Чанде пеш як рафиқам меҳмонӣ омад. Хостем хӯроки нисфирӯзиро дар ягон ошхонаи ноҳия тановул кунем. Меҳмон хоҳиш кард, ки ошхонаи деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Меҳробод ҷои мувофиқ аст, чун ба гуфтааш, барои меҳмонону истеъмолкунандагон ҷойи истироҳату фароғат ташкил шудааст.

Сухани меҳмонро нашикаста, аз нонвойхона, ки ду нафар нон мепухтанд, ду дона нон гирифтему вориди ошхонаи таърифии деҳаи Меҳробод шудем. Дар саҳни ошхона ду саги дайду гаштугузор мекарданд. Зери дарахтон ду-се нафар болои кат нишаста, чой нӯшидаву суҳбат доштанд. Меҳмонро дар паҳлуи онҳо шинондам ва вориди ошхона шудам. Мушоҳида кардам, як ҷавони ҳузарб, ки ба қавле, куҳро занад, талқон мешавад, бе хилъати корию бе ниқоби муҳофизатӣ нишаста буд. Ду кадбону машғули таомпазӣ буданд, ки онҳо низ бе хилъати корию ниқоби муҳофизатӣ ба мардум хизмат мекарданд. Ба онҳо фармоиш додам, ки ду нимкосагӣ хомшӯрбо ва як чойник чойи кабуд пешкаш кунанд. Иброз намуданд, ки “рафта шинед, пешхизмат таоми фармудаатонро мерасонад”.

Дақиқае чанд гузашта буд, ки хизматгор ду нимкосагӣ хомшӯрборо оварда, дар наздамон гузошт. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҳамин ки қошуқро бардоштем, хомшӯрбо аз шулдурмаоб фарқ надошт. Гӯшти дар коса буда айнан ба тухми гунҷишк монанд буд. Меҳмон ба ман рӯй оварда, гуфт: “Ин ошхонаи таърифиамон ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй бошад?”. Не, ҳаргиз!

Тахминан 50-60 метр дуртар ошхона-чойхонаи дигари деҳаи Меҳробод дар шафати шоҳроҳ ҷойгир аст. Меҳмон хоҳиш кард, ки ҳамин ошхона-чойхонаро дидан кунем. Розигӣ додаму ба ошхона-чойхонаи онҷо омадем. Ошхона-чойхона тозаю озода буда, даҳҳо меҳмону истеъмолкунандагон, мӯйсафедон, пирони рӯзгордидаро мушоҳида кардем, ки чой нӯшида, истироҳати бофароғат мекарданд. Хизматрасон Марҷона Мирзоева ба онҳо хизмат мерасонду дуои неки мӯйсафедонро мегирифт. Дар ошхона ду нафар кадбону ва пешхизмат дар хизматрасонии мардум қарор доштанд. Онҳо бо хилъати корию ниқоби муҳофизатӣ хизмат мерасониданд. Дар як гӯшаи ошхона-чойхона гӯшаеро бо номи “Мӯйсафедон” ташкил кардаанд, ки мӯйсафедон онҷо омада, болои кат нишаставу чой нӯшида, ба бозиҳои шавқовари шоҳмоту шашка машғул шуда, истироҳти бофароғат мекунанд. Дар саҳни ошхона гулҳои рангоранг шинонида шуда, ба он ҳусни дигар зам мекунанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сар то сари ҷаҳонро бемории хавфноки “КОВИД-19” фаро гирифтааст. Ин вабои хавфнок дар кишвари мо низ пайдо шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тариқи воситаҳои ахбори омма мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки аз бе ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои серодам гаштан худдорӣ намоянд ва ба ҳамдигар дар масофаи 1,5 метр дуртар салом диҳанду дар ошхнаҳою чойхонаҳо бе хилъати корию  ниқобҳои муҳофизатӣ фаъолият накунанд. Сабаб чист, ки дар ошхонаи Меҳробод ба ин гуфтаҳо риоя намекунанд?

Ҳоким САФАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь