Ба таваҷҷуҳи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода

Аксар литсейҳои касбии техникӣ дар вилояти Хатлон ҳолати ногувор доранд. Таъмирталаб будани бинои таълимӣ, сехҳои омӯзишӣ як паҳлуи масъала, масъалаи дигар худсарона ишғол кардани хобгоҳҳои чанде аз литсейҳо ва табдил додан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби сокинон аст, ки масъулон солҳо наметавонанд ин мушкилиҳоро бартараф кунанд.

Хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ ва сехҳои омӯзишии он аз соли 1992 то инҷониб валангор буда, масъулин дар таъмираш дасти расо надоранд. Масоҳати замини литсей 4,5 гектарро дар бар гирифта, қисме аз заминҳо ба харобазор табдил ёфтааст.

Директори литсейи мазкур Валӣ Мирзоев гуфт, ки бинои хобгоҳи муассиса аз соли 1980 барои 400 хонанда ба истифода дода шудааст. “Мутаассифона, аз соли 1992 инҷониб боре таъмир нашудаасту ҳоло дар ҳолати ногувор қарор дорад. Ба қадри имкон мо ошёнаи якуми ин бинои харобро каме таъмир намуда, ҳоло 44 хонанда ва 6 омӯзгори литсей дар хобогоҳ зиндагӣ доранд”,- афзуд ӯ ва қайд кард, ки баҳри бозсозии бинои хобгоҳ чандин маротиба тарқи хативу шифоҳӣ ба мақомоти болоӣ, махсусан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ муроҷиат кардаанд. Аммо бо сабаби маблағи ҳангуфт лозим будан барои таъмир то ҳол ин масъала ҳалли худро пайдо накардааст. Мушаххасан, барои таъмири асосии ин бинои хобгоҳ 2 миллиону 976 ҳазор сомонӣ лозим будааст.

Валӣ Мирзоев ҳамчунин бо нигаронӣ иброз дошт, ки биноҳои ёрирасони муассиса, аз он ҷумла озмоишгоҳ, устохонаҳои таълимӣ, ки барои муассиса хеле заруранд, ҳоли хароб дошта, дар фасли боришот аз бомашон ба дохил об мечакад.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода перомуни ин масъала дар яке аз нишастҳои матбуотии худ гуфта буд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имкони таъмири куллии ин муассисаро надорад. Чунки, ба қавли ӯ, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ тахминан 6 миллион сомонӣ зарур аст. Ин дар ҳолест, ки каме болотар роҳбари муассиса ин ниёзмандияшонро наздики 3 миллион сомонӣ гуфт. Раиси ноҳия он замон ҳадс зад, ки дар доираи кадом як лоиҳаи хориҷӣ литсей бояд азнавсозӣ шавад, аммо замони шуруъ ва анҷоми корҳои сохтмониро гуфта натавонист.

Айни замон дар литсейи ноҳияи Дӯстӣ 284 касбомӯз таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 17 устои таълимӣ ва 18 омӯзгор сабақ меомӯзонанд. Орзуи ҳамаи онҳо таълиму тадрис дар як шароити хуб аст. Аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешавад, ҳоло маълум нест.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз бармомадҳояшон масъулони мақомоти маҳаллӣ, Вазорати меҳнат ва дигар сохторҳоро муваззаф карда буданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкилиҳои литсейҳои касбиро ҳал намуда, касбомӯзонро дар шароити хуб ба таълим фаро гиранд. Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллӣ ва масъулони муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстиро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ин масъала расидагӣ кунанд, зеро дар чунин шароит ба таълим фаро гирифтани фарзандони мардум боиси нигаронии ҷиддист.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь