Санаи 22-юми март дар майдони Гулбоғи шаҳри Кӯлоб ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки дар қисмати гулгашти боғ аз тарафи ҷамоатҳову деҳоти шаҳри Кӯлоб дастурхони идонаи «ҳафтсину ҳафтшин»-и Наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт. Чун шаҳри Кулоб бо ҳунармандони чирадасти худ машҳур гардидааст, ҳар як ҳунарманд маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузошта буд. Баъд аз боздид аз дастурхонҳои оросташудаи наврӯзӣ,  сухани ифтитоҳии барномаи фарҳангиро  раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз кард. Зимни суханронӣ, раиси шаҳр аз шукуҳу шаҳомати ҷашни Наврӯз, дар сатҳи ҷаҳони ҷашн гирифтани он, сарсабзу хуррамгардонии шаҳр дар арафаи ид, ибрози андеша кард.

Баъд аз раиси шаҳр, сухани табрикотӣ  ба вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Азими Иброҳим дода шуд. Вазири нақлиёт зимни суханронӣ аз таърихи гузаштаи ҷашни наврӯз  ёдовар шуда аз бурду бохти соҳаи нақлиёти шаҳри Кӯлоб дар солҳои истиқлолият сухан гуфт.

Меҳмони дигари ин ҷашн муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон сухани табрикотиро бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол, оғоз карда аз гузаштаи пурифтихори  ҷашни Наврӯз сухан гуфт.

Дар фарҷоми сухани табрикотии меҳмонон як қатор сипосномаҳо ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ, ба Иброҳимова Гулсумбӣ, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Сино 2, Изатулло Куган, мушовири ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ, ҳамзамон ба Абдуҷаббор Зардиев, Маҷидова Кенҷамо тақдим карда шуд.

Ҳар як минтақа бо урфу одат ва анъанаҳои худ аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Яке аз ин анъанаҳои минтақаи Кӯлобшаҳр ин тақдими шиносномаҳои ақди никоҳ ба навхонадорон мебошад. Пас аз супоридани сипосномаҳо ба соҳибкорон, дар ҳузури ҳозирин  ва бо иштироки раиси шаҳр ва дигар  меҳмонон ба 35 ҷуфт навхонадорон шиносномаи ақди никоҳ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Анъанаи дигар ин хатнасур кардани кудакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд мебошад. Бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар соҳибкорон дар арафаи ҷашни Наврӯз 150 кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷмандро хатнасур карда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

Пас аз супоридани сипосномаҳову тӯҳфаҳои хотиравӣ, барномаи фарҳангӣ оғоз гардид. Барномаи фарҳангиро ҳунармандони шинохта аз ҷумла Гулчеҳра Содиқова, Ҷумахон Сафаров, Ёсамин Давлатова, Зиёвуддини Нурзод, гуруҳи Ғарибшо ва дигар ҳунармандон бо сурудҳои ҷаззобу шуниданиашон хотири ҳозиринро шод гардониданд. Кормандони қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо сароидани суруди «суманак» ва рақсҳову саҳнаҳои ҷолибашон хотири ҳозиринро хуш намуданд. Яке аз анъанаҳои қадимаи минтақаи Кӯлоб ки то ҳанӯз маҳбубияти худро гум накардааст, гӯштини миллӣ мебошад. Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ дар саҳни майдон гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоми раиси шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Паҳлавонон аз ҳама манотиқи ҷумҳури иштирок карда қуваозмоӣ намуданд, ва беҳтаринҳо соҳиби шоҳҷоиза, 2 автомобили сабукрав ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гардиданд.

Яке аз мушкили асосие, ки дар чорабинии наврӯзии имсола чун хор ба чашм мехалид, маданияти тамошобинон, сокинони шаҳр буд. Новобаста аз он ки чорабинӣ мерафт, сокинон рафту омади зиёд доштанд, аз ҷой бархоста пеши ҳамдигарро мегирифтанд, ҳатто баъзе кӯдакон дар як даст оби газдору дар дасти дигар бастаи донаҳои офтобпараст дар байни мардум гашта ба фурӯш машғул буданд. Қисме аз тамошобинон дар рафти чорабинӣ саҳнаро тарк карда, тамошои нафарони дигарро халалдор мекарданд. Чун барнома анҷом ёфт, раиси шаҳр аз ҷой бархоста, хост бори дигар сокинонро ба ҷашни Наврӯз табрик намояд. Аммо тамошобинон пеш аз меҳмонон саҳнаро тарк карда буданд…

Розиқзода Гулбаҳор, Кӯлоб, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь