Майхӯра. Минтақаест, ки зимистони 2017-ум дар он ҷо ҷони чандин нафар зери барфу тарма монд. Ҳарчанд роҳҳо акнун хубанду долонҳо сохта шудаанд, аммо ҳам ронанда ва ҳам мусофири роҳи Душанбе- Чаноқро вазъи ин минтақа ба ташвиш меорад.

Бо ҳамин андеша бо гузаштан аз долони дуюм чашмам ба зане афтод, ки канори роҳ меистод. Ҳайрон шудам, ки дар ин макони бекас ин зан чӣ кор мекунад?. Наздиктар расидем, ки зан танҳо набуд. Чанд қадам дуртар марде дар аробачаи маъюбӣ нишаста буд. Мард дар канори роҳ меистод ва зан аз мошинҳое, ки ба онҳо пул медоданд, маблағро мегирифт.

Ба қавли ронанда инҳо ҳар рӯз бо таксӣ ба ин ҷо меомадаанд ва бегоҳ боз бо таксӣ бармегаштаанд.

– Ба ин далел, ки Майхура яке аз минтақаҳои тармафаро ба ҳисоб мераваду ронандагон бо гузаштан аз ин роҳ дар дил тарс доранд, барои бо хубӣ паси сар кардани ин минтақа омодаанд некие кунанд. Ин марду зан ҳам инро хуб дарк кардаанд ва маҳз ҳамин қитъаи роҳро барои талаби хайру садақа интихоб кардаанд, – шарҳ дод ронанда.

Роҳро идома додему ба худ андешидам, ки сафи чунин одамон зиёд шудааст. Сари ҳар қадам ҳастанд. Кунҷи роҳ, рӯи бетони сард кампир ё муйсафеде бо қомати хамида, зане дар даст тифли навзод, ҷавоне бо сари хам ё имконияти маҳдуд нишаста рӯ ба раҳми роҳгузарон.

Чанде қабл ба як минтақаи шаҳри Ҳисор сафар доштем. Ҳангоми аз байни деҳае гузаштан мардеро дидам, ки назди дарвозае (шояд хонаи худаш буд) нишаста ба талбандагӣ машғул буд.

Ё ҷавонеро медонам, ки новобаста аз шароити хуби оилавӣ доштан дасти худро бардуруғ гаҷ карда аз мардум пул металабид. Пулҳои кор кардаашро дар шартбандиҳо (идораҳои букмекерӣ) сарф мекард.

Шояд аксарият аз маҷбуриву нодорӣ ба ин кор даст зананд, аммо нафароне ҳастанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ пул ба даст оранд.

Шумо ба ин чӣ назар доред?    Сабаби рӯз то рӯз афзоиш ёфтанӣ сафи талбандаҳоро дар чӣ мебинед? Вазнинии рӯзгор? Ночорӣ? Роҳи осони пул кор кардан? Мардумфиребӣ, ё шикасти ғурур?

Бахтиёр Раҳматуллоев,

Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь