Дар робита ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018-ум аз тарафи Пешвои муазами милат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 августи соли 2018 мардуми ҳунарманди ноҳияи Мастчоҳ дар гулгаштҳои  Қалъаи Хуҷанд намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро баргузор карданд.

Сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз ин намоишгоҳ таассуроти нек бардоштанд ва ба барпокунандагони он таҳсину офарин гуфтанд.

Дар намоишгоҳ консерти ҳунармандони мумтози ноҳияи Мастчоҳ ба сокинону меҳмонони шаҳри Хӯҷанди бостонӣ пешниҳод карда шуд, ки хотирмону бошукӯҳ буд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь