Занҳои танҳомондаи муҳоҷирон саробон мехоҳанд, мақомот орду равған медиҳанд. Занҳое, ки бо кӯдакони ноболиғашон дар деҳот танҳо мондаанд, аз ҳузур надоштани мардон дар хона, тарси шабона, беҳимоятӣ ва бе отифа мондани фарзандҳояшон шикоят доранд.

“Аз танҳои метарсам!”

Дар як ҳавлии бедеворе дар канори деҳаи Зарнисори ноҳияи Дӯстӣ Нигора Хоҷаева – яке аз чунин хонаводаҳо бо се фарзанди ноболиғ ва модари шавҳараш зиндагӣ мекунанд. “Шабу нимшаб дар торикӣ тарс дорем, махсусан дар зимистон. Болои ин духтаронам калон шудаанд, метарсам, ки бадмасту бероҳае ба қасди дастдарозӣ ба номуси мо вориди хона шавад. Хонаи бемардина мушкилии зиёд дорад”, – гуфт Нигора.

Натанҳо шабҳои торик, балки анҷоми кори вазнини хона, шикастани ҳезум, канду кишти замин, ба дӯши ӯ сангинӣ мекунанд. Нигора 23 сол пеш замоне, ки 17 сол дошт, издивоҷ кард.

“Шавҳарамро дубора зиндонӣ карданд”

“- Дар солҳои авали издивоҷ мо зиндагии хуб доштем, аз ҳар ҷиҳат таъмин будем”, – илова кард Нигора. Соли 2002 шавҳари Нигора дар муҳоҷират, дар Русия бори аввал зиндонӣ шуд. Вай соли 2007 озод шуду ба хона баргашт. Хонаи нав сохт. Нигора то соли 2013 се духтар таваллуд мекунад. Шавҳари Нигора соли 2013 дар Русия дубора зиндонӣ шудааст. Хонаводааш намедонанд, ки ӯро бо чӣ ҷурме ва барои чанд сол зиндонӣ кардаанд.

“- Шавҳарам 14 рӯз пеш аз таваллуди фарзанди сеюм ба муҳоҷират рафт ва онҷо зиндонӣ шуд. Гоҳ-гоҳе тариқи телефон суҳбат мекунем. Духтари хурдӣ, ки падарашро надидааст, аз ӯ мепурсад, ки падараш кай меояд. Падараш солҳои пеш ваъда мекард, ки мактабхон шавад, меояд. Ҳоло духтарам мепурсад, ки “ман мактабхон шудам, синфи се мехонам, кай меоӣ?”. Падарш ваъдаҳои нав медиҳад”, – ба ҳастарт нақл мекунад Нигора.

Дурии падари кӯдакон, танҳоии занҳо мушкилоти дигареро дар ин хонавода ба бор овардааст. Кори вазнини саҳрову хона, таъмини моддиёти хонавода бар дӯши занҳост.

Хонаи бе мард мушкил аст

“- Бо фурӯши бодому чормағзе, ки дар замини наздиҳалигиамон дорем, либоси мактабии кӯдаконро харидем. Соли пеш аз пахтачинӣ 1000 сомонӣ даромад кардем. Як қисми онро барои табобати худам харҷ кардам”, – гуфт ин сокини Дӯстӣ.

Даромад аз фурӯши бодому чормағз ва пахтачинӣ мавсимӣ аст. Дар ҳолатҳои дигар хушдоманаш барои таъмини набераҳо аз хешовандону дӯстон сару либоси истифодашударо ҷамъоварӣ мекунад. Ин хонавода расман камбизоат сабт шудааст. Аз ин ҳисоб чанд маротиба орду равған ва миқдоре кӯмакпулӣ дарёфт кардаанд. Нигора гуфт, имтиёзҳое, ки камбизоатӣ барояшон фароҳам кардааст, нокофист.

“- Ҳамсояҳо мегӯянд, ки дар беморхонаҳо ба камбизоатон бояд арзонтар хизматрасонӣ шавад. Ман беморхона меравам, аз ман зиёдтар маблағ мегиранд. Лисбоси мактабии кӯдаконро худамон мехарем. Кӯшиш мекунем, ки кӯдаконамон аз дигарон кам набошанд”, – афзуд Нигора.

Мақомот: Мо то қадари имкон кӯмак мекунем!

Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ гуфт, чунин оилаҳоро бо либоси мактабӣ ва қисман бо китобҳои ройгони таълимӣ таъмин мекунанд. Ҳамчунин дар ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки ба чунин оилаҳо кӯмакҳои моддӣ расонида метавонанду халос.

Кумак ба занҳои муҳоҷир

Мақомот барои чунин хонаводаҳо танҳо кӯмаки моддӣ расонида метавонанд, вале барои кумаки равонӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Ин созмонҳо ба занҳои танҳомонда кумакҳои равоншиносӣ ва тиббӣ мерасонанд.

Сайёра Маҳмадова – корманди ташкилоти ҷамъиятии “Дилафрӯз” дар вилояти Хатлон рӯзи 13 май гуфт, бо ин гуна хонаводаҳо ҳамкорӣ мекунанд. “- Дар се моҳи соли ҷорӣ ба ин ҷамъият 60 зане муроҷиат кард, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, фавтидаанд ё бедарак шудаанд. Мо ба онҳо маслиҳатҳои психологӣ додем ва ба 13 тани онҳо кумаки иҷтимоӣ расонидем”, – гуфт Сайёра.

Абдулфаттоҳ Шафиев, мушовири Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Дустӣ аз ҷониби ин созмон ба 350 нафар занон кумакҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва омӯзишӣ расонида мешавад.

Аз ноумедиҳо басе умед аст

Орзуи Нигораи модари се фарзанд, ки солҳо боз дар зиндагӣ азобу машаққат кашида истодаст, ин аст, ки падари фарзандонаш ҳарчи зудтар озод шуда, ба ватан баргашта хонаводаашро саробонӣ кунад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

Мавлуда Гулова,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь