Бар асари боришоти борони рӯзҳои 11-12-уми майи соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои Машъал, Ваҳдат ва 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сел омада, ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёд расонид.

Бино ба маълумотҳои фаврӣ, 46 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон гашта, 43 хонаи дигар қисман зарар диддаст. Ҳамчунин, бар асари ин офати табиӣ 2 ҳазору 500 гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои аҳолӣ пурра зери обу лой монда, 7 пули мошингузар пурра аз байн рафта, 3 пули дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 1 пойгоҳи обкашӣ ва 2 обанбор пурра корношоям шудаанд.

Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ як нафар зани 80-сола дар ин ноҳия ба ҳалокат расида, даҳҳо чорвои аҳолӣ низ талаф шудааст.

Муовини аввали сарвазир, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, барои оилаҳои зарардида шаҳракаи хаймаҳо ташкил карда шуда, шабонарӯз ба зарардидагон кумак расонида истодаанд.

Аз ҷониби Президенти кишвар ба оилаҳои зарардидаи ноҳияи Вахш масолеҳи сохтмонӣ кумак карда шуда, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон, ташкилоту идораҳо ва мақомоти маҳалиии ноҳияи Вахш ба ин оилаҳо маводҳои ғизоӣ, лавозимоти рӯзгор, сарулибос ҳамарӯза дасрас карда шуда истодааст.

Тибқи иттилои раисида аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, бар асари боришоти боронҳои рӯзҳои 7-11-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Кӯлоб, Кӯшониён, Восеъ, Шамсидин Шоҳин, Дӯстӣ сел омада, манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, киштзорҳо, иншооти ёрирасон, хатҳои интиқоли барқ, заҳбуру заҳкашҳо хароб гашта, мутаассифона, 7 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, Шамисиддини Шоҳин ва ноҳияи Вахш ба ҳалокат расида, чорвои аҳолӣ низ талаф ёфтааст.

Ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, тибқи супориши Роҳбари давлат сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулони вазорату идораҳо сафар карда, бо сокинон аз наздик мулоқот карда истодаанд. Ҳамчунин барои он сокиноне, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра хароб шудааст, бо дастури Пешвои миллат манзилҳои истиқоматӣ бунёд карда мешаванд.

Ҳоло садҳо техникаҳо ба рафъ кардани харобиҳои офати таббиӣ машғул буда, комиссияи махсус хисороти расидаро дар шаҳру ноҳияҳо ҳисоб карда истодааст.

Таҳияи Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here