Итиминон дорам, ки раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар самти тақвияти корҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбияи кадрҳои сазовор дучанд саъю талош намуда, дар мустаҳкам гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлол буда, меҳвари кору пайкори ҳайати устодону профессоронро татбиқи сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарбияи насли созанда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ташкил медиҳад.

Донишгоҳ 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, тӯли фаъолияташ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии кишвар табдил ёфт.  Фаъолияти донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар сохтори донишгоҳ  6 факултет, 3 бинои таълимӣ,  11 лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири инноватсионӣ, толорҳои барҳаво, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, Марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ, Маҷмааи варзишӣ, хобгоҳи замонавӣ ба хизмати донишҷӯён вогузор шудааст.

Ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажӯҳишоти илмӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардида, 669 адад компютер, 79 адад ноутбук,  200 адад принтер, 160 адад УПС, 19 адад сканер, 137 адад проектор,  41 адад тахтаи электронӣ ва 170 адад камераҳои назоратӣ, 32 адад телевизор, 136 адад тахтаи синфӣ, 9 адад ИБП, 1 адад ксерокс, 2984 адад курсӣ, 1867 адад миз мавриди истифода қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва  ихтисосҳои омӯзгорӣ: омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ,  математика ва информатика, забонҳои англисӣ ва  назарияи иқтисодиёт  ҷорӣ шуда, бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда шуд.

Алҳол, дар донишгоҳ  9283 нафар донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин,  1500 нафар донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.  Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 340 нафар омӯзгор, аз ҷумла 19 нафар доктори илм, профессор, 131 нафар номзади илм, дотсент, 108 сармуаллим, 78 муаллим ҷалб гардидаанд.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ  машғулиятҳо дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешаванд. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Раёсати донишгоҳ  барои пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён  бо 145 корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолӣ  шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.  Хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он – вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ фаъолият бурда метавонанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, бо 34 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, 10 муассисаи ватанӣ, 13 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 4 муассисаи Қазоқистон, бо 1 муассисаи Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Белорус, Хитой ва Ҳиндустон созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.  Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, бахусус, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Беларусия Ӯзбекистон ва донишгоҳҳои кишварҳои Аврупою Амрико ва кор бо барномаҳои байналхалқӣ  доимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Факултети муштараки навтаъсис аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ, инчунин кори бонкӣ ва молия ва қарз дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд.

Дар донишгоҳ маҳфилҳои ҳунарӣ: дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”, театр-студияи “Парвози истеъдод”, гурӯҳи рақсии “Хушхиром” ва маҳфилҳои “Ганҷинаи ҳунар”, “Дастони моҳир”, маҳфилҳои варзишӣ оид ба намудҳои шашка, шоҳмот, волейбол, баскетбол, фитнес ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва ронандагӣ амал мекунад. Донишҷӯён метавонанд дар маҳфилҳои амалкунанда ҳунар омӯзанд ва дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намоянд.

Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ғолибони  олимпиадаҳо ва озмунҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ ва байналмилалӣ мунтазам қадрдонӣ шуда, барои ҳавасмандӣ ва дастгирии донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд стипендияи раёсати донишгоҳ ҷорӣ карда шудааст.

ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

Ҳуқуқшиносӣ

Бизнес ва идоракунӣ

Молия

Инноватсия ва телекоммуникатсия

Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

Баҳисобгирӣ ва андоз

Ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз дорои Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ буда, донишгоҳ дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пазируфта шудааст. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони болаёқат метавонанд таҳсили худро дар магистратура, докторантура (PhD) ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (таҳсилоти дуюми олӣ) идома диҳанд.

Дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси иқтисодиёти минтақа амал мекунад.

Агар хоҳед, ки дар зеботарин таълимгоҳи олии инноватсионӣ таҳсил дошта бошед, чанд забони хориҷиро барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзед ва мутобиқ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ таълим гиред, пас Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро интихоб намоед!

Орзуҳои шумо дар донишгоҳи мо амалӣ мегарданд!

 НОМГӮИ ИХТИСОСҲО

Р\т Рамзи ихтисос Номи ихтисосҳо Намуди таҳсил Забони таҳсил
Кластери 1- «Табиӣ ва техникӣ»  
1. 1-310304-08 WEB-дизайн дар графикаи компютерӣ Рӯзона Тоҷикӣ
2. 1-310304 Информатика Рӯзона Тоҷикӣ
3. 1-400101-02 Системаҳои автоматикунонидашуда Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ
4. 1-450101-03 Технологияи иттилоотию идоракунии
телекоммуникатсионӣ
Рӯзона

 

Тоҷикӣ, русӣ

 

5. 1-020503-02 Математика. Информатика  (омӯзгорӣ ) Рӯзона Фосилавӣ Тоҷикӣ

 

Кластери 2- «Иқтисодӣ ва география»  
1. 1-400102-02 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) Рӯзона

 

Тоҷикӣ

 

2. 1-400102-0201 Технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ Рӯзона Тоҷикӣ
3. 1-250101 Назарияи иқтисодиёт (омӯзгори фанҳои иктисодӣ) Рӯзона

 

Тоҷикӣ
4. 1-250102 Иқтисодиёт Рӯзона

 

Тоҷикӣ, русӣ
5. 1-250103 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
6. 1-250104 Молия ва қарз Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
7. 1-250104-02 Кори бонкӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ
8. 1-250104-03 Андоз ва андозбандӣ Рӯзона Фосилавӣ Тоҷикӣ, русӣ
9. 1-250105 Омор Рӯзона Тоҷикӣ
10. 1-250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхона Рӯзона Фосилавӣ Тоҷикӣ

 

11. 1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ
12. 1-250111 Аудит ва ревизия Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ
13. 1-260101 Идораи давлатӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ
14. 1-260201 Бизнес-маъмуриятчӣ Рӯзона Тоҷикӣ
15. 1-260202 Менеҷмент Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ
16. 1-260203 Маркетинг Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ

 

17. 1-960101 Хадамоти гумрукӣ Рӯзона Фосилавӣ Тоҷикӣ, русӣ

 

18. 1-26020110 Соҳибкории иҷтимоӣ Рӯзона

 

Тоҷикӣ

 

19. 1-2501073001 Иқтисодиёти ракамӣ Рӯзона Тоҷикӣ
Кластери 3- «Филология, педагогика ва санъат»  
1. 1-230102-02 Таъмини забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ) Рӯзона Фосилавӣ

 

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
2. 1-230102-04 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) Рӯзона

 

Тоҷикӣ

 

3. 1-230102-05 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ) Рӯзона

 

Тоҷикӣ

 

4. 1-020306 Забони англисӣ (омӯзгорӣ) Рӯзона Тоҷикӣ
Кластери 4- «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ»  
1. 1-230101 Муносибатҳои байналмилалӣ Рӯзона

 

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
2. 1-230106-03 Сиёсатшиносӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ

 

3. 1-230106-01 Сиёсатшиносӣ  (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ) Рӯзона

 

Тоҷикӣ

 

4. 1-240101 Ҳуқуқи байналмилалӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ,

англисӣ

 

5. 1-240102 Ҳуқуқшиносӣ Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
6. 1-240103 Ҳуқуқи иқтисодӣ Рӯзона Тоҷикӣ
7. 1-260102 Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ Рӯзона Тоҷикӣ
8. 1-930101 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ Рӯзона Тоҷикӣ
9. 1-930102 Санҷиши судӣ Рӯзона Тоҷикӣ
10. 1-020102 Таърих. Ихтисоси  иловагӣ (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ) Рӯзона

Фосилавӣ

Тоҷикӣ

 

11. 1-020102-05 Таърих. Диншиносӣ (омӯзгорӣ) Рӯзона Тоҷикӣ

 

Рамзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 110 қарор дорад.

 ДДҲБСТ: Рақамҳои гӯё

* Айни ҳол дар ДДҲБСТ 669 компютер, 79 ноутбук,  200 принтер, 160 УПС, 19 сканер, 137 проектор, 41 тахтаи электронӣ ва 170 камераҳои назоратӣ, 32 телевизор, 136 тахтаи синфӣ, 9 ИБП, 1 ксерокс, 2984 курсӣ, 1867 миз мавриди истифода қарор дорад.

* Дар соли таҳсили 2020-2021 бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда шуд.

* Теъдоди умумии донишҷӯён дар ДДҲБСТ 9283 (7127 нафар дар соли хониши 2019 -2020) нафарро ташкил медиҳад.

* Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 340 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 19 нафар доктори илм, профессор, 131 нафар номзади илм, дотсент, 108 сармуаллим, 78 муаллим ҷалб гардиданд.

* Дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитойӣ машғулият гузаронида мешавад.

* Соли 2020 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ, 2 нафар бо медали “Хизмати шоиста”,  4 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  24 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

* Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён Нуронидин Азизов аз фанни физика, Шавкат Рофиев аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, Нигина Авезматова аз фанни химия, Фарҳод Темуров аз фанни астрономия сазовори Диплом ва Ифтихорнома гардиданд.

* Дар даври дуюми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷӯён муҳассилини ДДҲБСТ Рауф Турғунов сазовори медали нуқра ва Исломиддин Қодиров сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

* Дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  донишҷӯён  – Шаҳзод Абдуллоев сазовори ҷойи аввал ва ба маблағи 8000 сомонӣ ва Манижа Ҳидоятова сазовори ҷойи дуюм ва ба маблағи 6000 сомонӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

* Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ – Шаҳзод Абдуллоев ва Манижа Ҳидоятова фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

* Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” аз рӯи равияи фанҳои гуманитарӣ сазовори ҷойи якум гардидани Рустам Қориев, дар равияи фанҳои дақиқ сазовори ҷойи дуюм гардидани Аслия Абдуллоева  боиси ифтихору сарфарозист.

* Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2 нафар,  стипендияи раиси вилояти Суғд-26 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ 44 нафар донишҷӯёнро ташкил медиҳад.

* Раёсати донишгоҳ ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 145 корхонаю ташкилот шартномаи ҳамкорӣ дорад.

* Соли 2020 4 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгори ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя карданд.

* Соли 2020 аз ҷониби устодони донишгоҳ 8 монография, 169 мақола дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА тавсияшуда, 184 мақола дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ, 183 мақола дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва 311 мақолаҳои илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишгоҳӣ ба нашр расонида шуданд.

* Аз ҷониби озмоишгоҳи инноватсионӣ ва Парки технологии донишгоҳ тавассути барномаи “Пешсаф” 25 лоиҳаи донишҷӯён пешниҳод шуд, ки 13 лоиҳа амалӣ гардида, якчанд барномаҳо таҳия ва ихтироот ба роҳ монда шуд.

* ДДҲБСТ бо 34 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, 10 муассисаи ватанӣ, 13 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 4 муассисаи Қазоқистон, бо 1 муассисаҳои Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Белорусия, Хитой ва Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ дорад.

* Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 1500 нафарро ташкил медиҳад.

* Танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1267 нафар ба донишгоҳ дохил шуданд.

* Соли 2020 дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ донишҷӯён Шаҳром Фатҳуллоев аз рӯи намуди ҷиу-ҷитсу, Ҳасанҷон Туйчиев аз рӯи намуди гуштии юнониву румӣ, Рустамҷони Юсуф аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи аввал гардиданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь