Ҳар гоҳ, ки аз назди бозори марказии шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун мегузарам, ба димоғам бӯи ғализ меояд. Дар шафати бозор мағозаҳои хӯрока ҷойгиранд. Ҳангоми гузаштан аз тарафи рости мағозаҳо ғарами ахлотпораву партовҳоро мушоҳида кардам, ки аз беназоратии бахши муҳофизати муҳити зист ва духтурони санитарӣ-эпидемиологии шаҳр пашшаҳо «бозор» барпо кардаанд. Бинанда гумон мекунад, ки пашшаҳо ба «бизнес» машғуланд…
Диққати маро «бозори пашшаҳо» ба худ ҷалб карду ба мағозаи хӯрокворӣ рафтам. Бинам, болои маводи хӯрока пашшаҳо «сайругашт» доранд. Пашшаҳо аз «бозорашон» микробҳо, бемориҳои сирояткунандапр ҳамроҳ гирифта, ба бозору роҳравҳо гулгаштҳо, чойхонаву ошхонаҳо мебаранд.
Ҳар вақте ҳарорати ҳаво гармтар шавад, пашшаҳо барои халос шудан аз гармӣ ба ошхонаву чойхона ва мағозаҳои хӯрокворӣ сар мехалонанд. Ба тозагии бозори марказии шаҳрак соҳибони мағозаҳо, ошхонаву чойхонаҳо аҳамият намедиҳанд. Онҳо ахлотпораҳоро дар шафати бозор мепартоянд. Роҳгузарон мегӯянд, ки барои тоза кардани гирду атрофи бозор бояд қуттиҳои партовгирӣ гузоранд, то ба тозагии бозор ва роҳрави пиёдагардон монеа эҷод нашавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба ҳама маълум аст, пайдоиши бемориҳои сироятӣ аз микробҳои воридкардаи пашшаҳо, партову ахлотпораҳо сарчашма мегирад.
Дар маркази шаҳрак ду ошхона-чойхона дар хизмати мардум қарор доштанд. Аммо соҳибони онҳо бо сабаби гарон будани андоз дарҳои худро баставу меҳмонони ба ин ҷо омада аз баста шудани ошхона-чойхонаҳо изҳори норозигӣ мекунанд.
Дар ҷамоати деҳоти Қадиоби шаҳри Роғун ошхона-чойхона дар хизмати мардум қарор дорад. Рӯзи ба ин ҷо омаданамон ду нафар ошпазу пешхизмат ба мардум бе хилъати корӣ хизмат мерасонданд, ки ба мақсад муофиқ набуд. Онҳо аз ташхиси духтурон нагузашта, дафтарчаи санитарӣ надоранд, ки нигаронкунанда аст. Ҳамчунин, гирду атрофи ошхона ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯй нест. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар инҷо назорати духтурони санитарӣ-эпидемиологӣ дида намешавад.
Ҳокими САФАР, рӯзноманигор