Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг бо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро дар соли таҳсили 2020-2021 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, саъйи бештар ба он равона доштааст, ки сатҳу сифати таҳсилро баланд бардошта, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми арзанда гузорад. Дар ин росто дар аксари кулли муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳо андешида мешаванд. Ин аст ки дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26.01.2021) дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештаре додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

Маҳаки асосии пешрафт

Рушди соҳаи маориф ин кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҳар миллат аст. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад, зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бориз мебозад. Бешак, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, фарогирии саросарии наслҳои ҷавону наврас ба мактаб, бунёди мактабҳои наву замонавӣ ва тарбияи босифати мутахассисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2019 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Паёми раҳнамо

Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Маҳмадназар Амирсаидов низ иброз дошт:

– Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг фаъолияти кори худро дар заминаи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани Барномаҳои таълимӣ, консепсия ва стратегияҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли 2021 корҳои муайянро ба иҷро расонидааст. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳо, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд,  дар заминаи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, нақшаи чорабиниҳои шуъба ба тасвиб расида, тавассути гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати мушовирон, кормандони фаъолу бо таҷрибаи соҳа, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Нишондодҳои оморӣ

Тавре мудири шуъбаи марорифи ноҳияи Ховалинг Маҳмадназар Амирсаидов афзуд, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ин ноҳия 51 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 17 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 1 литсей-интернати давлатӣ, 2 боғчаи кӯдакон (аз ҷумла, як боғчаи хусусӣ) ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 12370 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба ин теъдоди хонандагон 917 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд, ки 262 нафари онҳо зан мебошанд.

Татбиқи дигар дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳо ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф, қарору амрҳои раиси вилоят ҷиҳати рушду такомули соҳаи маориф дар ноҳия мавриди амал қарор дода шуда, корҳо бо маром идома доранд.

Идомаи бунёдкориву созандагиҳо

Бобати тезонидани бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, бо №504 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2021” сохтмони 15 адад бинову иншооти соҳа ба нақша дароварда шудааст, ки сохтмони 2 муассисаи таълимии умумии асосӣ, бинои маъмурии шуъбаи маориф ва маркази дарёфту рушди истеъдодҳо, сотхмони 2 муассисаҳои томактабӣ дар маркази ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба соли 2021 рост омада ва дар ин самт ба мақомотҳои дахлдор ҳамкориҳои муайян ба иҷро расиданд.

Ҳамчунин, дар ин давра, корҳои муайян оид ба оғози сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст дар маҳаллаи Тутаки ҷамоати шаҳраки Ховалинг ва бинои муассисаи таълимӣ барои деҳаҳои Буғдояки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба анҷом расида, сохтмони ин муассисаҳо оғоз гардиданд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароиту имкониятҳои фаъолият барои кормандон, бинои маъмурии шуъбаи маориф бо маблағи 75 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, бо мизу курсӣ ва дигар воситаҳои корӣ таъмин карда шуд.

Таъмини иҷрои барномаҳои таълимӣ

Дар ҳамин давра бо мақсади беҳбуд бахшидан ба рафти таъмини иҷрои Барномаҳои таълимӣ, риояи талаботҳои коргузорӣ, ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ намудани Оиннома, нақшаи кори муассисаҳои таълимӣ, беҳбуд бахшидан ба фаъолияти шӯроҳои омӯзгорӣ, методӣ, иттиҳодияҳои методӣ, ташкили маҳфилҳои фаннӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам, бо иштироки директорон, муовинони деректор ва роҳбарони созмонҳои хонандагон 3 семенар-машварати дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Дар давоми соли хониши 2020-2021 зиёда аз 6 маротиба санҷишҳои нозирӣ, аз ҷумла, 3 санҷиш дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, бо мақсади санҷидани вазъи давомоти хонандагон, риояи интизоми меҳнат аз тарафи омӯзгорон ва рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ 5 рейди муштарак ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҳамин давра, рафти амалигардонии Консепсияи миллии тарбия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, таҳти №483 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, таҳти №544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 20182020”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №456 “Оид ба Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2021, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, дар шӯрои шуъба ва маҷлисҳои назди мудири шуъба баррасӣ гардиданд.

Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо

Ҷиҳати ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар заминаи қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия, нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф ба тавсиб расида, ташкил ва гузаронидани даври аввали ин озмунҳо дар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра, дар доираи ҳамкориҳо бо Барномаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”, ки дар 3 маркази методии минтақавии ноҳия фаъолият дорад, озмуни “Гӯшаи хониш” дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ташкил ва гузаронидани озмунҳои фаннӣ, иштирок дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин ташкил ва гузаронидани дигар озмунҳои беҳтаринҳои сол дар назорати доимӣ қарор доранд.

Дар давоми соли таҳсил 57 нафар хонанда, аз ҷумла, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 27 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи иштирок дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ сазовори медал (5 медали тилло, аз ҷумла 2 ҷумҳуриявӣ) ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Баргузорӣ ва таъмини иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо дар сатҳи зарурӣ идома дорад.

Сатҳу сифати таълим

Муассисаҳои таълимии ноҳия таваҷҷуҳи асосиро мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия равона месозанд. Дар бахши сифатан пурмаҳсул гузаронидани таътилҳои зимистона, баҳорӣ ва тобистона ва иҷрои фармоишоту нақшаи чорабиниҳои дар ин ҷода таҳия ва тасдиқшуда ҳам дар муассисаҳои соҳа ва ҳам дар шуъбаи маорифи шаҳр тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имкониятҳо дар фурсати таътили зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, армрейслинг ва бозиҳои шавқовари “Офарин” ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар”, “Сипар”, “Шафақ”, мусобиқаи “Тирпарронӣ”, байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд. Иштироки хонандагону омӯзгорон дар Рӯзи дави миллӣ ва мусобиқаҳои шаҳрии волейболу шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” қобили зикр аст.

Гузашта аз ин, дар давоми сол, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Иди Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли Нави мелодӣ озмунҳои  “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастурхони наврӯзӣ”, “Беҳтарин омодакунандаи таъомҳои миллӣ”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Тоҷикистон – кишвари азизи ман”,  “Рӯдакихонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Фарзонахонӣ”, Техникони наврас, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Донандагони беҳтарини Конститутсия”, “Хониши бадеӣ”, “Беҳтарин хушнавис” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос

Соли ҷорӣ фаъолияти кори китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шуда, ҷалби хонандагон ба узвияти китобхона ва мутолиаи китобҳои бадеӣ хеле беҳтар гардид. Дар асоси нақшаи фарогирии курсу семинарҳои филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 75 нафар омӯзгорони фанҳои алоҳидаи таълимӣ ва директорону муовинони директор оиди таълиму тарбия ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Дар ин давра, бо иштироки директорон ва муовинони директор оид ба таълим курси омӯзиши таблиғгарони имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Барои ноил гардидан ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022 дар ҳайати масъулон комиссия таъсис дода шуда, ҳуҷҷатҳои довталабон ва ҷойи баргузорию шароитҳои корӣ бо ин мақсад пурра омода гардидааст.

Бо меҳри ватан

Мусалламан, тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома меёбад. Дар ин раванд мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Маҳмадназар Амирсаидов низ бо пешниҳоди маълумоти фавқ бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти кишвар мо – кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ховалингро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь