Дар доираи тадбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 29 апрели соли равон дар назди театри давлатии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Камоли  Хуҷандӣ даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию-техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон Малоҳат Рустамзода баргузор гардид.

Мақсади асосии гузаронидани озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулот ва кору хизматрасонии хушсифат, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии вилоят ва ҳамзамон муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаррифии маҳсулоти беҳтарини корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои кору хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ  равона карда шудааст.

Дар даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 96 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ашт ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо 105 номгӯи маҳсулотҳои дар дохили кишвар истеҳсолшаванда иштирок намуда, 30 корхонаву муассисаҳо ғолиби даври вилоятии озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” дониста шуданд. Ғолибони даври вилоятӣ дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок намуда, вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳанд намуд.

Миқдори иштирокчиёни озмун аз рӯи наминатсияҳои тасдиқшуда 12 адад корхонаҳои саноатӣ, 13 адад корхонаҳои маҳсулоти таиноти истеҳсолию техникӣ, 29 адад муассисаҳои хӯроки умумӣ, 5 адад аз соҳаи хизматрасонии хӯроки умумӣ, 8 адад меҳмонхонаҳо, 3 адад ширкатҳои сайёҳӣ ва 26 нафар ҳунармандон бо 105 номгӯи маҳсулот ва кору хизматрасонӣ дар озмун иштирок намуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузор гардидани озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри беҳбудии сифат ва бехатарии маҳсулоти ватанӣ ва баланд гаштани рақобатпазирии он равона карда шудааст. Аз ҷониби дигар оиди беҳтарин истеҳсолкунандагони  маҳсулот ва хизматрасонии ватанӣ дар байни ҷомеа маълумоти муфассал бо мақсади истеҳсоли бештари молу маҳсулот дар бозори дохила ва байналхалқӣ паҳн мегардад ва дар тайёр намудани корхонаҳо барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин озмуни давлатҳои Муштаракулманофеъ ва дигар озмунҳои байналмиллалӣ шароит фароҳам меорад.

Хушбахтона дар натиҷаи баргузор намудани чунин озмунҳо бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ, маслиҳату машварати мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар соли 2022 ду корхонаи вилоят дар озмуни беҳтарин истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардуми Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, яъне СНГ, соҳиби ҷоиза ва диплом гардиданд. Аз ҷумла, ҶДММ “Ҷавонӣ” бо истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагии содиротӣ лауриати ҷоизаи озмун ва ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” бо истеҳсоли қолинҳо соҳиби дипломи истеҳсолкунандаи беҳтарин молҳои ниёзи мардум байни корхонаҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Муштаракулманофеъ гардиданд.

Дар давоми зиёда аз се моҳ аъзоёни комиссияи даври вилоятии озмун барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани ин чорабинии муҳим омодаги диданд. Доир ба ташкил ва баргузории озмун «Дастурамал» ва «Низомнома»-и дахлдор тасдиқ карда шуда, семинари омӯзиши барои мумайзон-экспертҳо гузаронида шуд ва чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018, 2021 чунин озмун дар вилояти Суғд бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардида буд.

Баъд аз баҳогузории озмун аз ҷониби мумайизон-экспертҳо иштирокчиёни озмун маҳсулотҳои худро бо нархи дастрас ба фурӯш гузоштанд ва шаҳрвандон маҳсулотҳои дилхоҳи худро харидорӣ намуданд.

Ҷамъбасти даври вилоятии озмун дар бинои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки муовини директори Агентӣ Малоҳат Рустамзода баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, ҷоиза ва шаҳодатнома қадршиносӣ карда шуданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулотҳо ва кору хизматрасонии худро ба талаботҳои байналхалқӣ мутобиқ намоянд то дар бозори дохила ва беруна ба рақобат тобовар гашта, ба ин васила дар тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар саҳми худро гузоранд.

Ҳамчунин ин озмун имконият медиҳад, ки соҳибкорон-истеҳсолкунандагон бо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ошно гашта, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд ва маҳсулоташонро реклама намоянд.

Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандар  вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь