Дар нишастҳои матбуотии ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон оид ба ҳодисаи куштору оташзании чор узви оила дар Ҷайҳун, эътирози прокурор нисбати 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, дастгир шудани 50 саррофи ғайриқонунӣ, омили гарон шудани нархи сабзӣ, хориҷ шудани 70 донишҷӯи дарсгурези Коллеҷи тиббии Бохтар, гирифтани баландтарин нафақа аз ҷониби сокини шаҳри Норак, бунёди панҷ иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва соҳиби хобгоҳи 9-ошёна шудани Донишгоҳи Бохтар хабар дода шуд.

 Шарҳи прокурори вилояти Хатлон

Прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим куштори бераҳмонаи чор узви оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлонро зимни нишасти хабарии ҷорӣ шарҳ дод.

– Тафтишот муайян кард, ки шаби 11 ба 12-уми июни соли 2021 шахсони номаълум вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Қумсангир, деҳаи Меҳнатобод гардида, ба завҷаи номбурда Латофат Азизова, фарзандони ӯ Саломатхон, Саодат, Алиҷон Маҳмадовҳо ва Маҳмадзода Ширифҷон бо истифода аз предмети тезу бурандаи ба табар монанд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, бо истифода аз маводи сӯзишворӣ ду ҳуҷари хобро оташ задаанд,- гуфт А. Раҳимзода.

Гуфта шуд, ки бо сабаби пӯшида будани дари ҳуҷраҳо ва нарасидани ҳаво сӯхтор аланга нагирифта, хомӯш шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷа Саломат, Саодат Маҳмадоваҳо ва Алиҷон Маҳмадов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Аҳлиддин Маҳмадов дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ба ҳалокат мерасад.

Прокурор шарҳ дод, ки Азизова Латофат ва Маҳмадзода Ширифҷон дар беморхонаи марказии ноҳия дар ҳолати вазнин бистарӣ карда мешаванд.

Дар асоси хабари воридшуда ба ҷойи ҳодиса муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гуруҳи кории Прокуратураи генералӣ, намояндагони Прокуратураи вилоят, кормандони Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун, гуруҳи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ҳозир гардида, амалҳои аввалиндараҷаи санҷиширо гузаронидаанд.

Ба гуфтаи А. Раҳимзода, бо парвандаи ҷиноятии мазкур гуруҳи оперативии тафтишотии аз ҳисоби кормандони прокуратура ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон созмон дода шуда, фаъолияти он зери назорат қарор дорад. Айни замон тафтишот идома дошта, то ҳол аз тарафи кӣ содир шудани куштор пурра муайян карда нашудааст.

Эътироз ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ба 194 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки аз он 37,1 дарсадашон ба қарорҳои раисоне, ки ҳоло фаъолият доранд, рабт дошта, қисми зиёди он дар хусуси замин мебошад. Дар ин бора дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки аз натиҷаи санҷишҳо оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар самти замин 1 ҳазору 40 санади прокурорӣ бароварда шуда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1 ҳазору 661 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, итизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 адад зиёд аст.

Барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва худсарона ишғол кардани он 271 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 31 парванда зиёд аст.

Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 3 ҳазору 360 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ё ғариқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1 ҳазору 517 гектар зиёд аст.

Прокурори вилоят иттилоъ дод, ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Вахш нисбати ду муовини раиси ноҳия, раиси собиқи идораи замини ноҳия, раиси ҷамоти шаҳраки Киров ва муовинаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, чор парванда ба итмом расида, ба суд фиристода шудаанд.

Бохтар: 50 саррофи ғайриқонунӣ дастгир шуданд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 50 нафаре, ки дар “бозори сиёҳи пул” кор мекарданд, яъне ба саррофии ғайриқонунӣ машғул буданд, дастгир шудаанд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Самадов дар нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аз ин шумора нисбати 10 нафаре, ки дар бозор ба хариду фурӯши ғайриқонунии пул ва мубодилаи асъор машғул буданд, парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳамчунин нисбати 40 нафари дигар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудаст.

Аз ин шумора як нафар корманди филиали №42-и Амонтабонки шаҳри Бохтар мебошад, ки барои хариду фурӯши асъор дастгир шуда, нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар идомаи нишаст зикр шуд, ки дар ин давра қарзҳо ва пасандозҳои 276 нафар муштарии “Агроинвесбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дар вилояти Хатлон пардохт карда шудааст, ки маблағи он зиёда аз 3 миллион сомониро тишкил медиҳад.

70 донишҷӯи дарсгурез хориҷ шуданд

Соли таҳсили гузашта маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” 70 донишҷӯро аз коллеҷ хориҷ кардааст, ки аз онҳо 22 нафарашон духтарон будаанд.

Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Иброҳимҷон Мусоев дар нашасти хабарӣ омили хориҷ шудани донишҷӯёнро ба дарсҳо ҳозир нашудан ва дар имтиҳонҳои хатм иштирок накардани онҳо арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки зидди хориҷ шудани донишҷӯён аст, аммо дигар чора нест. Даҳҳо маротиба бо волидон ва хешовандони онҳо сӯҳбат кардаанд, аммо натиҷа надодааст ва сипас маҷбур шудаанд, ки онҳоро аз муассиса хориҷ кунанд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки давоми соли хониши 2020-2021-ум 4 нафар донишҷӯи дигар бо далели ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан хориҷ шудаанд.

Дар идомаи нишаст директор бо боварӣ гуфт, ки дигар аз донишҷӯён пули таъмири муассиса намегиранд ва ба ин пул эҳтиёҷ ҳам надоранд.

– Зеро аз ҳисоби буҷети коллеҷ биноро таъмир мекунем. Аммо он донишҷӯёне, ки ҳангоми таҳсил ба вайронкунии дару тиреза ва дигар ашёи коллеҷ даст мезананд, таъмири он аз ҳисоби ҳамонҳо хоҳад шуд,- гуфт директор.

Бунёди панҷ иншооти ҷашнӣ

Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон тариқи сохтмони асосии вилоят бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди 5 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид дар нишастии матбуотӣ хабар дод.

Ин шахси масъул афзуд, ки аз иншооти мазкур муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар ноҳияи Кӯшониён, мактаб барои 320 хонанда дар ноҳияи Хуросон, бинои МИҲД-и ноҳияи Панҷ сохта ба истифода дода шудаанд.

– Муассисаи томактабӣ дар шаҳри Левакант бо 210 ҷой дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, инчунин дар ноҳияи Данғара Беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 200 кат сохта ба истифода дода шуд ва ҳоло дар бинои озмоишгоҳи санитарӣ ва ошхонаи беморхона пурра омода шуда, насбу васли таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти он,  ҷиҳози ҳуҷраҳои беморон идома дорад,- илова кард А. Саъдуллозода.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилояти хатлон 32 иншооте, ки солҳои пеш сохтмонашон оғоз гардидаву то ҳол нотамом боқӣ мондаанд, вобаста шудааст, ки имсол аз ҳисоби буҷети вилоят 7 миллиону 540 ҳазор сомонӣ барои онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо қарори раиси вилоят беш аз ним миллион сомонии дигар маблағ ҷудо шудааст.

– Иншооти боқимонда, ки дар ихтиёри Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон қарор доранд, мариҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд,- илова кард номбурда.

Шарҳи омили гарон шудани нархи сабзӣ

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон Юсуфзода Фирӯз дар нишасти матбуотӣ омили гарон шудани нархи сабзиро мавсимӣ будани кишти он, пастшавии ҳосилнокии сабзӣ дар нимсолаи якуми соли равон, номусоид омадани боду ҳаво ва муътадил набудани ҳосилхезии заминҳои кишоварзӣ арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳавои нисбатан салқини рутубатнок ва намнок афзоиш ёфта, тибқи нишондоди меъёрҳои кишоварзӣ дар мавриди муътадил будани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва мусоидати иқлим аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна аз 40 то 80 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ мегардад.

– Омили дигари таъсиррасон  ба болоравии нархи маҳсулоти кишоварӣ аз нобаробар будани тавозуни байни талабот ва пешниҳод дар бозори молӣ мебошад,- афзуд манбаъ ва гуфт, ки мушоҳидаҳо собит месозанд, ки камчинии молу маҳсулот дар бозори молӣ сабаби зиёд гаштани талабот ва болоравии нархи маҳсулот мегардад.

Ҳамчунин, сабаби афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят аз нокифоягии ҳаҷми истеҳсолоти дохилӣ ҷиҳати таъмини талаботи мавҷуда, нисбатан баланд будани нархи маҳсулоте, ки дар раванди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд (аз ҷумла, сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, нуриҳои минерали ва ғайра), болоравии нархи боркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёт вобаста ба афзоиши нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти мавсимии маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар кишварҳо арзёбӣ мегардад.

Қайд гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ дар заминҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар соли 2020 дар майдони 4325 гектар кишти сабзӣ гузаронида шуда, ҳосилинокӣ 115 ҳазору 931,7 тоннаро ташкил додааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 26,8 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2021 дар заминҳои корами вилоят дар масоҳати 344 525,0 гектар кишти ҳама намуди зироатҳои техникӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар заминҳои хоҷагиҳои ҷамъиятии вилоят дар майдони 2131 гектар кишти сабзӣ гузаронида шуда, то инҷониб аз 1084 гектар замииҳои кишт 24 894 тонна сабзӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 23 тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида айни замон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 адад сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидори ғунҷоиши 20 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият дошта, шумораи бозорҳои доимоамалкунанда ба 49 адад мерасад.

Нафақаи баландтаринро сокини шаҳри Норак мегирад

– Дар вилояти Хатлон нафақаи аз ҳама баландро як сокини шаҳри Норак мегирад, ки он 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- гуфт сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Мусозода Саидмӯъмин дар нашасти матбуотӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби нафақагироне, ки фавтидаанд, ё ба дигар шаҳру ноҳияҳо кӯч бастаанд, бозпас гардонида шудааст.

Манбаъ илова кард, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 262 ҳазору 800 нафар нафақагир ҳастанд, ки ин теъдод нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 8 ҳазору 825 нафар зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии нафақагирон 205 ҳазору 807 нафар гирандаи нафақаи меҳнатӣ, 56 ҳазору 993 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин баробар 55 ҳазору 894 нафар гирандаи нафақаи маъюбӣ буда, 21,3 фоизи нафақагиронро ташкил медиҳад.

Маблағи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти иловапулӣ ва кумакпулиҳо 84,7 миллион сомониро дар бар гирифта, ҳисоби миёнаи нафақа ба 310,60 сомонӣ баробар мебошад.

– То 2-юми июли соли ҷорӣ ба нуқтаҳои ваколатдори БДА “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят 503 миллиону 758,1 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардида, талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаш моҳи соли 2021 пурра маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди вилоят қарздорӣ аз нафақа нест,- гуфт С. Мусозода.

Донишгоҳи Бохтар соҳиби хобгоҳи 9-ошёна хоҳад шуд

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нақша дорад, ки барои донишҷӯён бинои 9-ошёнаи хобгоҳ бунёд кунад. Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин зимини нишасти матбуотӣ қайд кард, ки норасоии хобгоҳ дар донишгоҳ аз мушкилоти калидӣ ба ҳисоб меравад.

– Аз ин рӯ, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар, МИҲД-и вилояти Хатлон ва худи донишгоҳ дар маҳаллаи Дӯстии маркази маъмурии вилояти Хатлон бунёди хобгоҳи 9-ошёна ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои лоиҳакашии хобгоҳи донишгоҳ идома дорад,- афзуд ректори донишгоҳ.

– Баъди бунёд шудани хобгоҳи нав мушкили донишҷӯён ҳал хоҳад шуд,- зикр намуд ӯ ва илова кард, ки айни замон Донишгоҳи шаҳри Бохтар як бинои хобгоҳ дорад, ки дар он беш аз 500 донишҷӯ дар шароити хуб иқомат доранд.

Нишастҳои ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон ба анҷом расиданд. Ҳоло раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба бурду бохти худ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот медиҳанд, ки дар шумораҳои оянда аз рафти онҳо беҳтарин мавзуҳоро омода хоҳем кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь