Дар Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён 14 сол пеш як деҳа бо номи “Янгиюл-2” таъсис ёфтааст. Дар ин деҳа, ба гуфти масъулон, бештар аз 320 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинони ин деҳа солҳост, ки аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ танқисӣ мекашанд.

Дар рӯзномаи “Фараж” 15-уми августи соли 2023 таҳти унвони “Чор мушкили як деҳа дар Кӯшониён” мавод нашр шуда буд. Аммо бо гузашти як сол ягон мушкили сокинони ин деҳа ҳал нашудааст.

Мудири маориф: Воқеан ин деҳа ба мактаб ниёз дорад

Он замон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Вализода Бобоҷон иттилоъ дода буд, ки дар ин деҳа беш аз 600 хонандаи аз 7-сола то 18-сола буда, 4-5 километр роҳро тай карда, ба дигар мактабҳо мераванд. 400 нафарашон ба мактаби №13 ва 200 нафарашон ба муассисаи таълимии №11-и ноҳия мераванд. Барои рафъи ин мушкил мо ба ҳукумати ноҳия мактуб кардем. Зеро воқеан сокинони он ба муассисаи таълимӣ ниёз доранд.

Собиқ роҳбари Шабакаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯшониён Аҳрор Изатуллоев иттилоъ дода буд, ки дар ин деҳа 327 хоҷагӣ бо шумораи 1 ҳазору 700 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳо воқеан ба бунгоҳи тиббӣ ниёз доранд.

Масъулон оид ба ин масъала чӣ мегӯянд?

Оид ба вазъи ин деҳа сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд аз мавзӯъҳои рӯзмарраи соҳаи маориф буда, ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо деҳаҳои навбунёд батадриҷ зиёд шуда истодаанд. Мушкил дар он аст, ки солҳои қаблӣ мардум худсарона ба он заминҳо рафта манзил бунёд карда буданд ва имрӯз на хати барқ доранд, на бунгоҳ, на муассисаи таълимӣ. Зеро аз замини обӣ ҷудо намудани қитъа барои сохтмон мушкил аст.

“Ин гуна деҳаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳастанд ва ин маълумотҳоро мо дорем. Нисбати ҳар кадоми онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илм пешниҳодҳо мекунем. Кӯшиш мекунем, то дар доираи амалишавии барномаҳое, ки ҳамасола пайдо мешаванд, аз ҷумла грант ва дигар сарчашмаҳои иловагӣ мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила бартараф шаванд” – иброз дошт Ғазалшоҳ Сафарзода.

Дар посухи ин суол сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло иброз дошт, ки “Дар деҳаи Янгиюл дар ҳақиқат эҳтиёҷ ба бунёди бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Мо кӯшиш мекунем, ки то қадри даст додани имконият ягон манбаи маблағгузорӣ ёфта, дар ҳамин мавзеъ бунгоҳи тиббӣ бунёд намоем. Ин ҳам дар бисёр маврид бо дастгирии шахсони саховатпеша ва соҳибкорон анҷом дода мешавад. Баъди нишасти матбуотӣ албатта рафта аз ин ҳолат пурра бохабар мешавам”.

Раиси Кӯшониён: “Аз мушкилоти онҳо огоҳам

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин низ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин масъала мавриди корбарӣ қарор дорад.

“Мо аз мушкилоти сокинони ин деҳа огоҳ ҳастем ва кӯшиш мекунем, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар онро бартараф намоем.”

Муовини раиси вилоят: Рафта аз наздик шинос мешавем

Ахиран санаи 15-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон муовини якуми раиси вилоят Мирзозода Музаффар дар посух ба ин суол гуфт, ки бо имкон додани вақт рафта бо ин ҳолат аз наздик шинос мешавад. Ӯ аз ҷумла чунин иброз дошт: “Мо вазифадорем барои ҳалли масъала чораҳои таъхирнопазир андешем. Гурӯҳи корӣ таъсис дода, рафта мебинем. Роҳи ҳалли мушкилотро ёфтан лозим”.

Саҳми сокинон

Бояд гуфт, ки сокинони ин деҳа дар доираи ҷашни 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар якҷо камари ҳиммат баста, пурра деҳаро бо барқ таъмин карда, роҳҳояшонро сангфарш кардаанд. Дар оянда боз кӯшиш мекунанд, ки дар дигар корҳои ободонӣ саҳми худро гузоранд.

Масъулон: Чор мушкилоти як деҳаро дар Кӯшониён бартараф мекунем

Умед дорем, ки  бо дастгирии  МИҲД-и вилоят, ноҳия, Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати маориф, Раёсати тандурустӣ ва соҳибкорон  барои рафъи чор мушкили сокинони деҳаи “Янгиюл-2”-и Ҷамоати деҳоти  “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари мамлакат, хоса вилояти Хатлон рафта истодааст, чораандешӣ хоҳанд кард.  Зеро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ ба масъулон супориш медиҳанд, ки барои беҳ кардани шароити зиндагии сокинон ва ҳалли мушкилоти онҳо чораандешӣ намоянд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь