Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, доир ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшачорабинӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки он барои бунёдкориву созандагӣ ва гулгулшукуфоии ватани азизамон аҳамияти назаррас дорад. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода барои дар амал татбиқ намудани иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкорон ва кормандони сохторҳои гуногуни давлатии шаҳрро барои сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, ки барои беҳдошти зиндагии мардум пешбинӣ гардидааст, вобаста намуд.

Деҳаи Сафобахши шаҳри Ҳисор, ки дар ҷамоати шаҳраки Шарора ҷойгир аст, дорои 685 аҳолӣ мебошад. Дар деҳа як муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (№106) мавҷуд буда, дар он 197 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бинобар сабаби  кам будани синфхона, то ин дам  хонандагони синфҳои болоӣ (10-11) ба муассисаи таълимии №53-и ноҳияи Рӯдакӣ барои идомаи таҳсил раҳсипор мегарданд. Барои рафъи ин мушкилӣ соли 2019 бо супориши раиси шаҳри Ҳисор дар шафати муассисаи мазкур бунёди 4 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуд, ки корҳои сохтмонии он бомаром идома дорад. Дар ташкили корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳми раиси маҳалла Имомов Муродулло (Алӣ), директори муассиса Сафаров Сайфулло ва сокини 71-солаи ҳамин деҳа Тоҳиров Зоҳир назаррас аст. Дар вохӯрие, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо аҳолии деҳа сурат гирифт, масъалаи бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар миён гузошта шуд. Хушбахтона, ин пешниҳод аз ҷониби мардуми деҳа пазируфта шуд ва ҳама дастҷамъона дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ки барои 80 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Сокинони деҳаи Сафобахши ҷамоати шаҳраки Шарора бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош намуда, барои саҳм гузоштан дар гулгулшукуфоии кишвари азизамон саъй намуда истодаанд. Аҳолии деҳа мунтазам ва дастҷамъона ба ҳашар баромада, боғу гулгашт, роҳу ҷӯйбор ва хонаҳояшонро тоза намуда, дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободонии деҳа, ки ҳоло босуръат идома дорад, саҳм гузошта истодаанд. Арҷ гузоштан ба иқдомҳои Ҳукумати кишвар ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла сохтани 4 синфхонаи иловагӣ барои хонандагон далели худшиносӣ ва меҳандӯстии сокинони деҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, зимнан барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва бунёди ҷойҳои нави корӣ хеле иқдоми саривақтӣ ва муфид мебошад.

Аз ин рӯ, мо – сокинони шаҳри Ҳисор бо боварии комил ваъда медиҳем, ки иқдомҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳуриро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободкориву созандагии кишвари биҳиштосоямон пайваста талош менамоем ва ба ояндагон аз худ номи нек боқӣ хоҳем гузошт.

Ҷумъагул ТОҲИРОВА,

донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь