Айни замон дар вилояти Хатлон 30 муассисаи таълимӣ дар се баст фаъолият доранд, ки роҳбари давлат зимни сафари кории худ ба ин вилоят аз ин вазъ эрод гирифта, масъулони дахлдоро вазифадор карданд, ки ҳарчӣ зудтар ин масъаларо ҳал кунанд.
30 мактаб дар се баст
Президенти кишар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Кӯшониён аз дар се баст фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ эрод гирифтанд. Ба таъкиди Президенти кишвар айни замон дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Бо вуҷуди афзоиши маблағгузорӣ ва зиёд кардани сохтмони мактабҳо ҳанӯз дар бахши маориф дар вилояти Хатлон мушкилот зиёданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ зимни сафари кории охири худ ба вилояти Хатлон барои ислоҳи вазъ дастур дода, гуфтанд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ дар 9 муассиса, Фархор 7, Кӯлоб 4, Данғара 3, Вахш 2, Балҷувон 2, Ҳамадонӣ 1, Восеъ 1 ва Кӯшониён дар 1 муассиса таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Дар мавриди маблағгузории бахши маорифи вилояти Хатлон зикр шудааст, ки он тайи даҳ соли охир қариб чор баробар – аз 286 миллион сомонии соли 2011 ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст.
– Инчунин, танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор хонанда ба маблағи 118 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд, ки ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест, – зикр карданд роҳбари давлат зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён ва ба масъулони соҳаҳои дахлдоро супориш доданд, ки барои ислоҳи вазъ ҳарчӣ зудтар тадбирҳои муҳим андешанд.
Ҳар сол бояд 26 мактаби нав сохт
Муовини сардори Раёсати морифи вилояти Хатлон Сайфулло Лутфуллов гуфт, дар ҳақиқат ин мушкил дар соҳаи маорифи вилоят ҷой дорад. Ҳоло дар 26 мактаби шаҳру ноҳияҳо хонандагон дар се баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Чунин муассисаҳо дар шаҳри Кӯлоб чор адад – мактабҳои 19,30,35,53, ноҳияҳои Вахш ду мактаб – 47 ва 80, Восеъ як мактаб – 53, Ҷомӣ ҳафт муассиса – 10, 13, 17, 18, 30, 31 ва 54, Ҳамадонӣ – мактаби 26 ва ба ин монанд дар ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Данғара ва Кӯшониён ҳастанд.
Ин шахси масъул гуфт омили дар се баст фаъолият кардани мактбаҳо дар вилоят ин афзоиши шумораи хонандагон аст.
– Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад соли гузашта дар вилоят 10 мактаби нав бунёд шуд, ки ин то андозае дар фароҳам овардани ҷойи нишасти хонандагон мусоидат кард, – илова кард ӯ ва бо нигаронӣ гуфт, ки сол то сол шумораи хонандагон зиёд мешавад.
– Соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 26 ҳазору 930 нафар хонанда зиёд шудаст. Моро зарур аст, ки ҳамасола 26 мактаб барои 1000 нафар бисозем, то ҳамаи онҳоро бо ҷойи нишаст таъмин кунем. Мо талош дорем бо дасгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон ин мактабҳоро аз чунин ҳол бароре, – зикр кард Сайфулло Лутфулло.
Қайд карда шуд, ки соли 2019 дар вилоят 56 мактаб дар се баст фаъолият мекарданд, ки 30 адади он ба кор дар ду баста гузаронида шуданд.
То соли нави хониш вазъ дар Вахш ислоҳ мешавад
Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев гуфт, дар ҳақиқат роҳбари давлат дар баромадашон аз се баст будани мактабҳо дар ноҳияи Вахш сухан карданд.
– Мо аз ҳисоби падару модарон ва сокинони маҳалла муассисаи таълимии рақами 47-ро, ки хонандагонаш дар се баст таълим мегиранд, пурра аз таъмири капиталӣ баровардем. Ман бо боварӣ гуфтаниам, ки то оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ҳарду мактабе, ки дар ноҳия хонангон дар се баст таълим мегиранд, ба ду баст гузаронида мешаванд. Дар мактабҳое, ки ҳоло се баст ҳастанд 670-нафарӣ мехонанд, -илова кард ӯ.
Шумораи мактаббаҳо афзудааст
Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷоми Табар Ҳасанов низ тасдиқ кард, ки дар вилоят аз ҳама зиёд мактабҳо дар се баст фаъолиятдошта дар ноҳияи онҳо мебошад. Айни ҳол дар шаш муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Ин теъдод дар оғози соли нави хониши 2020-2021-ум 9 ададро ташкил медод, ки се мактаба аз се баст ба ду баст тағйири вазъ кардаанд.
– Талош дорем, бо сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ шаш муассисаи таълимии ноҳияро, ки ҳоло хонандагонаш дар се баст таълим мегиранд, то оғози соли нави хониш, яъне то моҳи сентябр, ба ду баст гузаронем, – гуфт мудир.
Омили се баст будани мактабҳоро ин шахси масъул афзоиши шумораи хонандагон, яъне зиёд шудани теъдоди хонадаҳо дар як сол то ба 1 ҳазору 560 нафар гуфт.
Талоши бештари лозим
Аз суҳбат ва мушоҳидаҳо маълум шуд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо барои ислоҳи вазъ даст ба кор шудаанд. Умед дорем, ки масъулони дахлдори вилояти Хатлон дастуру супоришҳои роҳбари давлатро саривақт иҷро карда, мушкилотҳои ҷойдошта, хоса таълим дар се бастро дар кутоҳтарин муҳлат ислоҳ мекунанд ва хонандагон дар шароити хубтар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
“Фараж”