(Идома аз шумораи гузашта) https://farazh.tj/sahifai-asosy/mintaqa/hatlon-okimi-vilojat-va-12-rais-chiho-guftand/

Таваҷҷӯҳ ба сармояҳои хориҷӣ зиёд аст

 Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар вилоят 43 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 838,4 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи раиси вилоят дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 50,1 млн доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 45,6 млн доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

-Дар маҷмӯъ, ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят як милиарду 544,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз 1 млрд 474,5 млн доллар сармояи мустақими хориҷӣ мебошад,-илова кард раиси вилоят.

 Данғара: То соли 2026, 179 иншоот бунёд мешавад

Дар ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди 179 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 42 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад,- гуфт муовини раиси ноҳияи мазкур Садриддин Сайдализода.

Гуфта шуд, ки арзиши иншоотҳои бунёдшаванда беш аз 160 миллион сомониро ташкил дода, айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ идома дошта,  дар назар аст, ки то охири сол 38 иншооти дигар ба истифода дода шавад.

Дар ноҳия дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёди 20 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то имрӯз чанд адади онҳо сохта ба истифода дода шуданд.

Норак: 23 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дар ҳафт моҳ

Дар​ ҳафт моҳи соли 2023-юм ба шаҳри​ Нораки вилояти Хатлон, бо мақсади истироҳат ва боздид аз минтақаҳои сайёҳӣ 131 ҳазору 845 сайёҳӣ дохилӣ ва 23 ҳазору 121 меҳмонон ва сайёҳони​ хориҷӣ ташриф оварданд. Дар ин бора​ шаҳрдори Норак Дилшод Асозода иттилоъ дод.​ ​

Гуфта шуд, ки баҳри пешрафти соҳаи сайёҳӣ​ дар шаҳр​ 4 меҳмонхона, 29 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеъҳои сайёҳӣ, 220 истироҳатгоҳҳо, 5 тарабхона, 1 осорхона, 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо,​ 6 зиёратгоҳ ва 1 боғи фарҳангию фароғатӣ фаъолият мекунанд.

-Айни замон дар шаҳри Норак 7 адад банкомат ва 7 адад постерминал бо кортҳои дохилӣ, миллӣ ва байналмилалӣ (виза) фаъолият менамоянд,- илова кард Дилшод Асозода ва гуфт боз ҳам барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Норак аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳем кард.

Шаҳритус:  Роҳҳои харобгаштаро  таъмир карданд

Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор итилоъ дод, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 1,2 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 1 млн 650 ҳазор сомонӣ мунфарш карда шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ  барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллӣ дошта, 104 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаву сарф гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо дасгирии соҳибкорони маҳҳаллӣ бо харҷи 407 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳалии ноҳия таъмири асосӣ ва ҷорӣ шуданд.

Носири Хусрав: 174 қонунвайронкунӣ дар шаш моҳ

Дар ноҳияи Носири Хусрав давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия 174 адад қонунвайронкуниҳо дар масъалаи замин ошкор гардида, 82 адад протоколу қарорҳо қабул карда шудааст, – изҳор дошт Шарифзода Маҳмадаюб, раиси ноҳия.

Ӯ иттилоъ дод, ки нисбати қонунвайронкунандагон ба маблағи 51 ҳазору 340 сомонӣ ҷарима тайин шуда, аз он ба суратҳисоби махсуси Кумита 41 ҳазору 280 сомонӣ ворид гардидааст.

Балхӣ: Кӯмак ба 125  нафар ниёзманд

Бо мақсади дасгирии ниёзмандон дар нимсолаи аввали соли 2023 аёдат ва расонидани кӯмакҳо ба роҳ монда шуда, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маъюбон ва собиқадорони меҳнат кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуда, дар ин давра аз ҳисоби фонди захиравии раис ба 125 шахсони ниёзманд кӯмакҳои яквақтаинаи молиявӣ раосинида шуда, ин иқдом минбаъд идома хоҳад ёфт. Дар ин бора раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон хабар дод.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар ин мудат 520 нафар сокинони ноҳия  ба ҷойи  кори доимӣ ва мавсимӣ  таъмин гардида, барои таъмини сокинони бекор бо ҷойи кор аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳем бурд.

Шамсиддини Шоҳин: Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  ба 48 миллиону 645 ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мабалғи беш аз  8 миллиону сомонӣ зиёд мебошад,-гуфт раиси ноҳия Гулзода Зафар.

Дар ин мудат корхонаҳои саноатии ноҳия 27 намуди маҳсулоти маҳсулоти саноатиро истеҳсол намудаанд,-афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи мазкур бунёди 216 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар 51 адади он корҳои сохтмонӣ ба охир расида, дар 90 адади дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Балҷувон: роҳи БалҷувонСари Хосор таъмир мешавад

Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода, зимни нишасти матбуотии хеш  гуфт, ки роҳҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор, ки беш аз 56 километро ташкил медиҳаду ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад,  бо ҷалби сармояи хориҷӣ бозсозӣ мешавад.

“Лоиҳаи роҳ аллакай  омода аст. Дар он ҷо  паҳнои роҳ 6 метр шуда, пулҳо аз нав сохта мешаванд ва  дар ҷойҳое, ки деҳаҳо ҷойгир мебошанд, чароғон мешаванд. Аз ҳисоби маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати нақлиёти кишвар ин роҳ таъмир мегардад. Айни замон беш аз 40 миллион долари амрикоӣ ҷудо шуда, дар охири соли 2023 бояд корҳои сохтмонӣ оғоз карда шавад”, гуфт раиси Балҷувон.

Ҳамадонӣ: Авҷи корҳои сохтмонӣ

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ давоми солҳои 2022-2026 бунёди 323 иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 93917948 сомонӣ ба нақша гирифта шудаст,-гуфт Мирзозода Нурулло раиси ноҳияи мазкур.

Ба иттилои раиси ноҳия дар соли 2022 дар ноҳия 114 иншоот бо таъсиси 176 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.  Тибқи нақша дар соли 2023 дар ноҳия сохтмони 84 иншоот ба нақша гирфита шудааст, ки аз он беш аз 35 ададаш ба маблағи зиёда аз 9,1 миллион сомонӣ ва бо таъсиси зиёда аз  50 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Восеъ: То соли 2026, сӣ коргоҳу корхона бунёд мешавад

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёди якчанд коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раис  танҳо дар соли 2023 бунёди 8 корхона ба нақша гирфита шудааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4 адади он сохта ба истифода дода шуда, ният доранд, ки то охири сол боз 6 коргоҳу корхонаи дигар, яъне аз нақша зиёд сохта ба истифода диҳанду ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзоиш дода,  сокинони ноҳияро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин созанд.

 Муъминобод: Хонандагон соҳиби 44 медал шуданд

Лутфияи Шарифзода, Раиси ноҳияи Муъминобод иттилоъ дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуну олипиадаҳои вилоятиву ҷумҳуривӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби 44 медал шуданд. Аз ин ду медали тилло, 23 медали нуқра ва 19 медали биринҷӣ мебошад.

Ҳамчунин номбурда гуфт, ки варзишгарони ноҳия бошад дар 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат карда сазовори 33 медал аз ҷумла 6 тилло 13 нуқра ва 14 биринҷӣ шуда, дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва вилоятӣ бошад, соҳиби 86 медал гардидаанд.

Ховалинг: Бо харҷи 2,1 миллион долар беморхона таъмир мешавад

Мирзозода Музаффар, раиси ноҳияи Ховалинг гуфт, ки  бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ маблағҳои грантии Бонки Исломии Рушд бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор долари ИМА сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шурӯъ шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар он рафта истодааст.

Дар идома ӯ қайд кард, ки аз ҷониби ҳукумати ноҳия, ташкилоту идораҳо ва шахсони саховатманду соҳибкорон беш аз 810 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молию пулӣ ба ятимону маъюбон ва дигар қишри ниёзманди ноҳия расонида шудааст.

Темурмалик: нақшаи андоз 126 дарсад иҷро шуд

Дар ноҳияи Темурмалик нақшаи қисми дармоади буҷети ноҳия 126 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 10,08 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 12,7 миллион сомонӣ ворид гардид. Дар ин бора раиси ноҳияи мазкур Ҳасанзода Шералӣ иттилоъ дод.

Итилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 10 миллиону 396 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 438,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад ба 206,8 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта  917,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Фархор: 400 иншоот бунёд мешавад

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон то соли 2026 яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёду азнавсозии 400 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст,- хабар дод раиси ноҳия Назирӣ Зариф.

Ба иттилои ӯ танҳо дар соли 2023 бунёду навсозии 75 бинову иншоот дар назар дошта шуда, аз он  30 ададаш сохта ба истифода дода шуда, дар 40 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Раиси ноҳия илова кард, ки мақсади ягона ободонии ноҳия ва таъмини шоистаи зиндагии мардуми ноҳияи Фархор аст.

 Ваъдаҳо амалӣ мешаванд

Умед дорем, раисони 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маводи навбатӣ аз бурду бохти шаҳру ноҳияҳояшон матлаб нашр шуд, дар оянда баҳри рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ талош намуда, он мушкилоту камбудиҳое, ки дар шаҳр ё ноҳияашон ҷой дорад, бартараф карда, барои сокинон ҳама шароитҳоро фароҳам меоранд.

Боқӣ барору комёб бошед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь