Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷашнҳои 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд роҳҳои мошингарди ноҳия ва пулҳо таъмиру бозсозӣ шуда рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз маркази ноҳия то дурдасттарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъмин гардидааст. Ҳамчунин техникаҳои наву замонавӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ ворид карда шудааст, ки ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи роҳдорӣ аст. Оид ба пешравиҳои соҳаи роҳдори Хабарнигори МТЖТ бо сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Талбӣ Мирзоев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

 Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои афтомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” дастур ва супоришҳои Вазорати нақлиёт, Муассисаи давлатии Идораи “Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар”, МИҲД-и вилоят ва ноҳия барои иҷроиши нақшаҳои истеҳсоли корҳои таъмир ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт фаъолияти кории худро ба роҳ монда, дар соли 2023 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ӯ афзуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як лоиҳа роҳҳои Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд, ки дар доираи ин лоиҳа беш аз 45 километр роҳҳои байналмилалии ноҳияи Панҷ пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.

Роҳҳои ноҳия дар ҳолати хуб қарор доранд

Гуфта шуд, ки дар тобеъияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 284,2 км роҳҳои автомобилгард вобаста шудааст, ки аз он 45,1 км роҳҳои Байналмилалӣ ва боқӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд, ки ҳамаи онҳо барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ ҳастанд.

Ҳамчунин дар мувозинаи ин муассиса 12 пул бо дарозии 221 метр, 106 адад қубурҳои обгузар бо дарозии 1396 метр, 20 истгоҳ ва 96 аломати роҳ вобаста шудааст. Дар идора 40 нафар кормандон пайваста ба таъмиру нигоҳдории роҳҳои ноҳия машғуланд.

 Вазорати нақлиёт пайваста дастгирӣ мекунад

 Дар соли гузашта дар ноҳияи Панҷ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад роҳу пулҳое, ки ба таъмир ниёз доштанд, бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ таъмиру бозсозӣ шуда, таъмири роҳҳо ҳоло идома дорад.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Талбӣ Мирзоев гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар 880 ҳазору 292 сомонӣ, мақомоти маҳаллӣ 3000 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва дигар сарчашмаҳо 1 миллиону 720 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ карда шудааст, ки бо ин маблағҳо беш аз 5 км роҳ таъмири асосӣ ва садҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ ва сангфарш карда шудаанд. Гуфта шуд, ки дар ин баробар пулҳои мошингузар, қубурҳо таъмир шуда, беш аз 70 аломатҳои роҳ насб карда шудаанд.

Зимистонгузаронӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст

– Барои бе мушкил сипарӣ намудани фасли зимистон ва мунтазам ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ 183 тонна маводи зиддӣ лағжиш, 840 кг намаки техникӣ захира карда шуда, техникаҳои роҳдорӣ пурра омода ҳастанд. Ҳамчунин барои гарм нигоҳ доштани утоқҳои кории кормандон ангишт, ҳезум захира шуда, ҳама кормандон бо либосҳои зимистона таъмин гардидаанд.

 Заминҳои назди муассиса сармаранок истифода мешаванд

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат оиди самараноку оқилона истифода кардани заминҳои назди идораҳо роҳбарияти идораи мазкур ва кормандони он заминҳои назди идораро кишти картошка ва дигар зироатҳо гузаронида, дар як қисми заминҳо боғ бунёд карданд.

Талбӣ Мирзоев дар фарҷоми суҳбат афзуд, ки ҳамаи кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ баҳри боз ҳам таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди ноҳия талош карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳама фаслҳои сол ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь