврӯз” баргузор гашт ва хонандаи синфи 10-и  МТМУ №4 Қурбонова Сафармоҳ фаъолияти аз ҳама беҳтар ба намоиш гузошта, ғолиб омад ва бо тӯҳфаю ифтихорномаи бахши маориф  сарфароз гардонида шуда, ба  даври  вилоятӣ роҳхат гирифт. Мавсуф дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ин давра ба роҳбарони созмони хонандагони муассисаҳои №1,3,14 ёрии методӣ расонда шуд.

 Ҷилои  истеъдодҳо

Бо мусоидати Маркази дарёфт ва рушди  истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳри Левакант аз 2.01.2021 то 09.01.2021 даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 дар байни 14 шаҳру ноҳияҳои    минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гузаронида шуд. Мақсад аз баргузор намудани  олимпиада дарёфт ва рушди хонандагоне мебошад, ки инкишофи  зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти  илмӣ – таҳкиқотӣ  нигаронида  шудааст ва инчунин бедор намудани  шавқу ҳаваси хонандагони муассиаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳкиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ, шиносоии бештари хонандагон ба дастовардҳои нави илмҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил, ҷалби хонандагон ба ҳаракати олимпӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  мебошад.

Ҳамин тариқ, дар олимпиадаи минтақавӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ маҷмуан хонандагони болаёқати шаҳри Левакант ба натиҷаҳои умедворкунанда ноил гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки мутаносибан ба сари ҳар муассисаи таълимӣ чунин аст: Литсейи давлатии №1 –  5  роҳхат, Литсейи давлатии №2   – 2 роҳхат ва 1 ифтихорӣ, МТМУ №1  – 1  роҳхат, МТМУ №2 -3 роҳхат, МТМУ №4 – 3 роҳхат, МТМУ №9 – 1 роҳхат, МТМУ №11 – 1 роҳхат ва МТМУ №14 низ 1 роҳхатро соҳиб шуданд.

Ба ин минвол, дар даври вилоятии олимпиада Гадоев Эҳсон – хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1 шаҳри Левакант бо гирифтани 74 хол аз фанни технологияи иттиолотӣ, Асадуллоева Умеда – хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №2 бо гирифтани 82  хол  аз фанни забон ва адабиёти  тоҷик ва Бобоев Тимур – хонандаи синфи 10-и МТМУ №2 бо гирифтани 61 хол аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи сеюм гардида, соҳиби ифтихорнома ва медали биринҷии Маркази дарёфт ва рушди  истеъдодҳои  вилояти  Хатлон гардиданд.

Боиси сарафрозист, ки дар даври вилоятии Олимпиадаи  наврасон низ толибилмони шаҳри Левакант иштироки фаъолона намуданд. Натиҷаи ҷамъбастии  олимпиадаи  вилоятӣ миёни хонандагони синфҳои 5-8-11 нишон дод, ки муҳассилини шаҳри Левакант дар умум аз даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ соҳиби 4 медали тилло ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд, ки ин натиҷа умедворкунанда мебошад.

Нахли сабзи умедҳо

Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Ашуров Ниёзалӣ Ҳоҷиевич бо пешниҳоди ин нишондодҳои натиҷавии соҳа чунин изҳори умед кард:

– Мо кормандони Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Левакант саъю кӯшиш менамоем, ки кору фаъолияти худро минбаъд низ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахши маорифи шаҳри Левакант ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани онҳо ва ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон ба таври шоиста фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи пурсамару, фарогиру шоистаи насли наврас, тозакору ояндасоз комёб бошем ва баҳри қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии кӯдакону наврасон тамоми маҳорату ғайрат ва донишамонро истифода намоем.

Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь