Ба таваҷҷуҳи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ
Маънавиёт ва маърифат дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Имрӯзҳо мардуми меҳнаткаши вилояти Суғд таҳти роҳбарии раҳбари маърифатпарвару фарҳангдӯстдор, раиси вилоят, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо азму талоши беандоза дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт пеш мераванд.
Маҳз туфайли пешравию ободиву созандагист, ки ҳаёти мардуми вилояти Суғд рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мешавад ва дастовардҳои беназир дар фазои сулҳу осоиштагӣ ба даст омадааст.
Маърифату маънавиёти ҳар маҳалу мавзеъро аз рӯйи дониш ва заковати сокинонаш баҳо медиҳанд.
Нахустин ва куҳантарин дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, ки маъруф ба «Дӯкони Таги Тути Калон» буд, ду ҳафта қабл ба ҷойи дигари мавзеи бозор кӯчонида шуд. Ин дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар замони ҳукумати шӯравӣ гузошта шуда буд.
Дӯстдорону хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо дар асри босуръати рушди технологияҳои навин, ки ангуштшумор мондаанд, аз кӯчидани дӯкон каме ғамгин шуданд. Мардуми хирадманду закии вилояти Суғд одат карда буданд, ки ҳар ҳафта аз ин дӯкони таърихӣ нашрияву маҷаллаҳоро дастрас намоянд.
Шарифxон Шодиев, яке аз хонандагони фаъоли нашрияҳо, мегӯяд, ки бидуни мутолиаи нашрияҳо наметавонад, чун одати деринааш аст: «Роҳ як каме дуртар шуд. Ман маъюби гуруҳи дуюмам, роҳгардиам мушкил аст. Маҷбурам то ҷойи нави дӯкон дар чанд ҷой нишаста, баъд биравам. Хуб мешуд ба ҷойи аввалааш бармегардониданд. Чунки ман ҳар ҳафта бо киро кардани таксӣ ба бозор меоям ва ҷойи аввала, ки дар канори роҳ буд, нашрияҳоро дастрас менамудам».
Шоира Сатторова, фурӯшандаи дӯкони мазкур мегӯяд, аз сабаби он, ки аксари хонандаҳои нашрияҳо ҳамоно қишри бузургсол боқӣ мондаанд, барои омадани онҳо то ҷои нав як каме мушкилтар шудааст.
– Аз дӯкон асосан насли калонсол, ки ба хондани нашрияҳо шавқу рағбати беандоза доранд, истифода мебаранд. Аз ҷумла, Манзура Алиева 20 сол инҷониб, Усмонҷон Fаффоров – доктори илми таърих, таърихнигори маъруфи тоҷик, Маликхӯҷа Раҳимбоев – зиёии тоҷик, Басанова Людмила Дмитриевна аз шаҳри Гулистон, Сайдулло Бобоев аз хонаи маъюбони шаҳри Хуҷанд, Черкасова Галина Михайловна, Ионечева Валентина Евгеевна, Зокирова Зулфия барои дастрас намудани нашрияҳо,- таъкид мекунад Ш. Сатторова.
Шоира Сатторова, фурӯшандаи рӯзномаву маҷаллаҳо аз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки маърифату фарҳанг дар мадди аввали сиёсати роҳбариашон дар вилояти Суғд аст, хоҳиш менамояд, ки ба таври истисноӣ барои ба ҷои пешинааш овардани дӯкони рӯзномаю маҷаллаҳо мусоидат намоянд.
«ФАРАЖ»