Дар ҳоле, ки мақомот талоши баргардонидани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ доранд, коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд аввал корҳоеро анҷом диҳанд, ки онҳо соҳиби ҷойи кор ва зиндагии хубе баъди бозгашт бошанд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, чандин нафар аз ҳизбу ҳаракатҳои манӯъе мисли “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон баргашта, мақомот онҳоро ба хотири пушаймонӣ авф кардааст, ки ба гуфти худашон зиндагии ором ва бидуни мухолифат ба сиёсатро пеша кардаанд.
Аксари онҳое, ки баргаштаанд ба гуфти ниҳодҳои интизомӣ натиҷаи кори мақомот аст, ки натиҷаи хубе додааст.
Файзуллоҷон Сафарови 32-сола, собиқ фаъоли ҳизби мамнӯъи “Гурӯҳи 24”, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аст. Ӯ моҳи апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашта ва мавриди афв қарор гирифт. Ин ҷавон аз фаъолони ҳизби мамнӯъ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, радиои интернетии Zello бо лақаби “мураббӣ” ва “омӯзгор” фаъолияти сиёсӣ дошта, бар зидди ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон назарҳояшро баён мекард:
Ӯ мегӯяд, “соли 2014 ба ин гурӯҳ пайвастем, ки барои барқарории адолат кор кунем. Барои бардоштани сатҳи дониш дар Тоҷикистон талош кардам, зеро мо як насли нав ҳастем ва аз ин хотир ба “Гурӯҳи 24″ пайвастем. Аз минбаре, ки доштем, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, радио ва сомонаи гурӯҳ истифода бурда, назари худро гуфтем ва даъват кардем. Вақте дар Тоҷикистон моро як гурӯҳи тундгаро унвон карданд, ҳарос ва тарси мо бештар шуд. Аз ин рӯ хонаводаи мо низ зиндагии ороме надоштанд.”
Файзуллоҷон Сафаров пештар дар идораи маориф ва илми ноҳияи Ёвон кор мекард. Ӯ барои такмили ихтисос ба Русия рафт ва аз онҷо ба “Гурӯҳи 24” пайваст. Азбаски ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ элон шуд, ӯ баъдан ба мушкил рӯ ба рӯ шуд.
Ҳоло Файзуллоҷон Сафаров бо ҳамсару ду кӯдак ва падару модараш дар ноҳияи Ёвон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки баъди пушаймонӣ ва тарки “Гурӯҳи 24” мехоҳад, барои огоҳии мардум, аз рӯйи ихтисосаш кор кунад: “Тасмим дорам дар донишгоҳе кор кунам, вале ҳоло расман ҷойи кор надорам ва танҳо бо намояндагони мақомоти интизомӣ барои баргардонидани дигар ҷавонҳо, аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мисли “Гурӯҳи 24” кор мекунам”.
Раҷабгул Заинова, модари Сафаров мегӯяд, ки рӯзҳое, ки акси писарашро дар сафи нафарони дар кофтукоб буда, медид пеши чашмонаш сиёҳ мешуд, вале ҳоло шукрона мекунад, ки писараш баргашта дар озодӣ қарор дорад.
Мақомот мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ хонаводаҳои зиёде тавонистаанд фарзандони замоне дар ҷустуҷӯи пулис будаашонро дигарбора ба канор бигиранд.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳое, ки бо хоҳиши худ аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва мамнӯъ бармегарданд, авф хоҳанд шуд:
“Дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки касе ихтиёрӣ бармегардад, озод карда мешаванд. Рӯзҳои охир бо чанд ҷавон суҳбат доштем, ки онҳо нав ба Тоҷикистон баргаштаанд. Як нафари онҳо аз “Гурӯҳи 24” гуфт, ки пушаймон шуда боз мехоҳад дигарҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Дар назар аст, ки се ё чаҳор нафари дигар аз “Гурӯҳи 24″ бармегарданд, онҳо фарзандони мо ҳастанд, ки иштибоҳ карда, аз кори кардаашон сахт пушаймон шудаанд.”
Аз Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли 2018 16 нафар ихтиёрӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ баргаштаанд, ки 3 нафари онҳо аъзоёни Гурӯҳи 24″ будаанд.
Инҳо сокинони ноҳияи Қубодиён, Ёвон ва шаҳри Бохтар мебошанд, ки ҳоло дар аксар ҷаласаҳо бар зидди терроризму экстремизм суҳбат мекунад ва аз хатои кардаашон ба ҷавонон нақл мекунанд.
Рустами Сафар, таҳлилгар аз вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, вақте талоше барои баргардонии ҷавонони ифротӣ, хусусан онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастаанд сурат мегирад, бояд шароити хуби корӣ барои онҳо фароҳам оварда шавад: “Дар дохили кишвар ҷойи кор бо музди хуб бошад дар ин сурат ҷалби дигари ҷавонон бештар мешавад, вале дар сурати баргардондан, ки шароити хубе дар кишвар пайдо накунанд, шеваи баргардонидан натиҷаи хубе намедиҳад.”
Файзуллоҷон Сафаров мегӯяд, ки ӯ ҳоло тасмим дорад тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дигар ҷавононе, ки ба “Гурӯҳи 24” пайвастаанд ба Тоҷикистон баргардонад ва ба онҳо ваъда додааст, ки мақомот онҳоро баъди пушаймонӣ авф хоҳад кард. “Гурӯҳи 24” созмоне мебошад, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ буда, мақомот аз он чун ҳаракати экстремистӣ ном мебаранд.
Тайи ду моҳи охир ҳадди аққал 7 нафар аз хориҷ шудани худ аз ин гурӯҳ хабар додаанд, ки онҳо Файзуллоҷон Сафаров, Фирӯзшо Лоиқов, Меҳрубон Сатторов ва Оятулло Гиляев мебошанд.
Талоши мақомоти тоҷик барои баргардонидани ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мисли “Гурӯҳи 24″дар ҳолест, ки гуфта мешавад гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ дар дохили кишвар коҳиш ёфтааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ аз Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон 1170 сокини вилоят дар кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд, ки зиёда аз 700 нафари онҳо дар ҷиноятҳое вобаста ба терроризму экстремизм даст доштаанд.
Дар миёни онҳое, ки мақомот дар пайгард қарор додааст, ҳамсарони узви “Давлати исломӣ” ва фарзандони ноболиғи онҳо низ ҳастанд, ки солҳои ахир аз онҳо нишоне нест.
Ясриби Хатлонӣ
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.