Мушкили замин ва истифодабарии он имрӯз яке аз проблемаҳои рақами аввали ҷумҳурӣ шудааст. Ҳамарӯза аз ҳисоботҳои мақомоти дахлдор огаҳӣ пайдо менамоем, ки дар ин ва ё он манотиқи кишвар шахсоне, ки ба фурӯши замин ё тиҷорати он чун моли бобоӣ даст мезананд, дастгир мешаванду баъдан бо ҳукми зинаҳои гуногуни судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷазо мегиранд.
Давоми чанд соли охир аз деҳаи Зебони шаҳри Панҷакент гурӯҳи ашхос, ки аз як оила будаанд, тамоми заминҳо, иншооти ёрирасон, техникаю таҷҳизот, фермаҳои чорвопарварӣ, ҳатто клубу бунгоҳи тиббӣ ва музейи арбоби давлатӣ Чинор Имомовро соҳибӣ кардаанд.
Онҳо имрӯз ҳатто манзили истиқоматиашонро дар дохили ферма ихтиёр намуда, гузашта аз ин, бар хилофи тамоми меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси замин рафтор намуда, ба номи шахсоне, ки умуман дар Тоҷикистони зебо зиндагӣ наменамоянд ё дар қайди дигар ҷамоатҳои деҳотанд, ҳатто ба номи кӯдакони ноболиғ ва шаҳрвандони давлати дигар чун саҳмдор онҳоро номнавис карда, панҷ хоҷагии деҳқонӣ бо номҳои «Ҳоҷӣ Усмон-1», «Ҳоҷӣ Усмон-2», «Ҳоҷӣ Усмон-3», «Ҳоҷӣ Усмон-4» ва «Бобоҷон» ташкил намудаанд.
Вақте ки оид ба ин масъала дар Кумитаи идораи замини шаҳр, Нозироти андоз, Кумитаи амволи давлатӣ ва ҷамоати деҳот дар мавриди шикоятҳои дурударози мардум пурсон шудем, ҳамагӣ оид ба ин масъала тарафдори мардум будани худро иброз намуданд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи идораи замин Ғайрат Низомӣ иброз намуд, ки «чанд нафар бародарон бар хилофи меъёрҳои ҳифзшавандаи қонун рафтор намуда, қариб ҳамаи заминҳои обӣ ва боғоту чарогоҳҳои деҳаи Зебонро аз худ намуда, намегузоранд, ки мардум саҳмияҳои худро соҳибӣ намоянд. Ҳатто кор то ба он дараҷае расидааст, ки дар чанд соли пешин заминҳои ба ном президентиро, ки ба категорияҳои заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон дохил мегарданд ва ҳар як ваҷаби он соҳиб дорад, ба номи яке аз бародарони Ҳусейнов Усмон – Бобоҷонов Бозор, ки дар умраш дар ин хоҷагӣ кор накардаасту соҳиби саҳмия ҳам нест, бо қарор ва протоколҳои қалбакии Ҳусейнов Усмон ҳуҷҷатгузорӣ намуда, бо роҳи фиреб қарор баровардаанд, ки ин як қонуншиканӣ ва ҷинояти ҷанобон Бобоҷоновҳо мебошад. Худи Ҳусейнов Усмон барои заминфурӯшиаш муҷозот шуда, чанд моҳро дар маҳбас паси сар намуда, баъди супоридани ҷаримаи сангин аз маҳбас озод шуда бошад ҳам, гарчанде «аз асп фаромада бошад ҳам, пойи худро аз узангу намехоҳад барорад». Яъне, шикоятҳои бешумори мардум ба он далолат мекунанд, ки ҳоло ҳам ин нафар аз кирдорҳои худ даст накашидааст. Саҳми заминро, ки ҳаққи ҳалоли мардуми заҳматкаш мебошад, ба онҳо надода, бо баҳонаҳои гуногун ва роҳҳои сохтакорӣ мехоҳад аз худ намояд. Мо – кормандони Кумитаи идораи замин намегузорем чунин нафарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд».
Мувофиқи иттилои бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент, дар вақти таҷдиди кооперативи истеҳсолии «Исмоили Сомонӣ-3», ки раисии онро Ҳусейнов Усмон ба ӯҳда дошт, муқаррароти банди 3-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти кишоварзӣ», ки дар асоси ин фармон амволи ба соҳаи фарҳанг, тандурустӣ ва маориф тааллуқдоштаи дар ҳудудҳои маъмурии объектҳои таҷдидшаванда мавҷудбуда бояд ба идораҳои шаҳрии ин объектҳо супорида мешуд, вайрон шуда, ҷанобон Бобоҷоновҳо ин объектҳои фарҳангию тандурустиро, ки дар ҳудуди хоҷагии «Исмоили Сомонӣ 3» қарор дошт, аз худ намудаанд. Бинобар ин, дар асоси мактуби шӯъбаи фарҳанги ноҳия қарори 194 ба тавсиб расид, ки мувофиқи ин қарор қисми зиёди объектҳои фарҳангӣ ба ихтиёри шӯъбаи фарҳанг гузаронида шуд, аз ҷумла клуби деҳаи Зебон.
Гарчанде то 12-уми сентябри соли 2013 қарзи кооперативи истеҳсолии «Исмоили Сомонӣ-3» дар назди мақомоти андоз 68 ҳазору 139 сомониро ташкил намояд ҳам, ҷаноби Ҳусейнов маҳз қарори аз тарафи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми сентябри соли 2013 ба имзо расидаро асос намуда, бо роҳи шиносбозию тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 30-юми июни соли 2015 санад тартиб дода, клуби деҳаи Зебонро ба номи Бобоҷонов Умар, ки бародари калонии Ҳусейнов Усмон мебошад, санад барои фурӯш тартиб додааст. Ҳол он ки, дар асоси Қонун «Дар бораи амволи давлатӣ» на камтар аз ду моҳ пеш аз фурӯхтани амволи давлатӣ рӯйхати чунин амволи фурӯхташаванда бояд ба маърази мардум дар матбуот нашр карда шавад. Кулли мардум дар музояда иштирок намуда, метавонистанд бо нархи чанд маротиба болотар ин объектҳоро харидорӣ намоянд. Вале кор тамоман ранги дигар гирифтааст, ки бар хилофи меъёрҳои қонун дар бораи фурӯши амволи давлатӣ мебошад.
Дар асоси аризаи Бобоев Амин, сокини деҳаи Зебон, «тамоми замин, об, ҷангалу боғотро ҷаноби Ҳусейнов Усмон бо бародарон ва дигар хешу табору наздиконаш аз худ намуда, намегузоранд, ки мардум дар заминҳои ба худашон тааллуқдошта корҳои деҳқонӣ намуда, зиндагии худро пеш баранд. Ин ҷанобон тамоми техникаю таҷҳизоти хоҷагии қишлоқро фурӯхта, чорво ва фермаҳои молиро аз худ намуда, ҳатто бочкаҳои оҳании ғунҷоишашон 25-ҳазорлитраро фурӯхтаву як қисми ферма ва бунгоҳи тиббиро тахриб намуда бошанд ҳам, касе ба онҳо ҳайфи ту гуфтанро фаромӯш мекунад ва агар касе чизе гуфта бошад ҳам, шояд «монда нашавед!» гуфта бошад. Агар чунин нест, пас чаро заминҳои президентӣ ё ин ки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасонро, ки онро Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди зиндагӣ ба ниёзмандону камбағалон додааст, ин ҷанобон аз худ намуда, аммо касе чизе намегӯяд? Ё заминҳои мавзеи мо, ки пурра обиянд, чаро аз дасти ин ҷанобон оҳиста-оҳиста фурӯхта мешаванду касе Ҳоҷӣ Усмон ва бародаронашро барои ин муҷозот наменамояд ё пеши роҳашро намегирад? Ин ҷанобон намегузоранд, ки касе дар онҳо кишт намояд. Ҳол он ки, дурнамои кишти картошкаи шаҳри Панҷакент, дар асоси шунидаҳоямон, ҳатто иҷро нашудааст.».
Мувофиқи иттилои Юнусов Соҳибҷон, ки собиқадори сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, «оилаи Бобоҷоновҳо, ки ҳар яке аз 2 то 5 гектар заминро аз худ намудаанду қисми зиёдашон бошандаи деҳаи Зебон ё шаҳри Панҷакент нестанд, танҳо бо мақсади тиҷорат, яъне фурӯши замин онро аз худ намудаанд. Аз чӣ бошад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба муроҷиатҳои чандиндафъаинаи сокинони деҳа ва деҳқонон эътиборе намедиҳанд».
Аз рӯи суханони раиси ҷамоат Тӯхтаев Эркинҷон, «ба номи Бобоҷонов Бозор, Бобоҷонов Ҷаҳонгир, Бобоҷонов Умар, Бобоҷонов Ҷовид ва Бобоҷонова Бунафша дар масоҳатҳои аз як гектар боло замин ҷудо карда шудааст, ки ин заминҳо заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон (президентӣ) мебошанд, ки ин ҷанобон ҳуқуқи гирифтан надоранд. Гарчанде кулли заминҳою боғоти хоҷагиро онҳо аз худ намуда бошанд ҳам, имсол ду қуттӣ кирмакеро, ки мо ба онҳо додем, се дафъа мо бурдему онҳо оварда дар идораи ҷамоат партофта рафтаанд. Аз рӯи шикояти мардум, онҳо боғоту обро ҳам пурра соҳибӣ кардаанд ва мардумро намегузоранд, ки зироати бо арақи ҷабин кишт кардаашонро обёрӣ намоянд. Дар корҳои ободонӣ бошад, пурра худро ақиб кашида, ақаллан як метр роҳро на таъмир кардаанд, на мардуми камбизоатро дастгирӣ».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе – Панҷакент – Душанбе
P.S. Талошҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои бо роҳи мусолиҳа ҳал кардани ин моҷаро барабас рафт. Мавод муддати тӯлонӣ дар редаксия буд, аз ҷонибҳо хоҳиш карда шуд, то бо роҳи мусолиҳа баҳсро ҳал кунанд, вале афсӯс… 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь