Тоҷикону қирғизҳо интизори боз шудани марзҳо ва бозорҳои наздимарзӣ ҳастанд.

Бихалича Зоҳидова дар деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар марз бо Қирғизистон воқеъ аст, зиндагӣ мекунад. Ихтисоси вай муаллим аст, вале бештари вақт дар замин кор мекунад. Зоҳидова ба деҳқонӣ хеле пештар аз сар шудани моҷароҳои марзӣ шуруъ кардааст.

Ҳамааш аз он вақт оғоз шуд, ки соли 1995 ӯ розигии роҳбарияти колхози ин ноҳияро барои азхудкунии 4 гектар замини бекорхобида дар соҳили дарёи Хоҷа Боқирғон ба даст овард. Барои ба боғи мевадиҳанда ва сабзавоткорӣ табдил додани замини бекорхобида бисёр меҳнат кардан лозим омад. Ҳама умед бар он буд, ки даромади замин некуаҳволии оилаи ӯро ба зинаи нав боло мебарад.

Чанд сол пеш Бихалича Зоҳидова, ки дар лоиҳаи Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон ширкат дошт, 4 ҳазору 800 адад ниҳоли тутфарангии навъи «Албион»-и калифорниёиро бо қарз харида, дар 20 гектар замин шинонд. Соли аввал ҳосили баланд гирифт.

Буттамеваҳои калон бо ранги гулобии дурахшон ва таъми олӣ фурӯшбоб буданд. Харидорон дар бозорҳои наздимарзӣ ин маҳсулоти навро дарҳол қадр карданд.

– Барои ба бозор овардани буттамева фурсат намеёфтам, харидорон зиёд буданд, – аз комёбиҳои худ нақл мекунад Зоҳидова. – Ҳамсояҳои қирғиз, махсусан, тутфарангии амрикоиро дӯст доштанд. Шояд барои он, ки онҳо чунин навъро надоштанд”.

Оғози бомуваффақияти кори нав ба соҳибкор илҳом бахшид ва соли оянда майдони киштро ду баробар зиёд кард. Ҳамин тавр, сокинони деҳаҳои Қирғизистони ҳамсоя мизоҷи аслии он гардиданд.

“Онҳо занг мезаданд, фармоиш медоданд, ҳатто дар рӯзҳои бозор набудан ҳам барои хариди буттамева меомадаанд”, – ба ёд меоварад хотираҳои хушоянди гузаштаро деҳқон.

Аммо муноқишаҳо дар марз боис шуданд, ки бархе аз муштариёнашро аз даст диҳад.

Муноқишаҳои афзоянда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 ба як даргирии низомӣ мубаддал шуданд, ки паёмадҳои ногувор дошт. Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки марз бо Тоҷикистонро моҳи июни соли 2021 банданд. Беш аз як сол баъд, моҳи сентябри соли 2022, низои нави хунин рух дод, ки вазъро дар марз боз ҳам бадтар кард. Ба ҳар ду ҷониб талафоти сахт диданд. Муноқишаҳо боиси қариб пурра канда шудани робитаҳои иқтисодии ду кишвар гардиданд.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, агар гардиши мол тавассути гузаргоҳҳои вилоятҳои Суғду Бодканд дар соли 2020-ум 46 миллион долларро ташкил медод, дар охири соли 2021-ум то 38 миллион доллар коҳиш ёфт ва дар охири соли 2022 он ҳамагӣ 3,6 миллион долларро ташкил дод.

Нишондиҳандаҳои 9 моҳи соли ҷорӣ (229,2 ҳазор доллар аз он аст, ки феълан миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин тиҷорат вуҷуд надорад. Рақамҳои ночиз, ки чандсад ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба эҳтимоли зиёд қимати колоҳои бо иҷозаи махсус аз марз интиқолёфта аст.

Бастани марз бо Қирғизистон на танҳо ба тиҷорати ширкатҳои бузурге, ки ба содироту воридоти коло машғул буданд, таъсири манфӣ гузошт, балки тақрибан ба тамоми кишоварзону соҳибкорони манотиқи марзии ду кишвар зарбаи сахт зад. Бисёриҳо бо аз даст додани бозори худ ё самти тиҷорати худро дигар карданд, ё фаъолияти соҳибкории худро маҳдуд карданд.

Аз баста шудани марз Бихалича Зоҳидова ҳам зарар дид. Мизоҷонаш кам шуда, талабот ба тутфарангӣ низ кам шуд. Кор ба ҷойе расид, ки як қисми ҳосил нобуд шудан гирифт. Бихалича ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав шуруъ карда, ба шаҳрҳо ва бозорҳои калони вилояти Суғд сафар кард. Ба вай муяссар шуд, ки бо “супермаркет”-ҳо ва тоҷирони бозорҳои шаҳри Хуҷанд чанд шартнома банданд ва корҳо беҳтар шудан гирифтанд.

«Акнун харидорон худашон меомаданд. Онҳо молро мустақим аз саҳро чида, фавран дар ҷояш ҳисобӣ мекунанд. Онҳо на танҳо аз Хуҷанд, Истаравшан, Душанбе, балки аз Бекободу Тошканд низ меоянд», – бо қаноатмандӣ аз тағйир кардани кораш суҳбат мекунад деҳқон.

Ҳоло вай як кило тутфарангии навъи якумро рост аз саҳро бо қимати 50 сомонӣ (беш аз 4,5 доллар) мефурӯшад, ки дар бозор ин мева аз 60 сомонӣ (беш аз 5 доллар) боло аст.

Ин даромадҳо ба Зоҳидова имкон медиҳанд, ки музди ёваронашро диҳад, нуриҳои маъданӣ харад ва дигар хароҷотро бароварда кунад. Бихалича ба онҳое, ки аз ҷумлаи ёваронаш ҳастанду мехоҳанд ба парвариши тутфарангӣ шуруъ кунанд, ниҳолҳои ройгон медиҳад, то тиҷорати худро оғоз кунанд.

Зоҳидова занони хонашинро ба ҷамъоварии ҳосил ва корҳои саҳро ҷалб карда, музди меҳнати онҳоро сари вақт медиҳад.

– Ба ман ҳам ёварон лозиманд, зеро дар соҳили дарё як боғи пур аз мева парвариш кардаам. Онҳоро низ ҷамъоварӣ кардан лозим аст, баъзе навъҳоро хушк кардан лозим аст. Сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво рӯёнда мешавад, ки ҷамъоварии он коргар талаб мекунад. Хулоса, кор дар замин на танҳо барои ман ва оилаам даромад меорад, балки ҳамдеҳагонамро низ бо кор таъмин мекунад, – шарҳ дод Бихалича Зоҳидова.

Нақшаҳои оянда

«Ман мехоҳам, ки истеҳсоли тутфарангиро дар тӯли сол ба роҳ монам. Барои ин бояд гармхона сохт. Умедворам, ки то он вақт марз бо Қирғизистон боз мешавад ва ман дубора ба ҳамсояҳоям ба таъминоти тутфарангӣ шуруъ мекунам”, – гуфт Бихалича дар бораи нақшаҳои ояндаи худ.

Мушикили дигар – обёрӣ

Дарёи Хоҷа Боқирғон, ки аз Қирғизистон сарчашма мегирад, оби кам дорад. Мавзуи обёрӣ махсусан дар аввали баҳор, вақте ҳаҷми об дар ҳавзаи дарё кам мешавад, доғтар мешавад.

«Ҳар баҳор мо камбуди зиёди об барои обёрӣ дорем. Ин мушкилро бо роҳи аз ҳавзаи дарёи Хоҷа Боқирғон ба воситаи насосҳо таъмин кардани об ҳал кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, ин лоиҳа гарон аст. Ҳамааш ба он вобаста аст, ки даромади мо чӣ қадар мешавад. Агар мо ба иҷрои лоиҳа муваффақ шавем, он гоҳ майдони замини корамро хеле васеъ кардан мумкин аст. Инҳо ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми ҳосили иловагӣ ва даромади нав мебошанд”, – мегӯяд деҳқон.

Муаллим Билахича Зоҳидова бо вуҷуди муваффақиятҳо дар тиҷорат, аз касби асосиаш ҷудо намешавад. Вай дар соҳаи маориф тақрибан 40 сол таҷрибаи кор дорад. Ӯ дар тӯли ин солҳо садҳо фарзанди тоҷику қирғизро таълиму тарбия додааст.

“Ман ҳаргиз шогирдонамро ба тоҷику ӯзбеку қирғиз ҷудо накардаам. Дар мактаби мо то пошхӯрии СССР кӯдакони зиёде аз Қирғизистон таҳсил мекарданд. Ман то ҳол бо бисёре аз шогирдони собиқам тамос дорам. Дар байнашон онҳое ҳастанд, ки ба қуллаҳои баланде расидаанд. Муҳоҷирони одӣ низ ҳастанд. Баъзеҳо занг мезананд, бо дигарон тавассути интернет муошират мекунем. Боварӣ дорам, ки давраи душвори равобити мо паси сар хоҳад шуд ва бо мурури замон ҳама чиз ба ҷои худ хоҳад баргашт”, – афзуд Зоҳидова.

Бихалича Зоҳидова дар бораи муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии халқҳои тоҷику қирғиз гуфт, ки тиҷорат метавонад василаи муассиртарин барои барқарор ва таҳкими эътимод байни онҳо бошад.

«Вақте одамон тиҷорат мекунанд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҳамдигар эҳтиром нишон диҳанд ва шарикро ба худ ҷалб кунанд. Равобити тиҷорӣ ҳангоми сар задани низоъ навъе боздоранда аст. Вақте марзҳо кушода буданд, бозорҳо кор мекарданд, на душманӣ буду на кина. Дар ин ҷо муҳити меҳру муҳаббат, адолат, самимияту эҳтиром ҳукмфармо буд. Эътимод ба ҳамдигар дар сатҳи баланд буд. Тиҷорат ба нигоҳ доштани равобити неки ҳамсоягӣ мусоидат мекард”, – гуфт Бихалича Зоҳидова ва аз барқарории равобити дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори итминон кард.

Фарзона Муродӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь