Мушкилии №1-и ин деҳа набудани мактаб аст!

Дар ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” – и ноҳияи Кӯшониён беш аз 10 сол мешавад, ки як деҳа ба номи “Янгиюл- 2” таъсис ёфтаст.  Дар ин деҳа ба гуфтаи масъулон, беш 300 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинони ин деҳа солҳост аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, ва майдончаи варзишӣ танқисӣ мекашанд.

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Вализода Бобоҷон,  дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки воқеан  хонандагони ин деҳа аз надоштани азоб доранд.

“Дар ин деҳа беш аз 600 нафар хонанда аз 7 сола то 18 сола ҳаст ва онҳо барои таҳсил 4 -5 километр роҳро тай карда ба дигар мактабҳо мераванд. 400 нафараш ба мактаби № 13 ва 200 нафараш ба мактаби № 11-и ноҳия мераванд. Барои рафъи ин мушкилӣ мо ба ҳукумати ноҳия мактуб кардем. Зеро ин деҳа воқеан ҳам ба мактаб ниёз дорад”- гуфт мудири шӯъбаи маориф.

Мушкили №2,  надоштани бунгоҳи тиббӣ

Роҳбари Шабакаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯшониён, Аҳрор Изатуллоев, иттилоъ дод, ки мо аз вазъи деҳаи “Янгиюл-2” огоҳем ва деҳа ба бунгоҳи тиббӣ ниёз дорад.

Дар ин деҳа 327 хоҷагӣ бо шумораи 1 ҳазору 700 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ин шумора занҳои қобили таваллуд 413 нафар, занҳои ҳомиладор 12 нафар, маъюбон 12 нафар ва сокинони  аз 18 сола боло 727 нафарро ташкил медиҳад. Барои 1700 нафар аҳолии ин деҳа маркази саломатии деҳоти “Сарвати Истиқлол” хизмати тиббӣ мерасонад, ки он аз аввали деҳа 1,5 километр ва то охираш беш аз 4 километрро дар бар мегирад. Ҳамчунин 2 нафар ҳамшираҳои шафқат ба мардуми ин деҳа ҳамеша хизмати тиббӣ мерасонанд”, – илова кард мавсуф.

Иззатуллоев дар идома гуфт мо аллакай ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мактуб кардем: “Умед дорем ҳукумати ноҳия ин мушкилро ба инобат гирифта дар оянда як бунгоҳи тиббӣ барои 1 ҳазору 700 хоҷагии деҳаи “Янгиюл-2” бунёд мекунанд, зеро деҳаи болозикр ба маркази саломатӣ ниёз дорад.

Мушкилии №3, набудани майдончаи варзишӣ

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода гуфт: “Агар деҳа навбунёд бошад, бояд дар нақшаи иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бунёди майдончаи варзишӣ  ба инобат гирифта шуда бошад. Агар набошад, мо ба муовини раиси ноҳия пешниҳод мекунем ва баъд онро омӯхта, мувофиқи имкониятҳо корбарӣ мекунем. Вале дар ноҳияи Кӯшониён чунин деҳаҳо  бисёр аст, ки ин мушкилиро доранд. Аммо дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 15 майдончаи варзишӣ дар ноҳия  бунёд шудааст.

Мушкили №4, набудани оби тозаи ошомиданӣ

Мушкилии дигари сокинони ин деҳа надоштани оби тозаи ошомиданӣ аст, ки масъулони ноҳия ният доранд дар ояндаи наздик дар доираи як лоиҳаи инвеститсионӣ сокинонони деҳаи “Янгиюл-2” – ро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин созанд.

Саҳми сокинони деҳа

Сокинони ин деҳа дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар ва ҷашни 35-солагии Истиқлолият якҷо камари ҳиммат баста, пурра деҳаро бо барқ таъмин карда, роҳҳояшонро сангфарш карданд. Дар оянда боз кӯшиш мекунанд, ки дар дигар корҳои ободонӣ саҳми худро гузоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь