Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар панҷ моҳи соли 2021 фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ, амру қарорҳои раиси ноҳияи Ишкошим ва барномаву стратегияҳои марбут ба соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати самаранок ба иҷро расонидани фаъолияти бахш тадбирҳои амалӣ андешида, дар давоми панҷ моҳи соли 2021 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Ишкошим Ашам Холдорзода, “имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, идораву муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои гуногун ва пурмаҳсул назаррас аст. Дар захираи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди ноҳия дар соли 2021-ум 3 нафар зан барои ишғоли вазифа дар МИҲД-и ноҳия шомил гардида, 1 нафари онҳо аллакай аз озмун гузашт. Дар соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, хизматрасонии бонкӣ, кишоварзӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунанда 109 нафар зан фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла, 1 нафар зан муовини раиси ноҳия, 1 нафар зан раиси ҷамоати деҳот, 2 нафар зан котибони раиси ҷамоат, 1 нафар зан мудири бахши кор бо занон ва оила, 1 нафар зан мудири бахши САҲШ, 1 нафар зан мудири бахши бойгонӣ, 1 нафар зан сардори БҶИИМК (Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон), 1 нафар зан мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 1 нафар зан сардори ташкилоти байналхалқии Салиби Сурх, 16 нафар зан директорони муассисаҳои таълимӣ, 6 нафар зан мудирони кӯдакистонҳо, 25 нафар зан ҷонишинони директорони муассисаҳои таълимӣ, 23 нафар зан мудирони бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатӣ, 24 нафар зан мудирони клубу китобхонаҳо, 1 нафар зан сардори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 нафар зан сардори маркази бемориҳои сил, 1 нафар зан сардори маркази репродуктивӣ, 1 нафар зан сардори КДФ-и ноҳия, 1 нафар зан мудири шуъбаи кумаки иҷтимоӣ дар хона, 1 нафар зан судяи Суди ноҳияи Ишкошим”.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ишкошим Гулшан Муллоева бо тавсиф аз ҳунармандии бонувони ноҳия зикр намуд, ки “моҳи январ ҷашни Сада дар ноҳияи Ишкошим дар сатҳи баланд доир гардид ва аз тарафи ҳунармандони хонаи фарҳанги ноҳия  гулхани ҷашнӣ афрӯхта шуда, барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Бонувони ҳунарманди маркази ноҳия дар ин ҷашн ҳунарҳои мардумӣ ва  таомҳои миллиро ба маърази тамошо гузошта, аз тарафи кишоварзони ҷамоатҳои деҳот ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда шуд. Инчунин, 27.01.2021 бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори МИҲД-и ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд. Дар доираи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021-ум 16.02.2021 дар толори хонаи фарҳанги ноҳия даври якуми фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” баргузор гардида, 14 нафар ғолибони озмуни болозикр ба даври дуюм роҳхат гирифта, таърихи 19.02.2021 дар сатҳи вилоят баромад карданд”.

– Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки баъд аз ироа намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои баррасии муҳтавои Паём дар давоми моҳи феврал гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оила, раиси   ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар деҳаҳои Рин, Дашт, Намадгут, Бойбар, Удит, Тоқахона, Сумҷин, Яхшивол сафарбар шуда, байни аҳолӣ оид ба муҳтавои Паём суҳбату вохӯриҳо доир намуданд,- афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки бонувони ин ноҳияи куҳистон дар ҳунармандӣ моҳир буда, шавқу завқи тамом доранд. Сабадбоф аз деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим Турамоҳ Қадамалиева мегӯяд, ки “қариб 15 сол боз ман ҳунармандам. Агар муқоиса намоям, 5 соли кориам бе муваффақият буд. Хушбахтона, 10 соли охир муваффақият ёрам шуд. Аз соли 2010 то инҷониб касби аҷдодони худро идома дода истодаам. Аз хурдсолӣ модарам ба мо ин касбро ёд медод. Аз ҳамин лиҳоз, шавқу равбати ман нисбати касби сабадбофӣ зиёд гардид. Солҳои пеш ба ин ҳунарҳо он қадар аҳамият намедоданд. Мо вақте ба ягон маърака мерафтем, ҳамчун ҳадя туҳфа мебурдем. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамаи ин анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё шуданд. Кори мо ҳунармандон рушд ёфт».

Ӯ шарҳ медиҳад, ки “асосан сабадҳоро мо аз як намуди растанӣ мебофем, бо лаҳҷаи ишкошимӣ «чех», бо забони тоҷикӣ «килк». Ин растанӣ танҳо дар ноҳияи Ишкошим мерӯяд. Онро зери барф, лаб-лаби ҷӯйборҳо дидан мумкин аст. Ин растаниро мо бо аҳли хонавода ҷамъоварӣ мекунем. Агар моҳҳои сентябр ва октябр бошад, ёфтан мушкил нест. Захира намудаву пӯсташро тоза карда, баъд ба оби чашма тар карда, мебофем. Хеле мушкилӣ дорад. Ҳамагӣ 10-15 намуди сабадҳоро месозем. Ҳозир талабот хеле зиёд аст. Барои гирифтани шириниву меваи рӯйи дастархон бонувон аз ин сабадҳо истифода мебаранд. Кӯзаҳо, шамолтияк, парчам низ тайёр мекунем. 15 нафар шогирд дорам, ки хонандагони мактабанд. Ба ҳамаи онҳо ройгон дарс мегузарам. Барои аз худ кардан каме мушкилӣ мекашанд. Зеро бисёр касби пурмашаққат аст. Бо сабаби корхона надоштан, ҳамаи занонро дар хонаи истиқоматии худам ба ин касб ҷалб карда, дарс медиҳам. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ноҳия то ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол дорам. Масалан, дар як чорабинӣ бо Ҷаноби Олӣ вохӯрдам. Соли 2015 дар чорабинии «Об манбаи ҳаёт аст», ки 150 давлати ҷаҳон иштирок карданд, ман низ ҳамчун ҳунарманд иштироки фаъол доштам. Дар соли 2019 моҳи ноябр дар “Душанбе Плаза” бо иштироки Мукаррама Қайюмова ва намояндагони 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Покистон, Украина, Ҳиндустон озмун баргузор гардид, ки ман соҳиби шоҳҷоиза шудам».

Ҳунарманди дигар аз деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим Ҷаҳоннамо Абдураҳимова зикр намуд, ки «ман аз соли 2010 ба ресмонбофӣ машғул мебошам. Устодам модарам мебошанд. Мо 4 нафар духтарон дар оила ҳунармандем. Маҳсули дасти худро аз бузҳои кашмирӣ, бузҳои ҷойдорӣ ва гӯсфандҳо тайёр мекунам. Маҳсули дасти худро ба фурӯш мебарорам».

– Дар доираи барномаи Фонди Оғохон миёни бонувони деҳот озмун эълон гардид. Ман ғолиби ин озмун шудам. Ба воситаи ҳамин барнома дар давлати исломии Афғонистон 15 нафар занони Шуғнони Афғонистон, 30 нафари дигар дар Файзобод, 200 нафари дигар дар Мазори Шарифи Афғонистон, ба ғайр аз ин 18 нафари дигар дар Муминобод, 60 нафар занон дар ноҳияи Роштқалъа, 100 нафар занони Ишкошим ҳунари маро омӯхтанд. Баъдан тасмим гирифтам, ки корхонаи худро кушоям. Айни хол дар корхонаи ман 6 нафар зани бофанда, 15 нафар зани ресанда кор карда истодаанд. Соли 2015 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудам. Корхонаи ман ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун объэкти ҷашнӣ ба қайд гирифта шудааст. Барои таъмин намудани корхона бо таҷҳизот ва таъмираш ба шуъбаи занони ноҳия лоиҳаи худро пешниҳод кардам барои гирифтани гранти Президентӣ. Қисми зиёди корҳои корхонаро аллакай ба анҷом расонидаам,- афзуд мавсуф.

Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки бонувони ноҳияи Ишкошим дар дигар самтҳои ҳаётан муҳим фаъолона кор мебаранд. Директори Маркази бемориҳои сил дар ноҳияи Ишкошим Савринисо Қодирова зикр намуд, ки аз соли 2011 инҷониб дар маркази тиббии мазкур фаъолият мекунад.

– Дар соли 2010-ум 60 нафар беморон ба қайд гирифта шуда буданд. Сатҳи беморӣ дар ноҳия хеле баланд буд. Баъдан, дар соли 2012 ин нишондиҳанда 34 нафарро ташкил кард. Оҳиста-оҳиста сатҳи беморӣ поён рафт. Дар маркази мазкур мо ҳамагӣ 3 нафар занон фаъолият карда истодаем. Бемории сил нозукиҳои худро дорад. Бо усули хона ба хона дар деҳот мониторинг мегузаронем ва хусусиятҳои ин бемориро бештар ба шаҳрвандон тариқи суҳбату вохӯриҳо мефаҳмонем. Беморони худро зуд-зуд хабар мегирем. Табобати бемории сил дарозмуддат мебошад. Аз 6 то 9 моҳро дар бар мегирад. Ҳамаи ин беморон зери назорати мо дору гузаронида мешаванд. Наздикони беморонро ҳам аз муоина мегузаронем,- гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, ӯ дар маҷмуъ 34 сол таҷрибаи кории тиббӣ дошта, қаблан, баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ соли 1987 ба ҳайси терапевт дар беморхонаи минтақавӣ ҳам кор кардааст.

Мудири шуъбаи занона дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ишкошим Майсара Биёбониева дар навбати худ зикр намуд, ки «асосан занон бо шикоят аз камхунӣ, фишорбаландӣ, гурда муроҷиат мекунанд. Дар маркази мо ман ҳамчун акушер-гинеколог, 4 нафар занон момодоя шуда фаъолият мекунем. Занон бештар бо роҳхат ба назди мо барои таваллуд кардан меоянд. Муроҷиати занон дар соли ҷорӣ зиёда аз 500 нафарро дар бар мегирад. Таваллуд тахминан 350 нафарро ташкил медиҳад».

Ӯ илова мекунад, ки таҷрибаи кориаш дар соҳаи тиб 12 солро ташкил медиҳад: «Ман худам дар оилаи омӯзгор ба воя расидам. Аз хурдсолӣ орзу доштам, ки табиб шавам. Тариқи квотаи Президентӣ дохил шуда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудам».

Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ишкошим Гулшан Муллоева, давоми  солҳои 1997-2020-ум 300 нафар духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар дохил шуда, аз онҳо 212 нафарашон донишгоҳҳо ва донишкадаҳоро бо муваффақият хатм намуда, аз рӯйи ихтисосашон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии ноҳия  кору фаъолият доранд. Аз ҷумлаи онҳо 74 нафарашон айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил доранд.

– Дар давоми панҷ моҳ бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оила ва инчунин раисони шӯроҳои занон баҳри ободониву кабудизоркунӣ ва тозагии гирду атроф 10 маротиба ҳашарҳои умумӣ ташкил карда шуд. Ба бахш дар давоми  панҷ  моҳ 8 нафар занон муроҷиат намуда, бо онҳо аз тарафи кормандони бахш суҳбатҳои муфид гузаронида шуда, муроҷиати онҳо ба идораву муассисаҳои дахлдор расонида шуд. Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим кӯшиш менамояд, ки баҳри баланд бардоштани фаъолнокии занон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ҳамеша корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пурзӯр ба роҳ монад,- афзуд ӯ.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь