Чанде пештар сокинони бинои 90-и маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ба унвони ҳафтанома шикоят карда, гуфтанд, аз биное, ки дар паҳлуи бинои 90 бунёд шуда истодааст, норозӣ мебошанд. Сокинон сабаби шикояту норизоии худро дар ду чиз арёзбӣ карданд. Якум, зери биное, ки ду сол пеш ба бунёдаш оғоз карда буданд, солҳои Шӯравӣ роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба мавҷуд буда, аҳамияти стратегӣ доштааст. Дуюм, дар ҳоли сохта шудани бино роҳи мошингарди паҳлуи бинои онҳо қариб ки манъ карда мешавад.

Баъди арзу доди шикояткунандагон барои рушанӣ андохтан ба баҳс бо сокинони бино ва масъулини идораи сохтмону дигар соҳаҳои дахлдор суҳбат кардем.

Раиси бинои 90 Рустамҷон Шарипов дар суҳбат ба мо гуфт: “Ёдам ҳаст, ки замоне бача будем ва тахминан дар синфи 2-3 мехондам, ҳамроҳи ҷӯраҳоям ба ин роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба даромада будем. Хеле торик ва тарсовар буд. Дар замони Шӯравӣ ин гуна ҷойҳо аҳамияти стратегӣ доштанд ва ман фикр мекунам, дар замони ҳозир ҳам бояд ин аҳамияташро аз даст надода бошад. Пеш аз оғози сохтмони бинои 9-ошёнаи баҳсӣ дар ин ҷо маркази хизматрасонии 5-ошёна бунёд карданд. Баъди бунёди ин бино фаҳмидем, ки як соҳибкор зодаи шаҳри Истаравшан будааст ва дар шафати маркази хизматрасонии 5-ошёна бинои 9-ошёна месохтааст. Замони шӯравӣ инҷо чойхона кушода шуд ва эҳтимол барои мавҷуд будани роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомбаи якошёна аст. Ҳоло таги биноро кофтагӣ не. Агар кобанд, маълум мешавад роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба аз куҷо сар мешавад. Се ё чор даромадгоҳаш ҳаст, ки баландича ва ишора карда мондагӣ”.

– Шикояти мо дар масъалаи роҳ ин аст, ки 47 сол боз дар қафои биноямон камтар майдони сабз карда, дарахт шинонида будем. Аммо соҳибкоре, ки биноро сохтанӣ аст, як канализатсия кофта, то ҳол ба ҳоли худаш мондааст ва майдончаи сабзи қафои бинои моро низ ба хоки сиёҳ яксон карданд. Аз хоку чанги зиёд мо маҷбур шудем ба кормандони экология муроҷиат кунем,- афзуд ӯ.

Темурҷон Темуров – масъули шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд гуфт: “Баъди ба мо муроҷиат карданатон, сокинони бино низ бо ариза муроҷиат карданд. Аммо дар аризаи онҳо оид ба роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба ягон арзе навишта нашудааст. Мақсади онҳо боздоштани сохтмони бино аст. Агар роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба мешуд, дар ариза ин проблемаро зикр мекарданд. Объектҳое, ки дар он нақша ҳаст, он хатчаҳо пасту баландии заминро нишон медиҳад. Он ягон хел ишораи роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба нест”.

Бо ин масъала ба роҳбари Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Мирзораҳим Абдуллоев муроҷиат кардем. Номбурда гуфт, ки ба унвони сохтори онҳо низ нусхаи харитае, ки дастраси мост, ирсол шудааст. Аммо то вақте комиссияи махсус масъаларо наомӯзад, чизе гуфта наметавонад. Дигар ин ки, масъалаи мавҷудияти роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомбаро кормандони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, идораи сохтмони шаҳр бояд аз иҷозаи сохтмон пеш омӯхта баромада бошанд.

Роҳбари сохтмон чӣ гуфт?

Шуҳрат – роҳбари сохтмони биное, ки ба гуфти сокинон ду сол боз оғоз шудааст, гуфт: “Аз рӯзе, ки он биноро гирифтем, ягон хел гапу баҳси роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба набуд, агар мебуд, аз сохторҳои дахлдор иҷозаи сохтмон намедоданд. Аслан ман соҳибкоре нестам, ки бино бунёд карда, бо мақсади тиҷорат истифода мебаранд. Пештар бо як нафар масъалаи додугирифти пулӣ доштем. Ба ҷои он як ҷойи якошёнаро дод ба мо. Баъд ба мо маълум шуд, ки дар харитаи он ҷой бунёди бинои 9-ошёна дар назар дошта шуда будааст. Бо маслиҳати як дӯстам, ки дар МБТ кор мекунад, мо иқдом гирифтем дар ҷойи он бинои якошёна бинои 9-ошёна созем. Барои сохтмон тамоми ҳуҷҷатгузориҳо омода аст, аммо такрор шавад ҳам, мегӯям, ки ягон хел баҳси роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба нашудааст. Дар масъалаи майдончаи қафои бинои 90 бошад, пештар 17-18 метр буд, мо бо розигии сокинони бино он ҷоро гирифтем (аммо сокинон инро инкор карданд,- Ф. М.)».

Ба ҳар ҳол, ин бино аввалину охирин бинои баҳсӣ дар шаҳри Хуҷанд ва умуман дар ҳудуди вилояти Суғд нест. Имрӯз ҳар соҳибкоре, ки дасти дароз дорад, дар дилхоҳ ҷой сохтмон мекунад, аммо то куҷо ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгӯй будани биноҳо ҳамеша суол боқӣ мемонад. Дуюм ин ки, на танҳо сокинон, балки чандин парвандаҳо ҳам дар истеҳсолоти мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳо оид ба сохтмони биноҳои ғайриқонунӣ ва ба талаботи шаҳрсозӣ ҷавобгӯй набуда ҳаст, ки мақсад пур кардани ҷайби худ аст. Оё муҳим нест, ки кӣ хонаҳоро мехарад ва оянда чӣ мешавад?

Сохтмони биноҳои “тезбунёдшавак” ва дар фосилаҳои ниҳоят наздик бунёд кардани биноҳо боиси нигаронист, вале дақиқ нашуд (масъулин дақиқан нагуфтанд), ки роҳи зеризаминии ҳимоя аз бомба имрӯз ҳам аҳамияти пешини худро дорад ё на?

Фарзона МУРОДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь