“Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираи об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ вазифадоранд, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корам, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ҳар як ваҷаб замини киштбоб тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Эмомалӣ Раҳмон, 30юми ноябри соли 2012

Дар вилояти Хатлон ҳолати мелиоративии 15 ҳазору 462 гектар замин бо сабаби шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, фарсоиш (эрозия) ва биёбоншавӣ бад шуда, аз ин 2 ҳазору 184 гектараш аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Омили асосии ба ин ҳолат гирифтор шудани заминҳоро масъулини соҳаи кишоварзӣ дар сари вақт поккорӣ нашудани заҳбуру заҳкашҳо ва таъмирталаб будани қисмати зиёди иншооти обрасон арзёбӣ мекунанд.

Тавре зимни суҳбат сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Мирзохон Менглиқулов иброз кард, заминҳои аз гардиш берунмонда пештар ҳосилдеҳ буданд. Масоҳати бештари заминҳои ҳолати мелиоративиашон бадшуда ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мутааллиқ ба навоҳии Носири Хусрав (4 ҳазору 749 гектар), Дӯстӣ (1447 гектар), Абдураҳмони Ҷомӣ (1413 гектар), Фархор (1207 гектар), Кӯшониён (1140 гектар), Ҷалолиддини Балхӣ (1130 гектар), Вахш (1,5 ҳазор гектар) ва Панҷ (1000 гектар) мебошад.

Мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Зуҳуров бо тасдиқи гуфтаҳои М. Менглиқулов илова кард, ки айни ҳол бо сабабҳои шӯршавию ботлоқшавӣ 94 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот 926 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 536 гектар ва аз набудани об барои обёрӣ 477 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. “Бештари ин гуна заминҳо ба мавзеи Гараутии ноҳияи Дӯстӣ, мавзеъҳои Чимгилиш ва Учқунободи ноҳияи Қубодиён, Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сари Ҷар, Навдии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва мавзеи Арабхонаю Исфараи ноҳияи Носири Хусрав рост меоянд.

Олим Отабеков, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон низ изҳор дошт, ки дар соли 2018 ба миқдори 4 ҳазору 653 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд. Аз ин миқдор то ба имрӯз 2 ҳазору 817 гектараш ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, айни ҳол 2 ҳазору 46 гектари дигар боқӣ мондааст.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён Салим Абдуалимзода омили аз гардиши кишоварзӣ берун мондани 684 гектар заминро дар ноҳия нарасидани қувваи корӣ, валангор шудани пойгоҳҳои обкаш ва шабакаҳои обдиҳӣ арзёбӣ кард. Ӯ илова кард, ки он мавзеъ, ки заминҳояш аз гардиш берун мондаанд, аз набудани шароити мусоид барои зиндагӣ бошандагонаш ба дигар ҷо кӯчида рафтаанд. Аз ҳамин сабаб қувваи корӣ дар он ҷо намерасад. Соли ҷорӣ масъулони ширкати “Исмоили Сомонӣ” 332 гектари ин заминҳоро гирифта, ният доранд онҳоро ба гардиши кишоварзӣ ворид созанд.

Ба суоли барои ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида чӣ тадбирҳо андешида шудааст, Мирзохон Менглиқулов чунин посух гуфт: “Мо ҳамасола кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки марҳила ба марҳила ин гуна заминҳоро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоем. Худи ҳамин сол дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ҳолати мелиоративии 3 ҳазору 707 гектар замин беҳ карда шуд. Солҳои охир ширкатҳои муштараки тоҷикию чинӣ қисмати зиёди заминҳои бекорхобидаро гирифта, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаю фаъолият доранд. Онҳо заҳбуру заҳкашҳоро тоза карда, насосҳои обкашро таъмир карданд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам мушкилот зиёд аст”.

Маҳмадсаид Зуҳуров ва Олим Отабеков ҳам бар ин назаранд, ки дар давоми се соли оянда тибқи нақша – чорабиниҳои тартибдодаи мақомоти дахлдор заминҳои боқимондае, ки аз гардиш берун мондаанд, марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

Ҳамзамон, Олим Отабеков иттилоъ дод, ки дар вилоят 88 ҳазору 391 гектар замин ба воситаи 140 пойгоҳи обкаш обёрӣ мешавад, ки ҳамасола барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Дар тақвияти суханҳои болозикр сардори бахши истеҳсолӣ ва банақшагирии маханизатсияи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Холов гуфт, ки дар ҳудуди вилоят 6 ҳазору 975,5 километр заҳбуру заҳкаш аст, ки аз ин шумора 1 ҳазору 547 километр байни хоҷагӣ ва 5 ҳазору 428 километр дохили хоҷагӣ мебошад. “Ҳамасола 35 дарсади масоҳати умумии заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди вилоят бояд тоза карда шаванд. Соли ҷорӣ 599 километр шабакаҳои обдиҳӣ, 395,5 километр заҳбуру заҳкашҳоро барои тоза кардан ба нақша гирифтаем. Ҳар сол аз якуми октябр мавсими тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо оғоз гардида, то якуми март бояд ба анҷом расонида шавад. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят 140 пойгоҳ ва 601 агрегати обкашӣ мавҷуд аст. Аз ин шумора дар соли ҷорӣ бояд 392 агрегати обкашӣ таъмир карда шавад. Барои ба анҷом расонидани ҳамаи корҳои ба нақша гирифташуда зиёда аз 27 миллион сомонӣ лозим аст”,- гуфт Маҳмадсаид Холов.

Бар замми мушкилиҳое, ки зикрашон дар боло рафт, масоили пардохти қарзҳои истифодабарандагони об, нерӯи барқ ва андозҳои давлатӣ низ боиси нигаронии ҷиддии масъулини ниҳодҳои дахлдор гардидааст.

Сармуҳосиби Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон Сафаралӣ Исроилов перомуни ин масъала гуфт, ки то якуми октябри соли ҷорӣ қарзи истифодабарандагони об зиёда аз 86 миллион сомониро дар бар мегирад. Аз ин миқдор 73 миллиону 678 ҳазор сомонӣ ба минтақаи Бохтар ва 12 миллиону 830 ҳазор сомонӣ ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Дар ин баробар 35 миллиону 847 ҳазор сомонӣ қарзи нерӯи барқ аз ҳисоби идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ҳудуди вилоят аст, ки аз ин 30 миллиону 833 ҳазор сомонӣ дар минтақаи Бохтар ва 5 миллиону 13 ҳазор сомонӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошад. Аз ҳама зиёд қарзи нерӯи барқ дар ноҳияҳои Ёвон (9 миллиону 48 ҳазор сомонӣ), Дӯстӣ (4 миллион сомонӣ), Панҷ (3 миллиону 652 ҳазор сомонӣ) ва зерҳавзаи Кофарниҳони Поён (6 миллион сомонӣ) мавҷуд мебошад.

Дар баробари ин, қарзи музди меҳнат низ ба миқдори 399 ҳазор сомонӣ ҷой дорад, ки аз ин 32 ҳазор сомонӣ ба минтақаи Бохтар ва 367 ҳазор сомонӣ ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Қарзи андозҳои давлатӣ 17 миллиону 133 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки аз ин 14 миллиону 707 ҳазораш ба минтақаи Бохтар ва 2 миллиону 426 ҳазор сомонӣ ба минтақаи Кӯлоб тааллуқ дорад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки солҳои қаблӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо маблағҳои муайян ҷудо мегардид: “Ду-се соли охир аз ҷониби онҳо маблағ ихтисос дода намешавад. Агар мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ накунанд ва истифодабарандагони об қарзҳояшонро барнагардонанд, сол то сол тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, нигоҳдории шабакаҳои обдиҳӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ мушкилтар мешавад”.

Бо ин ҳама мушкилиҳое, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дорад, оё имкони иҷрои он корҳоеро, ки ба қавле ба нақша гирифтаанд, дорад ё не? Суолест, ки ҷавоби он аз ҳама мақомоти дахлдор вобаста аст.

С. СУЛТОН,

Р. ДОДАРХӮҶАЕВ,

махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь