Литсейи касбии техники шаҳри Панҷакент яке аз муассисаҳои маъмул ва машҳури ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти таълимиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи маълумоти ибтидои касбӣ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти ибтидои касбии Ҷуҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрию ҳукуқӣ ба роҳ мондааст.   

Литсейи касбии техники шаҳри Панҷакент (собиқ омӯзишгоҳи касбӣ- техники №36 – и шаҳри Панҷакент) нахустин маротиба 15 марти соли 1961 дар базаи стансияҳои машинию тракторӣ (МТС) ташкилшуда, оинномаи талимгоҳ бо фармони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №137 аз 19.10.2014 тасдиқ карда шудааст.  Литсей дорои ду бинои таълимии асосии 2 ошёна, 28 синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳазгардонидашуда, як бинои устохонаи таълимию истеҳсолии 1 ошёна буда, 12 устохонаҳои таълимӣ, як бинои ошхона, толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ мебошад. Бинои хобгоҳ 4 ошёна буда, барои 600 нафар хонанда сохта шудааст.

Литсей дорои иҷозатномаи таҳти №АУ № 000968 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо нишондоди шартҳои махсусбуда, аз аттестатсия ва акредитатсия гузаронида шудааст. Дар айни замон дар литсей 25 нафар омӯзгорон ва 25 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки миёни онҳо1 нафар номзади илм ва 1 нафар аълочии системаи касбӣ техникӣ мебошанд.

 

Ихтисосҳо

Дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Панҷакент аз рӯи аксар касбҳои барои хоҷагии халқ муҳим мутахассис тайёр намуда истодаанд, ки дар бозори меҳнат серталаб аст, аз ҷумла:

1.Кафшергари барқӣ

2.Кафшергари газӣ

3.Ронандаи автомобили тоифаи «С»

4.Чӯбтарошбинокор

5.Системаҳои компютерӣ, интернет ва технология

6.Монтажчии барқӣ оид ба хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ (шартномавӣ)

7.Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ

8.Муҳосиб бо донистани дониши компютерӣ

9.Дӯзанда

Ҳоло дар МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент» беш аз 430 нафар хонандагон таҳсил доранд, ки 310 нафар пас аз хатми синфи 9 ва 100 нафар пас аз хатми синфи 11 дар литсей қабул шудаанд.

 

Фаъолияти кабинетҳои методӣ, дарсҳои кушод ва таҳлили дарсҳо

Хонаи методӣ фаъолияташро дар асоси нақшаи кори литсей ба роҳ монда, дар навбати аввал аз тарафи нигористон ба ҳамаи омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ёрии методӣ расонида мешавад. Роҳнамоӣ ба омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолии ҷавон, иштирок ба дарси омӯзгорон ва таҷрибаивазкунӣ, ташкил намудани дарсҳои кушод, иштироки омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар дарсҳои ҳамдигарӣ аз фаъолияти ҳамешагии раёсати литсей ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҳаматарафа такмил додани дониш ва касбияти омӯзгорон ва муҳассилин дар литсей дар ҷамъбасти шашмоҳа бо пешниҳоди хонаи методӣ дарсҳои кушод аз фанҳои физика, химия ва адабиёту риёзӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо омӯзгорон аз методикаи дарсгузарии омӯзгорони таҷрибадор огоҳ гардида, дониши омӯхтаи худро дар дарсҳои таҷрибавӣ ба хонандагон меомӯзанд. Ба муносибати иди Артиши миллӣ дар литсей викторинаи фанни таърих, ба муносибати иди Наврӯз конференсия аз фанни ҷуғрофия гузаронида шуд, ки хонандагони литсей фаъолона иштирок намуданд

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии барномаи «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва таълими Ҷумҳурии Тоҷикистон, Компоненти ибтидоии касбии давлати Олмон 14 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ аз семинару омӯзишӣ гузашта, аз методу услубҳои нав огоҳ гардидаанд.         

Дар давоми шашмоҳи соли 2018 дар асоси нақшаи ягонаи литсей аз  тарафи омӯзгорони бо таҷриба ва ҷавон 45-адад дарсҳои кушод аз фанҳои химия,  таърих, ҷуғрофия, технологияи иттилоотӣ, фанҳои тахассусии Қоидаи ҳаракат дар роҳ, техникаи барқӣ, масолеҳшиносии барқӣ, забони модарӣ гузаронида шуданд. 

Дар асоси нақшаи литсей соле 4 маротиба мониторинги  азхудкунии хонандагон аз фанҳои умумӣ ва фанҳои тахассуси санҷиш гузаронида мешавад. Мониторинги сифати таълим нишон дод, ки тайи солҳои охир усулҳои таълим ва азхудкунии касбҳо нисбати солҳои пешин нисбатан хуб шуда, омӯзгорон ва хонандагон кӯшиш карда истодаанд, ки фанҳои омӯзонидашавандаро хубтару беҳтар аз худ кунанд.

 

Ҳолати хобгоҳи литсей

Ҳоло дар хобгоҳи Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент беш аз 100 нафар оилаҳои бегона истиқомат дошта танҳо дар 32 ҳуҷра 110 нафар хонандагон зиндагӣ карда истодаанд. Дар бинои хобгоҳ ва ошхонаи литсей таъмири ҷорӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳуҷраҳои хобгоҳҳо бо ҷевон  кӯрпаю болишти нав таҷҳизонида шуда, барои тамошои барномаҳои телевизион ҳуҷраи алоҳида бо лавозимоти лозимӣ ва телевизор муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин дар аввали соли хониш утоқи саршӯӣ (ҳаммом) барои бошандагони хобгоҳ сохта, ба истифода дода шудааст. Мушкили асосӣ дар хобгоҳ ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ кардани оилаҳое мебошад, ки солҳои 90 дар он маскун шудаанд ва дигар нияти баромадан аз хобгоҳро надоранд. Хобгоҳи мазкур барои хонандагон ва омӯзгорон пешбинӣ шуда, зарурияти пурра баргардонидани он ба литсей ба вуҷуд омадааст.

 

Пойгоҳи моддию техникӣ.

Литсей дорои заминаи бои модди-техникӣ мебошад, ки дар омӯзиши касбияти муҳассилин нақши бориз дорад. Технопарки литсей дорои якчанд мошини боркаш, тракторҳои гуногунтамға, дастстгоҳҳои коркарди чӯб,  мошинаҳои дарздӯзии Чайка мебошад, ки аксари онҳо дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, дар дарсҳои таҷрибавӣ хонандагон бевосита бо онҳо кор мекунанд. Синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо асбобҳои лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар литсей инчунин 10 адад компютер, 4 адад принтер, 1 адад проектор, 1адад экран, 1 адад факс мавҷуд аст. Дарсҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бошанд дар комбинати тиллои муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент, шуъбаи алоқаи шаҳри Панҷакент, корхонаи дӯзандагии Нисо, хоҷагиҳои деҳқониии ноҳия, корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла заводи хишт ва корхонаи коркарди тамоку баргузор мегарданд.

 

Китобхона

Китобхонаи таълимгоҳ дорои 5852 адад китоб мебошад, ки аз он 2172 нусхаро китобҳои дарсӣ, 380 нусха китобҳои бадеӣ, 2011 нусха китобҳои техникӣ, 46 нусха китобҳои методӣ ва 15 нусха китобҳои Президенти кишварро ташкил медиҳад.

Аз суҳбат бо роҳбарияти литсей бармеояд, ки на ҳама маводҳои дарсӣ аз қабили китобҳо ва макетҳо дастрас мебошанд ва барои ислоҳи вазъ ва таъмини китобҳо ба мадади Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд. Дар литсей агарчӣ китобу макетҳо ҳастанд вале онҳо  нокифоя мебошанд. 

Роҳбарият ва устодони Литсейи касбии техники шаҳри Панҷакент бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҳама донишу таҷрибаи худро ба тарбияи кадрҳои баландихтисос равона намуда истодаанд.

 

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь