Бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Панҷакент -Абдухолиқ Холиқзода соҳибкорони ватандӯст Давлатов Қутфиддин ва Ёқубова Фариза дар зери бинои тарабхонаи “Дӯстӣ”, ки ҷои холи буд чойхонаи замонавӣ сохта ба истифода доданд. Дар рузи кушодашави чанд нафар кӯдаки ниёзмандро хатнатӯй намуда бо сару либос таъмин карданд. Ҳанӯз 14.11.20 мо ва муйсафедон оиди сохтани чойхона ба раиси шаҳр А. Холиқзода муроҷиат намуда будем.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳо оиди ҷой доштани камбудиҳо дар тайёр намудани кадрҳо дар Коллеҷҳои тиббии давлати ва хусусӣ сухан карданд.

Масалан Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент зиёда аз 35 сол аст, ки бинои мустақил надорад ва ин бино дар дохили бинои идораи Омор фаъолият дорад.

Директори ба тозагӣ таъиншуда, депутати вилоятӣ Сафаров Маҳмадмурод бо ҳамкорону донишҷуён муносибати хуб дошта, таъин шудан замон атрофи бинои иҷораро обод намуд ва асбобҳои аёнӣ барои донишҷӯён овард. Кӯшиш дорад, ки Коллеҷ соҳиби бинои замонавӣ гардида,  бо лавозимотҳои  зарурии хониш таъмин карда, сифати дониш баланд бардошта шавад.

Яке аз соҳибкорони пешқадаму бонанги биносоз дар ноҳия Қодиров. А мебошад, ки ният дорад бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ноҳия ё вилоят бинои Коллеҷро бо сифати баланду замонавӣ сохта диҳад.

Ҳанӯз 18. 03. 2023 дар рӯзи қабули шаҳрвандон ба раиси шаҳр А. Холиқзода оиди бунёди бинои нави  Коллеҷи тиббӣ муроҷиат намудам бо дархости омӯзгорони ин даргоҳ.

Ҳамчунин барои бо ифтихорнома қадр намудани раиси бозори марказӣ – Раҳимов барои болопӯш намудани бозор  ва бо ифтихорнома қадр намудани кормандони чойхонаи “Муҳиддин” барои хизмати бенуқсон ба аҳолӣ пешниҳод намудам. Чанд сол пеш собиқ раиси бозор Шодиев Ӯ дохили бозорро пурра асфалт намуда буд. Боварӣ дорам, ки пешниҳодҳои мо дастгирӣ  меёбанд!!!

Рустам Шеров шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь