Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Раҳимов Ҳабибулло Собирович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкашӣ хонандагон мегардад.
Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, оиди баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, инчунин иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ иҷро гардида истодааст.
Иҷрои буҷет
Номбурда тазаккур дод, ки иҷрои буҷет ва саривақт супурдани андозсупорандагон ва инчунин иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,0 фоизро ташкил намуда, ба буҷет 35309501 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 37303760 сомонӣ ё ин ки нисбат ба нақша 1994259 сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи аниқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯйи 8 намуди сарчашмаҳои андоз ба пуррагӣ таъмин гардидааст, аз ҷумла, андоз аз даромад ва фоида 107,0 фоиз, андоз аз моликияти ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 104,0 фоиз, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 110,0 фоиз, андоз тибқи низоми содакардашуда 101,0 фоиз, аксизҳои дохилӣ 101,0 фоиз, андози захираҳои табиӣ 102,0 фоиз, боҷи давлатӣ 110,0 фоиз, пардохтҳои дигари маҳаллӣ ва бақияи фонди роҳ 103,0 фоиз иҷро гардидааст.
Баррасиву таҳлил
Инчунин мавсуф изҳор дошт, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ) қарздорӣ вуҷуд надошта, 86,0 фоизи маблағҳо ба маблағи 46998822 сомонӣ пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунии андозиро дарбар мегирад.
Маблағҳои Фонди захиравии раиси шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯйи нақша 549811 сомониро ташкил дода, 100 фоиз хароҷот гардидааст, ки асосан хароҷоти он бо мақсади кӯмаки молиявии яквақтаина ба шаҳрвандони камбизоат ҷиҳати гузаронидани чорабинии 35-солагии рӯзи интернатсионалистон, гузаштан аз қайди ибтидоии ҳарбии шаҳрвандон равона карда шудааст.
Маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии шаҳр дар ин давра ба маблағи 8202 сомонӣ мавҷуд буда, хароҷот нагардидааст.
Оид ба таҳлили шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ва шумораи воҳидҳои кории кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 8793,5 нафарро ташкил дода, аз он амалкунанда 7892,5 нафар, шумораи воҳидҳои кории холӣ 1 нафар, аз он дар соҳаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ 148 нафар, мудофиа 60 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 66 нафар, маориф 4753 нафар, тандурустӣ 2981 нафар ва дигар соҳаҳо 784,5 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои моддаи 16 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҳисоби барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 бо сабаби мавҷудияти нақшаи тасдиқгардидаи касри буҷет ва пӯшонидани он маблағҳо равона нагардидаанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 7-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2020, №232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии маснунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд” ва мутобиқи банди 12-и Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Кӯлоб ба шумораи 21 нафар гирандагони кӯмакпулӣ, ки мубталои вируси масъунияти одам мебошанд, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 30244 сомонӣ пардохт гардид.
Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самаранок чорабиниҳоеро, ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ