Истиқлолият бузургтарин ормон ва муқаддастарин дастоварди мардуми тоҷик аст, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва торафт нашъунамо ёфта, дар инкишоф аст.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар гӯшаю канори мамлакати биҳиштосоямон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон ҳамовозии гарму ҷушон оварда, баҳри иҷроиши он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Чанде қабл бо сафари корӣ ба Панҷакенти бостонӣ ворид гардидам. Сарварии шаҳрро яке аз фарзандони содиқи миллат, иҷрокунандаи дастуру супоришҳои Президент, марди ҳалиму хоксор, қадрдону кордон Ислом Зиёзода ба уҳда дорад. Дар васфи номбурда суханҳои нек гуфта, ёрию дастгирии ӯро мардум ҳамеша ҳис мекунанд.
Шаҳри Панҷакент дар ҳамсоягӣ бо шаҳри Самарқанд ҷойгир шуда, торафт ободу зебо гардида истодааст. Диққати бинандаро мавзеъҳои таърихии он ба худ ҷалб мекунанд. Зери роҳбарии раиси шаҳр омӯзиши Паёми Пешвои миллат дар ҳамаи деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Ба хотири «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақша – чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст. Симои шаҳр ва деҳоти он ба куллӣ тағйир ёфта, дараҷаи зист ва некуаҳволии мардум хело пеш рафтааст. Баҳри бо мардум аз наздик ошно гаштан, ҳар ҳафта рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад, ки дар он ҳоҷатмандон иштирок карда, фикру мулоҳиза, дархост ва пешниҳодҳои худро ба раиси шаҳр изҳор менамоянд. Хушбахтона, мо дар рӯзе ба МИҲД-и шаҳр ворид шудем, ки қабули шаҳрвандон амалӣ мегашт. Ҳамаи масъулони ташкилотҳои лозимаро раиси шаҳр дар толори махсус гирд оварда, ҳоҷатмандонро қабул мекард. Рафти қабулро хеле назорат карда, ҳис намудам, ки дар ҳақиқат тартиботи махсус ҷой дошта, арзи мардум пурсида мешавад ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода мешудааст. Инро аз қаноатмандии ҳоҷатмандон ҳис карда, бори дигар ба масъулони соҳа, хусусан раиси шаҳр аҳсан хондам. Ҳоҷатмандон пешакӣ аз тарафи масъулон ба қайд гирифта шуда, мақсадашон дар варақаи махсус навишта мешуд. Сипас, ба қабули раиси шаҳр ҳозир мешуданд, фикрашонро баён намуда, ҷавоби қаноатбахш мегирифтанд.
Ҳангоми вориди толори вохӯрӣ гаштан шоҳиди он шудам, ки раиси шаҳр Ислом Зиёзода бо ниёзмандон чи тавр самимӣ суҳбат мекард. Ба масъулин баҳри иҷроиши дархосту иҷроиши ҳоҷатмандон супоришҳо дода мешуд. Модаре изҳор дошт, ки саробони оилааш маҷруҳ асту ба ӯ ёрии тиббӣ зозим аст. Дарҳол ба сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр, ки дар онҷо ҳузур дошт, супориш дода шуд, то ба маҷруҳи номбурда ёрии тиббии ройгон расонида шавад. Модар изҳори қаноатмандӣ намуда, аз гул-гулшукуфоии ватани азиз ҳарф зада, дар васфи Президенти мамлакат суханҳои нек гуфт. Ҳамаи ҳоҷатмандон бо табъи болида аз вохӯрӣ бо раис қаноатбахш мебаромаданд.
Баҳри амалӣ гардидани нуктаҳои Паёми Президент ва дастуру супоришҳое, ки аз он бармеоянд, ба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода комёбиҳо орзу намуда, умед дорем, ки дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Панҷакенти бостонӣ ва мавзеъҳои сайёҳии он корҳои назаррас ба сомон расонида шаванду деҳаҳои он боз ҳам обод гарданд ва дараҷаи некӯаҳволии мардумаш боло равад.
Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН,
шаҳри Паҷакент