Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд: “Барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Маҳз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, то сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Тарбияи насли хештаншинос

Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, ба хусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон сардори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Пӯлодова Гулрӯ Юсуфҷоновна  иброз дошт: “Бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Гулрӯ Пӯлодова дар идомаи суҳбат афзуд, ки Раёсатии маорифи шаҳри Истаравшан фаъолияти худро дар давоми соли таҳсили 2020 – 2021 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Ба гуфтаи сардори Раёсати маориф, айни замон дар шаҳри Истаравшан 13 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки 8-и он дар тобеияти раёсати маориф, 1 дар тобеияти муассисаи давлатии хонаи таълим ва истироҳат ва 4-и дигараш хусусӣ мебошад. Дар муассисаҳои томактабӣ 1555 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 60 гуруҳ иборат буда, дар онҳо 60 нафар мураббия фаъолият  доранд.

Қобили тазаккур аст, ки мувофиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар ин давра 4 кӯдакистони хусусӣ сохта шуд. Айни замон сохтмони муассисаи  томактабии  хусусӣ  дар  шаҳраки  Истаравшан (барои 200 нафар) идома дорад.

Нишондодҳои умумӣ

Ба иттилои сардори Раёсати маориф Гулрӯ Пӯлодова, ҳоло дар шаҳри Истаравшан 75 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 74 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 6 гимназия, 1 литсей, 2 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, 1 мактаб-интернат) ва 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ  фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 57 муассиса таълим бо забони тоҷикӣ, дар 14 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 3  муассиса  таълим  бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дар 1 муассиса таълим  бо забони  русӣ ба  роҳ  монда  шудааст.

Дар ин таълимгоҳҳо 59745 нафар хонанда (аз ҷумла, 29160 нафар духтар) ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта  553 нафар зиёд мебошад.

Дар 67 синфи 51 муассисаи таълимии шаҳр таълим аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 64 синфи 45 таълимгоҳ таълим аз рӯи равияи табиӣ – риёзӣ  ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар шаҳр 1 мактаб – интернат фаъолият мекунад, ки дар он 88 нафар хонанда, аз он ҷумла 30 нафар духтар таҳсил менамоянд.

Сардори Раёсати маориф Гулрӯ Пӯлодова бо итминон мегӯяд, ки бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимии шаҳр дар маркази диққати Раёсати маориф қарор дорад. Зеро беҳтар кардани сифати кори таълиму тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгорон ва меҳнати пурмаҳсули онҳо вобаста аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки таълимгоҳҳои шаҳр ба масъалаи зикршуда эътибори ҷиддӣ дода, ба он мекӯшанд, ки ҳарчи бештар омӯзгорони соҳибихтисосро ба кор ҷалб намоянд. Аз ин ҷост, ки ин масъала ҳалли мусбии худро ёфта истодааст. Имрӯз дар таълимгоҳҳои шаҳр 3588 нафар  омӯзгорону мураббиён, аз ҷумла, 1914 нафар занон фаъолияти пурсамари педагогӣ доранд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 3175 нафарашон (88,50%) маълумоти олӣ, 232 нафарашон (6,47%)  маълумоти миёнаи касбӣ дошта, 181 нафарашон (5,03%) ғоибхонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  мебошанд.

Лозим  ба  ёдоварист, ки агарчӣ соли 2020 67 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин, ҳоло Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан ба 20 нафар омӯзгорони фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ, забони русӣ, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва тарбияи ҷисмонӣ ниёз дорад. Дар ин росто, Раёсати маориф ва таълимгоҳҳо кӯшиш менамоянд, ки норасоии кадрҳои омӯзгориро дар наздиктарин фурсат бартараф намоянд.

Сатҳу сифати таҳсилот

Сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ феълан 67,6% ва азхудкунии  барномаҳои таълимӣ 99,95 %  мебошад,  ки  ин нисбат ба соли хониши баландтар аст.

Қобили тазаккур аст, ки оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ пайваста корбарӣ ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешавад. Ғайр аз ин, бо хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 вохӯриҳои кормандони Раёсати маорифи шаҳр гузаронида шуданд. Дар вохӯриҳо хатмкунандагон оид ба низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Умуман, дар соли таҳсили гузашта синфи 9-ро 4996 нафар ва синфи 11-ро 4020 нафар хатм карданд. Аз онҳо 115 нафар хатмкунандагони синфҳои 9 ва 1896 нафар (38%) хатмкунандагони синфҳои 11 ба ММТ барои дохил шуданашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз онҳо 1797 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии ҷумҳурӣ ва 19 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбии хориҷи кишвар дохил шуданд.

Ҳамчунин, 20 нафар хатмкардагони таълимгоҳҳои шаҳр (аз ҷумла, 10 нафар духтар) тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ҷумҳурӣ  дохил  шуданд.

Маҷмуан ҳоло дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 80 нафар духтарону писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда истодаанд, ки онҳо бо хобгоҳ таъмин буда, аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида мешавад.

Иҷроиши барномаҳои давлатӣ

Рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар маркази диққати  кормандони соҳаи маориф меистад. Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ компютер аз ҳисоби ҷалби маблағҳои буҷаи шаҳр, соҳибкорон ва шахсони алоҳида то имрӯз 1821 адад компютер ва 246 адад принтер дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, дар таълимгоҳҳои шаҳр 26 тахтаи электронӣ, 55 видеопроектор, 23 кабинети технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, 17 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 21 кабинети фаннӣ ҷиҳозонида шуд, ки ин 68%-и нақшаи солҳои 2018-2020 (31 кабинети фаннӣ)-ро ташкил медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Раёсати маориф бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар асоси он корбариро ба роҳ монд. Мувофиқи барномаи мазкур дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳр 7 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, 1 кабинети физика, 1 кабинети химия, 1 кабинети биология, 1 кабинет математика дар МТМУ№1 ба номи Н. Қодиров, 1 кабинети суруд ва мусиқӣ дар МТМУ№20, дар МТМУ№31 ба номи Н. Боқиев ва гимназияи №2 1 ададӣ кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Барои ташкили 7 кабинети нақшавӣ дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 53470, сомонӣ ва аз ҳисоби волидайн 55715 сомонӣ масраф гардидааст. Барномаи  мазкур  дар  шаҳр  иҷро  гардид.

Идомаи созандагиву бунёдкориҳо

Дар соли 2020 8 синфхонаҳои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст бо кӯмаку дастгирии кумитаи падарону модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар назди муассисаҳои таълимии №28,40,58 сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, 3 посбонхона, 1 анборхона ва 3 ҳоҷатхона бо кӯмаку дастгирии кумитаи падарону модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар назди МТМУ №11,59,28,40,8 ва кӯдакистони №2 сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳоло бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37 барои 480 ҷойи нишаст ва №46 барои 240 ҷойи нишаст идома доранд. Бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд сохтмони бинои нави таълимӣ барои 264 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 идома дорад. Ҳамзамон, бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони шаҳраки Истаравшан сохтмони муассисаи таълимии нав барои 320 ҷойи нишаст дар ин шаҳрак оғоз гардида, алҳол таҳкурсии бинои якум ба анҷом расид. Инчунин, бо кӯмаку дастгирии кумитаҳои падарону модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони 50 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 9 муассисаҳои таълимӣ (МТМУ №5,19,23,25,35,51, филиали МТМУ№55 дар деҳаи Зартеппаи деҳаи Ниҷонӣ ва гимназияҳои 3,4), 4 толори варзишӣ дар назди МТМУ №27,30,56 ва литсейи №1, майдончаи муосири варзишӣ дар назди гимназияи №5, боғчаи бачагона иборат аз 4 гуруҳ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва дар назди МТМУ №8 сохтмони нотамоми толори варзишӣ идома дорад.

Хонандагони номовар

Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва баланд бардоштани маърифати онҳо корҳои беруназсинфӣ ҷоннок карда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи  нақшаи фаъолияти муассиса ҳафтаҳо ва озмунҳои фаннӣ, соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯхҳои «Ҳурмату эҳтироми волидон», «Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз», «Дониш талабу бузургӣ омӯз» «Фарзанди нағз – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар» гузаронида шуданд. Инчунин, бо мақсади дастгирӣ намудани хонандагони болаёқат 996 нафар хонандагон, аз он ҷумла, 639 нафар духтарон дар 81 гуруҳҳои 23 маҳфилҳои шӯъбаҳои эстетикӣ, техникӣ ва табиатдӯстони Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Истаравшан ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 224 адад маҳфилҳои гуногун, аз он ҷумла 160 маҳфилҳои фаннӣ, 57 фарҳангию касбомӯзӣ, 7 маҳфилҳои варзишӣ амал мекунад, ки 2712 нафар хонандагон, аз он ҷумла 1306 нафар духтарон талим мегиранд.

Натиҷаи чунин корбариҳост, ки хонандагони болаёқати истаравшанӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ 45 нафар, дар олимпиадаи завқмандгардонӣ аз фанни биология 11 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ин номоварон Ҳомидов Шерафкан, Суванова Садаф, Сатторова Гулноза, Азимова Рухшона, Миралиева Мавлуда, Ҳомидов Билол, Шарифов Нодирҷон, Ҷаъфари Ҷаҳонгирзода, Ҳомидов Худоёр, Каримов Дилангез ва Ғафурова  Сабоҳат мебошанд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар даври вилоятии олимпиадаи шоҳмот 1 нафар ҷойи якум, 2 нафар ҷойи дуюм ва 1 нафар ҷойи сеюмро сазовор гаштанд. Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон бошад, 3 нафар ба гирифтани ҷойи якум ва 4 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Ҳамзамон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1 медали тилло ва 6 медали биринҷӣ насиби хонандагони болаёқати ш. Истаравшан гардид.

Ҷиҳати эҳёи анъанаҳои мардумӣ санаи 11 марти соли 2020 дар саҳнаи Қалъаи Муғ даври шаҳрии «Бозиҳои миллӣ» ташкилу гузаронида шуда, ғолибон санаи 15 марти соли 2020 ба даври вилоятии озмун иштирок ва сазовори 4 ҷои ифтихорӣ гардиданд.

Ҳамагон шоҳид гардиданд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 5 Гимназияи №4, шаҳри Истаравшан Мӯъминова Ҳадиса сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин, хонандагони Литсейи №1 шаҳри Истаравшан дар олимпиадаи умумирусиягии “Солнечнқй свет” аз фанни физика сазовори ҷойи 1, олимпиадаи умумирусиягии “Новое древо” аз фанни физика сазовори ҷойҳои 1,2, аз фанни биология –  ҷойи 2, аз фанни химия – ҷойи 1  гардиданд.

Бо меҳри Ватан

Сардори Раёсати маориф тавре зикр намуд, албатта, ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҷой дорад. Ва албатта, ин нуқсонҳоро танҳо метавон бо бозомӯзӣ ва пайгирӣ метавон аз байн бурд. Вале дар баробари ин, мо – маорифчиёнро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро низ вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Истаравшанро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь