Дар минтақаи болоии ноҳияи Файзобод, дар деҳаи Мискинобод бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки рӯзҳои якшанбе барпо мегардад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди ин бозор мекунанд.
Директори бозор Давлатбег Давлатов маҳсулоти воридкардаи онҳоро зери назорат мегирад, то тавонанд онро бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонанд.
Имрӯзҳо фасли тобистон ҳукм меронад. Аз ҳар гӯшаю канори мамлакат тоҷирону соҳибкорон маҳсулоти кишоварзӣ, харбузаю тарбуз, помидору олуболу, шафтолую зардолу, пиёзу картошкаро вориди бозор мекунанд. Ҳамчунин, дар бозор гӯшаи деҳқон таъсис дода шудааст, ки директори бозор ва кормандонаш дар ин гӯша маҳсулоти кишоварзиро аз ҳисоби худашон ҷой дода, бо нархи арзон пешкаши харидорон мегардонанд. Директори бозор Д. Давлатов мегӯяд, ки «маблағи аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба даст омадаро ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесарпаноҳ, ҳамчунин ба ятимхонаи шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун ҳамчун кӯмак мерасонем. Дар арафаи иди саиди Фитр ба ятимони шаҳраки Обигарм ду маротиба ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ, либос ва пойафзол кӯмак расонидем».
Рӯзҳои якшанбе бозори «Истиқлол» чунон серодам мешавад, ки ба қавле, «сӯзан партоед, ба замин намеафтад». Тоҷирону соҳибкорон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоташонро ҳарчи тезтар бо нархҳои гуногун пешкаши харидорон гардонанд.
Бояд зикр кард, ки дар арафаи иди саиди Фитр бархе ҳаннотону мардумфиребон нархи маҳсулоти кишоварзию қаннодиро барои ҷиғилдон пур каран ду-се маротиба баланд бардошта буданд. Харидорон барои оро додани дастурхони идона маҷбур буданд, ки бо нархи гарон маҳсулоти қаннодӣ дастрас кунанд. Ҳаннотон медонанд, ки нархро баланд бардоранд ҳам, мардум аз ноилоҷӣ харидорӣ мекунанд. Дар арафаи иди саиди Фитр онҳо гуфтанд, ки «мо аз бозорҳои Душанбею Ваҳдат бо нархи гарон маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ дастрас мекунем ва маҷбурем хароҷоти онро барорем». Ин дурӯғи маҳз аст.
Директори бозор Давлатбег Давлатов онҳоро борҳо ҳушдор дод, ки дар арафаи иди саиди Фитр ба хотири моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоиро поин фароранд, вале даъво пеш меоранд, ки «маҳсулоти худи мост, хоҳем, арзон мекунем, нахоҳем, не».
Пас аз иди саиди Фитр бо дахолати директори бозор нархи маҳсулоти кишоварзиву қаннодӣ поин фаромад. Агар дар арафаи иди саиди Фитр нархи як кило картошка аз 3 то 4 сомонӣ, бодиринг аз 5 то 6 сомонӣ, гелос то 15 сомонӣ, шафтолую зардолу аз 10 то 20 сомонӣ, харбузаю тарбуз аз 10 то 20 сомонӣ боло рафта бошад, пас аз ид 5 кило картошка 10 сомонӣ шуд, нархи як кило бодиринг то 2 сомонӣ, шафтолую зардолу то 5 – 7 сомонӣ, харбузаю тарбуз то 5 – 10 сомонӣ поин фаромад.
Кош дар арафаи иди Қурбон мардумфиребон нархро баланд набардоранду савоби мардумро гиранд!
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод