Ба ифтихори 105-солагии аввалин бинокорзани тоҷик-Тоҳирова Ҳамро Зоировна
Бузургтарин сарвати давлат ин фарзандони ватандӯсту ватанпарвар ва боистеъдоду бофарҳангаш аст. Ингуна фарзандон қодиранд кишварро ба сатҳи баланди тараққиёт расонида, бо садоқат ба ватан хидмат ба мардум намоянд. Яке аз чунин шахсон ходими намоёни давлатӣ, аввалин бинокорзани тоҷик Тоҳирова Ҳамро Зоировна (1912- 1990) мебошад.
Тоҳирова Ҳамро Зоировна 22-юми августи соли 1912 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар чашм ба дунё кушод. Вай фаъолияти меҳнатиашро соли 1935 баъди хатми Донишкадаи давлатии Осиёи Миёна оғоз намуда, солҳои 1936-1940 ҳамчун сардори участкаи сохтмон ва муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Кумитаи давлатии сохтмону назорати Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ин давра, як қатор биноҳо аз ҷумла, Маҷлиси Оли Тоҷикстон, Донишгоҳи тибби Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин як қатор муассисаҳои фарҳангӣ ва маҳаллаҳои истиқоматӣ бо иштирок ва роҳбарии ӯ сохта шуданд. Тоҳирова Ҳамро аз соли 1940 то соли 1954 дар вазифаҳои масъули давлатӣ аз ҷумла, дар Шӯрои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занони Комитети Марказӣ, мудири шуъбаи кор бо саноат ва нақлиёти Комитети Марказӣ, Котиби камитети марказии Шӯрои Олии Тоҷикистон, вазири сохтмони шаҳру деҳот (1954-1957), вазири сохтмон (1957-1961), вазири масолеҳи бинокорӣ ва саноат (1963-1968), раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (1968- 1974) кор намудааст.
Тоҳирова Ҳамро дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард, чандин маротиба депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, депутати Иттиҳоди Шӯравӣ ва аъзои Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, узви Кумитаи занони мамлакат ва аъзои кумитаи занони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гаштааст. Ба бисёр давлатҳои дунё аз ҷумла, ба Австрия, Франсия, Испания, Белгия, Ироқ, Бразилия, Ҳиндустон, Италия, Канада,Ҷопон ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафар карда, дар конфронсҳои гуногунсоҳа ва вохӯриҳои маданӣ ширкат намудааст. Ҳамро Тоҳирова солҳои тӯлонӣ бо фаъолзанони намоёни ҷаҳонӣ, аз ҷумла-Индира Гандӣ, Ашока Гупта, Эжени Коттон, Жанни Мартен, Нина Попова ва бо дигарон мукотибаи доимии дӯстиву корӣ дошт. Ӯ бо афроди шарифу барӯманди тоҷик мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Низорамоҳ Зарифова, Тоҷинисо Азизова, Ибодат Раҳимова ва дигарон ҳамроҳ кор кардааст.
Ҳукумати ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон хизматҳои Ҳамро Тоҳироваро ба назар гирифта, ӯро бо мукофотҳои олӣ аз ҷумла, бо 3 ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати диловарона дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945», 5 ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Бинокори хизматнишондодаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ ва Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонидааст.
Тоҳирова Ҳамро 14-уми феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. 15-уми феврали 1990 турбати ӯро дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душашбе ба хок супориданд. Мардуми тоҷик имрӯз ҳам бо корнамоӣ ва ҷоннисориҳои ӯ ифтихор намуда, номи ин бинокорзани тоҷикро бо некӣ ёд мекунад.
Таҳияи Бахтовар Темирзода