«Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камтарин кишварҳое мебошад, ки ба нуфузу эътибори занону модарон арҷ гузошта, ҷиҳати таъмини мавқеи онон дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Бо як назари иҷмолӣ метавон пай бурд, ки танҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбиру ташаббус ва ғамхориҳои мушаххас андешида шудаанд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 1998 “Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005” қабул гардида буд. Баъдан дар соли 1999 Ҳукумат Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Зимнан, таъкид бояд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.

Барои солҳои 2001-2010 бошад, «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Ба ин минвол, охири соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад.

Гуфтанист, ки иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошад, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.

Ҳамчунин, дар мамлакатамон аз соли 2008 то ин ҷониб «Барномаи давлатии тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон равона месозанд. Ҳамасола садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешавад. Ва низ баъди хатм дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.

Тоҷикистон кишварест, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оиларо таъсис дод ва он то имрӯз ба таври муассир фаъолият дорад.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд, ки дар фазои давлатҳои ИДМ камназир мебошад.

Ин навбат мавзӯи мавқеъ, мартаба ва нақши занон дар ҷомеаро мо дар мисоли бонувони ноҳияи Файзобод ба риштаи таҳлил кашидем.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Сайбинисо Раҷабзода зимни сӯҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иброз намуд, ки бахши кор бо занон ва оила фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои раиси ноҳия ва барномаҳои давлатии марбути соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати тадбиқи амалии онҳо тадбирҳои судманд андешида истодааст.

– Боиси хушнудӣ ва сарафрозии мо – бонувон аст, ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш аз заҳмату талошҳои бонувон ва бовариашон ба ғайрату шуҷоати онон ёд менамоянд. Маҳз ҳамин дилгармиву дастгириҳост, ки имрӯзҳо занону духтарони мо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас доранд ва дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд. Имрӯз дар ноҳияи Файзобод низ дастгирии занону духтарон дар тамоми соҳаҳо бараъло эҳсос гардида, аз шумораи 120 нафар хизматчиёни давлатӣ 19 нафар занони роҳбарикунанда, 37 нафар хизматчиёни давлатӣ, 18 нафар кадрҳои ҷавон дар ташкилоту муассисаҳо кору фаъолият намуда, 37 нафар занону духтарон дар захираҳои кадрӣ ба қайд гирифта шудаанд,- зикр намуд Сайбинисо Раҷабзода ва афзуд, ки “дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз шумораи умумии 40 нафар 12 нафар зан вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия буда, аз шумораи умумии 215 нафар 46 нафар зан вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд. Теъдоди аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарон ба 1026 нафар расидааст. Ҳамзамон, аз шумораи умумии 1454 нафар кормандон дар соҳаи маориф 691 нафарашонро занону духтарон ташкил дода, аз ин ҳисоб 9 нафарашон роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва таълимии томактабӣ ва 49 нафар зан муовинони сарварони муассисаҳои таълимӣ мебошанд”.

С. Раҷабзода саҳми занонро дар рушди соҳаи тандурустӣ низ назаррас мешуморад. Ба таъкиди мавсуф, дар ин соҳа аз шумораи умумии 214 нафар кормандони тиб 12 нафар зан роҳбарони шӯъбаҳои беморхона, 91 нафар ҳамшираи тиббӣ ва 9 нафар роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ мебошанд.

Ба қавли мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ин ноҳия наздики 200 нафар духтарон аз ҳисоби квотаи Президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, имрӯзҳо 120 нафарашон дар ташкилоту муассисаҳо кору фаъолият доранд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод аз саҳми имсолаи раисони Шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҷашни Сада махсус ёдовар гардид, ки бо пешниҳоди таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шарафи ноҳияро боло бардоштаанд.

Таъкид гардид, ки ҳамзамон, бахш дар ҳамбастагӣ бо дигар шӯъбаю бахшҳои дахлдор даври якуми “Озмуни дастархонороӣ”-ро дар варзишгоҳи марказӣ миёни бонувони ҳунарманди шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор намуд. Ғолиби даври дуюми озмун ҷамоати деҳоти Вашгирд дониста шуда, ба даври дуюм, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, роҳ ёфта, аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи 3-юм ва ифтихорнома шуд.

Тибқи нақша-чорабинӣ бахши кор бо занон ва оила дар моҳи феврал даври якум ва дуюми озмуни “Кадбонуи беҳтарин”-ро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Филармонияи давлатии ноҳия бо иштироки кадбонувон, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир доир намуд, ки Саидова Зулфия Убайдовна – сокини ҷамоати шаҳраки Файзобод ғолиби даври дуюм дониста шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бахши кор бо занон ва оила нисбати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ноболиғон аз ҷиноёт, риояи либоси ягонаи мактабӣ, таблиғи фарҳанги миллӣ ва суннатҳои мардумӣ, худдорӣ аз фарҳанги бегона, танзими анъана ва маросимҳои мардумӣ, зиёдаравӣ накардан ва ғайра бетаваҷҷӯҳ набуда, пайваста сӯҳбату вохӯриҳо ташкил менамояд. Бо ин мақсад тибқи нақша-чорабинӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар шӯъбаю бахшҳо аз 19-уми январ то 18-уми марти соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати иҷрои қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баргузор намуда, дар баробари ин, перомуни ободонии гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, иштирок дар шанбегиҳои умумимактабӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон, омӯзгорон, сокинони диёр дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз сӯҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намудааст.

Лозим ба таъкид аст, ки ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ, таъмин намудан бо ҷойҳои корӣ аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомот дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Агентии шуғли аҳолии ноҳия якчанд маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ доир карда шуда, дар онҳо зиёда аз 106 нафар корҷӯён, аз ҷумла 73 нафар зан ширкат варзида, 41 нафар зан ба кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар баробари ин, дар доираи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия курсҳои ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби занону духтарони хонашин омӯзонида шудааст, ки аз онҳо 18 нафар дӯзанда, 17 нафар бо азхудкунии дӯхтани нақшу нигори миллӣ (попурӣ), 15 нафар ҳамчун қаннод соҳиби шаҳодатнома гардидаанд.

Аз ҳисоби занону бонувони соҳиби касб гардида, бахусус дӯзандагӣ дар ноҳия корхонаҳои хурди дӯзандагӣ ташкил карда шудаанд, ки барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, либоси омӯзгорон, либосу ашёҳои барои муассисаҳои томактабӣ, либоси кормандони соҳаи тиб дар коргоҳи хурди дӯзандагии ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Хизмат”-и шаҳраки Файзобод, ҶДММ “Шоҳком”, ҶДММ филиали “Спитамен-текстайл” саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар ин коргоҳҳои дӯзандагӣ зиёда аз 50 нафар бонувон фаъолият мекунанд.

Бо мақсади дастгирии занони соҳибкор, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо имтиёзҳои хуб фароҳам оварда шуда, занону бонувон дар самтҳои гуногун бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси грантҳои Президентӣ дастгирӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, дар соли 2017 Соҳибназарова Дилбар, сокини ҷамоати шаҳраки Файзобод бо самти моҳипарварӣ ба маблағи 40 000 сомонӣ бо ташкил намудани 6 ҷои кории доимӣ, соли 2018 Файзуллоева Файзигул, сокини ҷамоати деҳоти Чашмасор, деҳаи Дурахшон, самти фаъолияташ ташкили корхонаи дӯзандагӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ бо ташкил намудани 10 ҷои корӣ, соли 2019 Ҳабибзода Шаҳнозаи Ғуломалӣ, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев, деҳаи Ҷонварсӯз, самти боғдорӣ дар масоҳати 90 га ба маблағи 40 000 сомонӣ бо ташкил намудани 10 ҷои кори доимӣ ва соли 2020 Чалишова Маҳбуба Эмомалиевна, сокини ҷамоати деҳоти Мискинобод, деҳаи Орифон, самти фаъолияташ ташкили корхонаи дӯзандагӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ бо ташкил намудани 2 ҷои корӣ бо гранти бебозгашт фаро гирифта шудаанд.

Занони ҳунарманд чӣ мегӯянд?

Саидова Зулфия, раиси занони кӯчаи Рӯзизодаи ноҳияи Файзобод дар навбати худ ба сӯҳбат ҳамроҳ гардида, зикр намуд, ки наздики 10 сол боз ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, ҳамчунин 5 сол боз масъулияти сарварии занони маҳалларо низ бар дӯш дорад. Ӯ мегӯяд, ки тайи ин солҳо дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад. Мавсуф дар зимн махсус аз баргузории чорабинии имсола – озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин», ки дар Боғи Ирами пойтахт баргузор гардид, бо шавқу завқ ёдовар шуд:

– Ман хеле шодам, ки дар ин озмун иштирок намуда, дар он ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кӯрпачадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти куртаҳои миллии азхуд кардаамонро ба намоиш гузоштем. Ҳарчанд модарам омӯзгоранд, вале ба ин серкорияшон нигоҳ накарда, дар хона ба мо ҳар гуна ҳунарро ёд медоданд. Ман аз ҳамаи занон хоҳиш менамоям, ки ҳунар омӯзанд. Зеро мебинам, ки ҳунарҳои аҷдодони мо ба ҷавонон низ писанд омада истодааст ва таваҷҷӯҳи сайёҳон низ ба он зиёд аст. Ҷавонон ҳам дар навбати худ хоҳиши аз худ кардани ин ҳунарҳоро доранд ва рӯз то рӯз фармоишҳо зиёд шуда истодааст. Ғайр аз ин, дар вақти нақшбандӣ ва дӯхтани либосҳои миллӣ асабҳои кас ором мешавад. Аз ин рӯ, ман дар хона ба келинҳоям, духтаронам ва занони ҳамсоя, ки хоҳиши аз худ кардани ин ҳунарро доранд, онро ёд медиҳам. Бигзор ҳамаи занони ҳунарманд дасти каму ғамро набинанд.

Дар ҳамин ҳол, Ғафурова Оимгул – дӯзандаи сехи дӯзандагии филиали ҶДММ “Спитамен Текстайл” мегӯяд, ки дар маҷмӯъ 35 сол таҷрибаи корӣ дошта, дар ин муддат нафарони зиёдеро ҳамчун шогирд ба воя расонидааст. Ҳоло бошад, тайи чор моҳ мешавад, ки ҳамроҳ бо 15 нафар ҷавондухтарон дар ин коргоҳ ба қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, дӯхтани либосҳои милливу мактабӣ машғуланд.

– Ҳамаи бонувони коргоҳи мо аз кори худ розӣ ҳастанд. Мо занони ҳунарманди сехи дӯзандагӣ аз ин шароити замонавӣ, ки бароямон муҳайё гардидааст, хеле миннатдорем. Азбаски бонувони коргоҳамон тифоқу меҳнатдӯстанд, дастаҷамъона ҳамаи фармоишҳоро сари вақт иҷро мекунем. Аз номи ҳамаи занони ҳунарманд миннатдории худро ба Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки нисбати мо занони ҳунарманд, хеле ғамхор мебошанд,- гуфт ӯ.

Бӯриева Бибиҷон, ки солҳои мадид аз касби барои бонувон ғайриоддии заргарӣ пораи нонашро ҳалол карда мехӯрад, иброз медорад: «Агар дар ноҳияи мо 4 нафар заргар бошад, ман ягона зани заргари ноҳияи Файзобод мебошам. Қариб 13 сол мешавад, ки ба ин касб машғулам, аз ин миён 5 сол дар хона кор кардам. Айни замон шароити хуб муҳайё гардид. Раиси ноҳия як дӯкони заргарӣ тақдим кард. Инак дар дӯкони мазкур ман ба ҳунари заргарӣ машғулам. Ҳамаи фармоишҳои вобаста ба заргариро моҳирона иҷро мекунам. Ду нафар шогирд дорам».

Бибиҷон, ки соли 2017 дар озмуни «Ҳунар беҳ аз симу зар» дар Боғи Ирам ширкат варзида, соҳиби шаҳодатнома шудааст, бо итминон мегӯяд, ки аз ҳисоби ҳунари худ зиндагиашро пеш бурда истодааст ва шукргузор аст, ки ҳоло писарчааш низ ҳунарҳои зира, гӯшвора, гӯшворҳои қафасӣ ва тапишҳоро аз худ намудааст ва барои иҷрои фармоишҳо ба ӯ дастёру ёвар аст.

– Ман дар оилаи заргар ба воя расидаам. Қаблан асосан гулкашӣ ва наққошӣ мекардам. Куртаҳои миллӣ низ медӯхтам. Гоҳ – гоҳе ба дӯкони ҳеварам Тоҷиддини Юсуф омада, ба ӯ кумак мекардам ва худро шогирди ӯ мешуморам, ки худ яке аз аввалин шогирдони корхонаи «Тоҷик Кристалл» мебошад. Шояд маҳз ҳамин шавқу равбати зиёд буд, ки ман заргар шудам,- мегӯяд мавсуф.

Талош баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият

Дар идомаи сӯҳбат мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Сайбинисо Раҷабзода дигарбора риштаи суханро ба дасти худ гирифта, гуфт:

– Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар давоми се моҳи соли 2021 тибқи нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018 таҳти №АП-1140 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” тасдиқгардида соли 2021 якчанд озмунро ба нақша гирифта, баҳри амалӣ гардидани онҳо талош намуда истодааст.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллии тоҷикӣ, ороишу парвариши мӯй, ҳунари волои машшотаҳо дар доираи расму ойинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ аз ашъори баландпоя, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳё намудани эҷодиёти даҳонии халқ Фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ”-ро тибқи Низомнома дар ду давр баргузор намудем. Даври дуюми Фестивал дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова бо иштироки 350 нафар занону бонувон, собиқадорон  дар сатҳи баланд доир гардида, 80 нафар духтарони гесудароз иштирок намуданд ва дар ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравии мақомот супорида шуд. Ҳамчунин 15 нафар духтарони ноҳия дар Фестивали ҷумҳуриявӣ, ки дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар баробари ин, ҷиҳати иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ “Оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022” нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар ҳамбастагӣ бо дигар шӯъбаву бахшҳои дахлдор вохӯриҳои бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияро пайваста миёни аҳолӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии вобаста ба зӯроварӣ нисбати занону духтарон ва оқибатҳои номатлуби зӯроварӣ дар оила, ҷалби бештари занону духтарон ба омӯзиши касбҳои мардумӣ, кори хонагӣ ва дар ин доира ташкил кардани якчанд озмунҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии ақдҳои никоҳи бармаҳал ва фарҳанги оиладорӣ, таҳлили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб миёни занону духтарон, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки ба зӯроварӣ дучор гардидаанд, алалхусус манъи бевоситаи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор менамоем.

Сайбинисо Раҷабзода бо пешниҳоди чанд далели муҳим аз фаъолияти пурсамари бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҳамчунин иброз дошт, ки занони меҳрофарини ноҳия минбаъд низ ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон талошу такопӯ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь