Оё боре аз баландиҳои кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи Босӣ, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Туркистон маъмул аст (академик Бобоҷон Ғафуров номи ин кӯҳҳоро аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдо намуда, дар китоби безаволи «Тоҷикон» ҷойгузин кардаанд: – Кӯҳҳои Босӣ ё худ Посӣ. Аз давраи Осиёи Миёнаро истило кардани Русия (охири солҳои 60 – уми асри Х1Х) ин қаторкӯҳро Туркистон номиданд, ки то имрӯз ҳамин гуна ном бурда мешавад.), ба дараҳои зебоманзару паҳнои сарсабзу хуррами ноҳияи Деваштич, ки деҳаҳои бузургу кӯчаки зиёдеро дар бар гирифтааст, назар афкандаед? Оё боре аз обҳои софу зулоли чашмасорону наҳрҳои пуртуғёнаш нӯшидаед?

Оё медонед, ки ин гӯшаи зебоманзари кишвари тоҷикон, ки аз ҷумла бо осори гаронбаҳои дирӯзу имрӯзаш, аз қабили зиёратгоҳҳо, даҳҳо манзилу макони қадима ва абармардони номвару меҳнатқаринаш дар саҳфаи таърих мавқеи муносиб дорад?

Ин сарзамин низ мисли ҳама обу хоки дигар минтақаҳои мамлакат дар баробари пешравиву дастовардҳояш орӣ аз мушкилоту муаммо нест. Вале мардуми заҳматқарини ин ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр аз он монеаҳоро тавассути меҳнати суботкорона паси сар намуданд ва ба сӯйи музаффариятҳо қадам мениҳанд.

Ин деҳаҳо, махсусан деҳоти болооби ноҳияи Деваштич, ки ҳанӯз оғози солҳои 30 – юми асри гузашта ноҳияи Панҷшанберо ташкил дода, соли 1939 ба ифтихори яке аз ходимони давлативу ҳизбии собиқ ИҶШС Михаил Иванович Калинин (с. 1875 – 1946) Калининобод номгузорӣ гардида буд, бо табиати бою рангинаш маъруфият дорад. Ҳазорон гектар арчазору дарахтони гуногун, растаниҳои шифобахш ва рӯду сарчашмаҳои мусаффояш бинандаро шефта месозад. Бисёре аз ҳайвоноту парандагони нодири мавзеъҳои кӯҳии ин макон дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд.

Соли 1953 маркази маъмурии ноҳияи Калининобод ба деҳаи Ғончӣ (имрӯз шаҳрак ва маркази маъмурии ноҳияи Деваштич) кӯчонида шуд, ки деҳаҳои атрофи он деҳа ва чандин ҳазор гектар заминҳои лалмии дигар шомили ин ноҳия гардид.

Дар феҳристи номҳои ин ё он шаҳру билод, ноҳияву деҳаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ба ифтихори ин ё он шахсиятҳои маъруф гузоштани номҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар замони шӯравӣ бо баробари давом додани ин анъана ба номи пешоҳангҳои Инқилоби Октябр – Ленину Сталин, Молотову Ворошилов, Фрунзе, Свердлову Микоян ва дигар ходимони намоёни давлативу ҳизбӣ, аз ҷумла Калинин дар тамоми қаламрави ИҶШС гузоштани ном ниҳоят зиёд ба назар мерасид. Фақат дар РСС Тоҷикистон бо номи ин «Оқсақоли умумирусиягӣ» (таъбири Л.Д. Тротский дар соли 1919) ва баъдҳо «Оқсақоли умумишуравӣ» чандин кӯчаву хиёбонҳо ва ду маркази маъмурии ноҳия гузошта шудааст, ки яке Калининобод – ноҳияи Леваканти имрӯза, воқеъ дар вилояти Хатлон, дигаре собиқ Калининободи вилояти Ленинобод (имрӯз Суғд) мавҷуд буд. То ҳанӯз бисёре аз мардуми ин ду минтақа худро калининободӣ муаррифӣ мекунанд, ҳарчанд бо соҳибистиқлол шудани кишвар ин номҳо кайҳост дигар гаштаанд.

Як зуҳуроти қонуни равоншиносӣ ҳамоно дар зеҳни инсон нақш бастани мафҳуми солҳо азбаршуда мебошад, ки аз насл ба насл мегузарад. Имрӯз дар шуури насли навраси замони истиқлол боқӣ мондани номҳои азбайнрафта аз ҳамин сарчашма манша мегирад.

Дар ин гӯшаи диёр деҳаҳои зиёде арзи вуҷуд мекунанд, ки номҳои қадимаву шинам ва зебои худро ҳифз кардаанд, ҳарчанд дар маҷмуъ ин минтақа ҳанӯз Калининобод ном бурда мешавад.

Номи деҳаҳои Панҷшанбе – Калининобод мувофиқи тартиби алифбо:

Басманда, Бобучак, Дархон, Даҳкат, Каҷровут, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Қалъаи Ҳоҷӣ, Метк, Муряк, Навобод, Нуробод, Овчӣ, Пушти отхона, Ростровут, Сумбулканд, Сурхоб, Сурхобча, Угук, Файзобод, Хишекат, Хӯҷаҳо, Шоҳон, Чӯянгарон.

Ин деҳот, воқеан, ҳар кадом таърихи дуру дарозе доранд. Дар бисёре аз онҳо шаҷараҳои авлодии чандин садсолаҳо ҳифз мешаванд. Ёддоштҳои зиёди шифоҳӣ аз гузаштаи дур дар зеҳни мардум боқӣ мондааст. Лаҳҷаи гуфтори мардуми деҳоти самти ҷанубу ғарбии болооби ноҳияи Деваштич, ки номбар шуд, ба лаҳҷаҳои мастчоҳӣ, яғнобӣ, фалғарӣ ва ромитӣ шабоҳат дорад. Бисёре аз ин деҳот, аз қабили Угук, Овчӣ, Метк ва Ростровутро як дара аз Кӯҳистони Мастчоҳ ҷудо мекунад. Пас маълум мешавад, ки таърихи ин ҳама мардуми кӯҳистон муштарак буда, аз як сарчашма об мехурад. Шаклу рехт, пайкару бозувони рустамона ва тарҳу рӯйи тоҷикона дар қиёфаи ин мардум ба хубӣ боқӣ мондааст.

Расму таомул ва анъанаҳои неки гузаштагони миллати тоҷик дар ин гӯшаи диёр ба хубӣ пос дошта шудааст. Ҷашн гирифтани Наврӯзи хуҷастапай бо ҳама анъанаҳои қадимааш, махсусан маросими ҷуфтбаророн, ки дар ҳар деҳа ба таври густурда қайд карда мешавад, яке аз суннатҳои ин диёр мебошад. Дар тӯю сур атрофи гулхан рақсу бозӣ карданҳо низ аз анъанаҳои неки гузаштагон дарак медиҳад.

Имрӯз ин деҳот, ки дар маҷмуъ ҳанӯз байни мардум бо номи Калининобод, Панҷшанбе ва ё Чаҳорбасманда ном бурда мешавад, ба шуроҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Ростровут тақсим шудааст.

Чи тавре қайд гардид, ин макон дар доманаи қаторкӯҳи Босӣ маъво гирифта, то ба умқаш тӯл мекашад ва барҳақ сарзамини хотироти рангин ва пур аз ғавғо аст. Фақат боре ба кӯҳистони хомӯши ин диёр дида дӯхтан кофист, ки аз рози ниҳониаш бохабар шавӣ. Аз он асроре, ки мавриде селоби ниҳоят бузурге кӯҳро рахна кардаву ба паҳнои имрӯзаи аҳолинишини ин сарзамин сарозер шуд. Дурусттараш, ба шаҳри азими онвақта, ки гузашти вақт номи онро ҳам бо худ рабудааст. Акнун ҷойи он селоб сойи бузурге ба ёдгор мондааст, ки паҳнояш дар баъзе маврид то 300 метр ва чуқуриаш то 100 метр меояд.

Бархе аз ҳолдонҳо ақида доранд, ки дар ҷойи имрӯзаи деҳаҳои Угуку Овчӣ ва гирду паҳнои он кӯли бузурге маъво дошт ва шояд ба иллати заминларзаи сахт ва ё офати дигар оби солҳои сол ҷамъомада дили кӯҳро шикофиду ба пастӣ фаромад. Ин ҳодиса кай ба вуқуъ пайваст, касе намедонад. Аммо як назар ба кӯҳҳои хомӯши арофи ин деҳаҳо, ки ҳанӯз изи то рафт паст гардидани оби кӯли боҳашаматро зина ба зина дар рӯйи худ нақш кардаанд, нигаристан кофӣ аст, бидонем, ки воқеият чунин будааст. Ҳамзамон, аз донандагони илми биологиву кимиё пӯшида нест, ки таркиби хоки зери оби массааш бузург ва солҳои зиёд нуҳуфта ба хокаи семент мубаддал мегардад, ки хоки ин деҳаҳо, махсусан деҳаи Овчӣ аз ҳамин гуна хокҳост. Вақте кор ба ин тартиб сурат гирифт ва шаҳри азими дар паҳнои самти шимоли кӯҳистон ҷойгирифтаро об шуст, табиист, ки бошандагони аз хатар эминмонда ба доманакӯҳҳо ва дигар мавзеҳои амн кӯч бастанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ номи шаҳре бо унвони Марсманда ёдоварӣ мешавад, аммо то кадом давру замон он шаҳр побарҷо буд, касе намедонад. Фақат шаммае аз қиссаи маъруфи то ба имрӯзрасида, ки ҳамешаву ҳардам ёдоварӣ мегардад, аз бузургии он шаҳр далолат медиҳад: «Он шаҳр ба дараҷае азим буд, ки одамӣ метавонист аз оғозаш – имрӯза деҳаи Даҳкат дар назар гирифта мешавад, то ба анҷом – Шаҳристони имрӯза, сар – сари боми хонаҳо то ба охир тай намояд.» Ин масофа, ки аз шарқ ба ғарб беш аз 50 километр тӯл мекашад ва паҳнои ҷанубу шимолаш низ ҳамин фосиларо дорост, далели бузургии он шаҳр ва бениҳоят зиёд будани иморатҳояш аст.

Ҳамчунин, роҷеъ ба обҳои фаровонаш ин гуфта, ки «одамони ин диёр тавассути қаиқу заврақ аз ҷойе ба ҷойе мерафтанд» касро дар ҳайрат мегузорад.

Тахмин меравад, ки ин шаҳр 3 – 4 ҳазор сол пеш арзи вуҷуд мекард ва дар натиҷаи фалокате, ки ишора шуд, аз байн рафт ва то ҳазорсолаҳои охир дар ин паҳнои обшуста имконияти зисту зиндагонӣ маҳдуд гардид. Вагарна дар он ҷойе, ки доманаи бузургест, аққалан дар тӯли ҳазор соли охир бояд шаҳри дигаре қомат меафрохт. Аз ин гуфта маълум мешавад, ки таъсири як фалокати бузург то замони милод ва баъд аз он то ҳазорсолаи охир низ боқӣ монда будааст.

Бо гузашти солҳо табиат низ тағйир ёфт, обҳо хушкиданд ва ниҳоят мардум боз кам – кам ба ин паҳно кӯч бастанд. Ба паҳное, ки аз оби фаровону як замон саршори рудҳои пуртуғён, ҷуйборҳои хурд – хурде боқӣ монданду бас, чашмаҳои як замон хурӯшон хушкиданд ва дунёи ин музофот дигар шуд. Ва аз он замон то кунун мардуми бумии ин гӯшаи ватани маҳбубамон аз кофӣ набудани оби ошомиданиву полезӣ азият мекашанд.

Чунин аст расми саройи фиреб,

Гаҳе бар фарозу гаҳе бар нишеб…

Бо вуҷуди мушкилиҳо мардуми боғайрати ин минтақа тавассути маҳорате, ки дар кори деҳқонӣ доранд ва баъзеҳои дигар ба василаи доду ситад дар тиҷорат зиндагии худро сару сурат доданд. Ва то имрӯз гарчанде зиндагониро бо сахтию ранҷ мегузаронанд, ба вазнинии кор тан медиҳанд ва лаззати оромишу осудагиро дар он мебинанд.

Табиист, ки дар ҳама ҷо одамӣ ба василаи кору меҳнат ризқу рӯзӣ пайдо мекунад, аммо шароити ҷуғрофии ин гӯшаи кишварро ба инобат гирифтан аз рӯйи инсоф мебуд.

Заминҳои зироатии ин минтақа асосан лалмӣ аст. Дар бисёр маврид деҳқонон обро ба воситаи насосҳо аз ҷоҳҳои амудӣ, ки то 150 – 220 метр чуқурӣ дорад, ба боло мекашанд ва заминҳои худро обёрӣ мекунанд. Ягона оби ҷории табиӣ, ки мавҷуд аст, аз дарёҳои Овчиву Угук ва дигар шохобчаҳо сарчашма мегирад, ки қисми асосиаш ба воситаи қубури зеризаминӣ ба заминҳои ноҳияи Истаравшан интиқол дода мешавад. Маъмултарин сухане, ки дар ин бобат аз забони сокинони ин диёр садо медиҳад, «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем…» аст.

Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳаёти мардуми ин минтақа низ марҳилаи нав боз шуд. Қисмати бештари нерӯи корӣ, махсусан ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан ба Федератсияи Русия рӯ ниҳоданд. Солҳои охир бисёр иттифоқ меафтад, ки муҳоҷирони меҳнатии ин ё он деҳа дастаҷамъӣ маблағҳои муайян ба деҳаҳои худ мефиристанд ва барои ободии ин ё он гӯшаи зодгоҳашон иқдомҳо мекунанд. Мағозаву дӯконҳо ва ё бунгоҳҳои тиббӣ созмон медиҳанд, роҳҳоро мумфаршу таъмир мекунанд. Тибқи бархе аз лоиҳаҳои инвеститсионӣ баъзан мактабу синфхонаҳо сохта мешаванд, вале дар маҷмуъ ҳанӯз кори назаррасе ба субот нарасидааст. Алҳол ягон корхонаи саноатӣ, ки тавонад фарзандони мардуми ин гӯшаро бо ҷойи кор таъмин намояд, вуҷуд надорад. Меҳмонхонае нест, ки ба масал мусофире шабро сипарӣ кунад. Он чӣ, ки ҳаст, ҳамон осиёбҳои дастисохт ва ё қисман истеҳсоли Чин аст, ки мушкили одамонро дар мавриди орд кардан осон мегардонад. Он чӣ, ки ҳаст, меҳру самимияти мардуми маҳаллӣ аст, ки намегузорад меҳмони ин сарзамин худро мусофир пиндорад. Вале замона дигар шудааст. Акнун мебояд меҳмонсаро, дӯшу обрезӣ ва ё ҳаммоми ҷамъиятӣ дар хизмати мардум бошад. Акнун мебояд байни деҳаҳову шаҳрҳои гирду атроф нақлиёти мусофирбар муттасил дар ҳаракат бошад. Акнун мебояд бозорҳои замонавӣ ифтитоҳ дода шаванд, то фурӯшанда ҷиҳозашро рӯйи хоку чанг дар сари роҳ паҳн накунад.

Дар ин макон як маврид шаҳри азиме доман густурда буд, ки ҳанӯз сутунҳои қасри бошукӯҳаш, корезҳои сафолини обгузараш ва дигар бозёфтҳои тасодуфиаш аз қабили хуму ашёи рӯзгор, ҷавоҳироту ороишоти занона, мадфангоҳҳои замони бобои Одам ва ғайра бо афсӯсу надомат сӯйи мо имрӯзиён менигарад.

Нақл мекунанд, ки боре солҳои 60 – уми асри гузашта барои «зинда гардонидани» ин гӯшаи фаромӯшшудаи таърих ибтикоре сар зад. Гурӯҳе ташкил карда шуд, ки ҳафриёт баранд ва аз ҷумла ду сутуни сангину бузурги пурнақшу нигорро омӯзанд, ки то имрӯз паҳлӯи сойи калон – қисмати шарқии ин сарзамин – канори деҳаи Ҳӯҷаҳо сар аз хок бардоштаанд. Ин сутунҳо шояд сутунҳои кушк ё қасре бошанд, ки аз маданияту маҳорати гузаштагони дур дарак медиҳанд. Мегӯянд, ки бо фатвои бархе аз уламо ин иқдом ба ҳукми бидъати нораво то ба охир расонида нашуд.

Агар ин бозёфтҳо дар ҷойи дигар мебуданд, дастандаркорон он ҷоро макони мамнуъ эълон медоштанд, гирду атрофашро, ки шояд ҳудуди васеъ дорад, меомӯхтанд, сипас, мисли як осорхонаи даврони пешин ва дорои арзиши ҳунарӣ дар маърази тамошо мегузоштанд ва назари ҳазорон сайёҳро ба ин макон ҷалб менамуданд.

Бовуҷуд, бархе аз ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла санги мазори Хоҷа Абӯтоҳир дар Шурои деҳоти И. Сомонӣ, сутуни мармари сиёҳи мазори деҳаи Угук, корезҳои аз дили замингузаштаву мадфангоҳҳои замони оташпарастӣ ва дигар ёдгориҳои ин сарзамин имрӯз аз ҷониби бархе дилбохтагони даврони атиқа ҳифзу нигаҳбонӣ карда мешаванд.

А. ШАҲЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь