Оё мушкилоти дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар соли 2018 идома меёбад? Ё шояд роҳбарияти ноҳияи Фархор ин маротиб дар ҳалли мушкилоти молиявии дастаи овозадораш ёрии хешро дареғ намедорад?!

Футбол варзиши рақами як дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, мухлисони сершумор дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ мухлисони ин навъи варзиш кам нестанд. Футболи тоҷик таърихи беш аз 80 соларо дорост ва дар ин муддати тӯлонӣ марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фароҳам омадани фазои сулҳу оромӣ дар мамлакат, инчунин бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаи муҳими варзиш дар диёрамон зина ба зина рушд карда истодааст. Дар ин муддат дастаҳои зиёде таъсис ёфтаву то кунун фаъолият доранд ва ба музаффариятҳои назаррасе ноил гаштаанд, инчунин ба ифтихори ҳар як ғолибияташон парчами миллат боло шуда, суруди миллии кишварамон садо медиҳад, ки ин барои ҳар як сокини кишварамон боиси ифтихору сарбаландӣ мебошад. Аммо, ин ҷо мехоҳам дар мавриди дастовардҳои дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор чанд ҳарфе бигӯям. Ин дастаро низ, дар қатори дигар дастаҳои футболи тоҷик ба монанди «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «КМВА-Помир»-и шаҳри Душанбе, «Регар -ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе метавон ифтихори футболи тоҷик шумурд.

Солҳои 2013-2016 давраи рушду инкишофи дастаи «Ҳосилот» ба шумор мерафт. Ҳар гоҳе аз сокинони ноҳия ва мухлисони футбол сабаби ин ҳама комёбиҳову дастовардҳоро пурсон мешудем, бо як ҷаҳон меҳру ихлосу муҳаббат номи Раъно Раҳимзодаро, ки дар он солҳо масъулияти раиси ноҳияи Фархорро бар дӯш доштанд, ба забон меоварданд. Маҳз бо дастгирии ин зани ғаюру далер ва мушкилнописанд симои ноҳия куллан тағийр ёфта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо дида мешуд, пешравию комёбиҳои дастаро низ ба ин зани донишманду тавоно рабт медоданд. Воқеан ӯ тавонист, ки бо қобилият ва маҳорати кордонии худ ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ин дастаи овозадору шуҳратёрро дубора эҳё кунад. Ва даста аз буҷети маҳаллӣ қисман маблағгузорӣ мешуд. Ситоди мурраббиён ва бозингарон аз мададу ғамхориҳои ин зани фазилатпеша пайваста бархӯрдор буданд. Раъно Раҳимзода то ҷое нозукиҳои ин соҳаро хуб медонист, чунки ҳамсари мушфиқу меҳрубонаш Тағай Дӯстов замоне дар ин дастаи овозадор бозӣ мекарду дили ҳазорҳо мухлисашро бо бозигузориҳои зебояш шод менамуду бонуи хонадон бо маоши омӯзгорӣ ва марди хонадон бошад бо маоши футболбозӣ фарзандонашонро ба воя расониданду соҳибмаълумот карданд. Ҳамин буд, ки ба қадри заҳмати ҳар як бозингар мерасиду аз комёбиҳояшон шод мегашт, ё ба истилоҳи дигар гӯем «Қимати ҳампешаро ҳампеша медонаду бас».
Сабаби дигари муваффақияти ин дастаро бо ба сари кор омадани Нурулло Маҳмудов ба ҳайси президенти бошгоҳи «Ҳосилот» низ гуфтан ҷоиз аст. Ин ҷавони чашми кордон, бо истифода аз донишу малакаи хеш таҳти ғамхориҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, соҳибкорону тоҷирон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ва бо ҷалби муррабиёни соҳибтаҷриба, футболбозони касбӣ тавонист, ки дастаро ба нерӯмандтарин даста дар қаламрави ҷумҳурӣ табдил диҳад ва бо бозигузорҳои хуб ва бо гирифтани имтиёзҳои назаррас аз Лигаи якум ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифт. Ва баъди дастаи овозадори «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюмро соҳибӣ намуда, ягона рақиби аслии ин дастаи овозадор гашт, бо гирифтани медали нуқраи мусобиқа сарфароз гардид ва имкони иштирок дар бозиҳои Ҷоми «Конфедератсияи «Осиё-2016-ро низ пайдо намуда, қаҳрамони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Шоҳин Осмои»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ҳуқуқи ба даври дигар гузаштанро пайдо кард, бо дастаи «Дордой»-и Ҷумҳурии Қирғизистон вориди рақобат гашта, дар сафар бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрда, дар бозии ҷавобӣ бозиро мусовӣ: 1:1 намуд, ҳамин тариқ аз идомаи сабқат дар Ҷоми «Конфедератсияи Осиё-2016» маҳрум гашт. Мағлубият ба «Дордой» руҳу иродаи роҳбарияти даста ва бозингаронро нашикаст. Даста омодагиро барои соҳиб шудан ба «Шоҳҷом-2016» (Суперкубок) дида, дар натиҷа баъди тамринҳои хуб бо дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вориди майдони сабқат гашта, бо ҳисоби 2:1 «Ҳосилот» ғолибият ба даст оварда, ин Ҷоми олии мусобиқаро соҳиб гашт. Ин буд он ҳама дастовардҳои таърихии «Ҳосилот» дар замони роҳбарии Раъно Раҳимзода ба ҳайси раиси ноҳияи Фархор ва фаъолияти Нурулло Маҳмудов дар вазифаи президенти бошгоҳи «Ҳосилот».
Қобили қайд аст, ки дастаи «Ҳосилот» аз оғози соли 2017 то имрӯз ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ дучор гашта, баъди муроҷиатҳои бенатиҷаи ситоди мураббиён ва мухлисони «Ҳосилот» ба роҳбарияти кунунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва баъзе аз соҳибкорони ин ноҳия, ки ба ҷуз ваъдаҳои хушку холӣ дигар коре карда натавонистанд, боис ба он гашт, ки аксарияти бозингарони калидӣ ва ҳирфаӣ дастаро тарк намуда, ба дигар дастаҳо гузаштанд. Бояд гуфт, ки имсол барои ин дастаи муқтадири футболи тоҷик на он қадар соли бобарор буд, чунки дар аксарияти қувваозмоиҳо бо шикастҳои калон рӯбарӯ мегашт. Шояд хонандаи азиз суолеро ба миён гузорад, модоме ки даста маблағ намеёбад, пас бозиҳои сафарӣ ва дигар хароҷотҳоро аз кадом ҳисоб рӯйпӯш менамояд? Бояд гуфт, ки аксар хароҷотҳои молиявии даста аз ҳисоби мардуми қатории ноҳияи Фархор ва баъзе шахсоне, ки каме имконияти хуби молиявӣ доранд таъмин карда мешуд. Боиси зикр аст, ки ҳангоме дастаи «Ҳосилот» дучори мушкилоти молиявӣ мегашт аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пайваста ғамхориву дастгириҳо эҳсос карда мешуд, ба наздикӣ аз ҷониби масъулони ин ниҳод мадади молиявӣ расонида шуд, то ин ки дастаи «Ҳосилот» ду бозии боқимонда ва дигар хароҷотҳои худро рӯйпӯш намояд. Аз ин рӯ, мо мухлисони дастаи «Ҳосилот» бо камоли эҳтиром ва мамнунияти бепоён, бо як ҷаҳон сипосу садоқат миннатдории хешро ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ноибашон Алишер Урунов иброз менамоем, ки дастаро дар лаҳзаҳои душвор танҳо нагузоштанд ва ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои беназир орзумандем ва ин ҳама ғамхориҳо натиҷа аз дастгирии сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фархори бостонӣ бо фарзандони бонангу номусаш, ки ҳамагӣ аҳли адабу фарҳанганд, бо соҳибкорону сармоядорони саховатпеша, ходимони давлатию сиёсии машҳуру маҳбуб ифтихори мо ҷавонон аст. Мардуми сарбаланди Фархори бостонӣ дар фазои сулҳу оромӣ, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар рушду ободии диёри ҳамешабаҳорамон гузошта истодаанд. Бояд хотирнишон кард, ки ноҳияи Фархор бо дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Пешравӣ дар низоми тарбияи ҷисмонии ноҳия низ дида мешавад. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар тармиму таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳия, ки дар солҳои 2012-2013 бо мададу ғамхориҳои Пешвои миллат тармиму таҷдид карда шуд дида метавонем. Дар майдоне, ки аз файзи дастони Роҳбари саховатпешаву хирадманд ободу зебо гаштааст, ғалабаву зафар бояд кард.
Бовар дорам, ки шуруъ аз соли 2018 соҳибкорону сармоядорони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, сари нангу номус омада, дар қатори дигар амалҳои созандаву бунёдкорона ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша соҳибкоронро барои дастгирӣ ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ҳидоят мекунанд, сармашқи кори худ намуда, ёрии беғаразонаи худро ба ин дастаи овозадору сермухлис дареғ намедоранд. Ҳамчунин, хеле ба маврид мешуд, ки варзишгоҳи марказии ноҳия ба ихтиёри «Мактаби маҳорати варзишии ҷавонон ва наврасони»-и ноҳия ва ё ба дастаи «Ҳосилот» дода мешуд.
Дар сурати каме дастгирӣ намудани дастаи «Ҳосилот» аминам, ки даста бо ҷалби бозингарони соҳибтаҷриба метавонад обрӯю нуфузи футболи тоҷикро боз ҳам боло бардораду ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад ва шарафи футболи тоҷикро берун аз кишварамон сазовор муаарифӣ намояд.

Акбар Абдусамадов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь