Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар хабарнигори МТЖТ бо сардори он Рустам Шарифзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ” ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар фаъолияи намуда, барпои иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, Шарифзода афзуд, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба маълумоти шумо мерасонад, ки буҷети шаҳри Бохтар дар соли 2024 бо Қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 26 декабри соли 2023, №205 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои даромад ба маблағи 229,2 млн. сомонӣ, аз он ҷумла ҳиссаҷудокуниҳо аз рӯи 3 намуди андозҳо ба буҷети вилоятӣ ба маблағи 80,6 млн сомонӣ, даромадҳои маҳаллӣ ба маблағи 148,6 млн. сомонӣ ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 148,6 млн. сомонӣ қабул карда шудааст.

Мувофиқи ҳисоботҳо дар семоҳаи аввали соли 2024 нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 109 фоиз таъмин гардида. Ба буҷет 7,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 5,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи воридоти андозӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ иҷроиши нақша 107 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 55,0 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 58,0 млн.сомонӣ маблағҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 3,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷет нақшаи ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети вилоятӣ 102 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 107 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 35,7 млн.сомонӣ нақшаи пешбинигардида 38,2 млн.сомонӣ дохил гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 2,5 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Танзим ва захира

Рустам Шарифзода илова кард, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 36,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба маблағи 35,1 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 96 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар соли равон фонди эҳтиётии раиси шаҳр ба маблағи 743,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ бо қарори раиси шаҳр барои нигоҳдории Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, Иттиҳоди собиқадорони башардӯст(афғонистон) 86,3 ҳазор сомонӣ ва барои қадрдонии бонувони фаъоли шаҳр дар Рӯзи модарон 48,4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии шаҳр барои расонидани кумакпулии яквақтаина барои ҳавасмандгардонии кормандони Нозироти андози шаҳр, Раёсати молияи шаҳр ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 81,6 ҳазор сомонӣ ва барои нигоҳдории парвандаҳои судии Суди шаҳр ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ, барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронидани ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба Бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба маблағи 115,1 ҳазор сомонӣ ва ба Муассисаи давлатии чароғонкунию ороишии шаҳр ба маблағи 60,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шарифзода дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳрро дар нимсолаи аввали соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти таъмини уҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь