Яке аз ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакент ба гуфтаи сокинон ва мӯйсафедон ” “Чашмаи биринҷӣ” будааст. Ин чашма хеле қадима буда, дар он мардум ба қавли онҳое, ки шоҳиди он будаанд, тобистон барои оби сард доштанаш ба он ҷо мерафтаанд. Ва лаби ин чашма нишаставу гуруҳ-гуруҳ бо оилаҳояшон истироҳату фароғат мекардаанд. Ҳамчунин, онҷо манзараҳои хело зебое доштааст. Яъне, ки иборат аз бедҳои зиёде ва қисмати дигар аз сафедор ва ҳамчунин гирду атрофи он ба пуррагӣ аз обҳои чашмасорон будааст. Аммо таасуф ҷои он бедзорҳоро, ҷои он зебоиҳоро палҳои шоливу палҳои сабзӣ забт намудаву ҳамчунин дарахтҳоро ба куллӣ қир кардаанд. Ва ҷои онҳо имрӯз ботлоқ ё ботқоқеро мемонад, ки мардум аз диданаш ҳатто дилбеҳузур мешаванд.

Таассуф, ки чунин як ҷои зебо аз мадди назарҳо дур мондаву онро ҷои оне, ки мардуми худи онҷо ҳамчун як чашмаи гӯё муқаддас ҳифз кунанд, обод кунанд хароб кардаанд.

Ба ин аксҳо нигаред, ин аксҳо гувоҳи онанд, ки имрӯз касе ба ин чашма нигоҳ намекунад.

Замоне будааст бачаҳои ҷавон бинобар оне, ки он ҷо оббозӣ мекардаанд, худашон рафтаву дохили ” Чашмаи биринҷи”-ро поккорӣ намудаву гирду атрофашро тоза ва ҷои оббозии хеш интихоб карда буданд.

Аммо баъд аз он ки фурӯш-фурӯш, яъне хариду фурӯши замину макон шурӯъ шудааст. Аз ҷумла ба гуфтаи мардум инҷоро нафаре харидорӣ кардааст, ки мо маълум карда натавонистем, он нафари харидорикарда кӣ будааст.

Вале бо ин вуҷуд он нафаре, ки инҷоро харидааст. Бинобар оне, ки моли шахсиаш аст, касеро онҷо намемондааст. Аз ин хотир, ин ҷо ба як ҷои партовгоҳ, ба як ҷои пур аз ифлосиҳо ва гирду атрофи чашма аз шоху алафхои пусидаву гандида ва хушку хордор пур шудаанд.

Бибии Ҳалимаи 90- сола, доир ба ин мавзӯъ, чунин мегӯянд:

– Бисёр ҷои муқаддасу бузург ба шумор меравад- ” Чашмаи биринҷӣ”. Бо оби чашма баъзе беморонро гузаштагонамон табобат мефармуданд. Хусусияти шифобахшӣ дорад. Пеш аз табобатро шурӯъ кардан дуои фотеҳа карда ду ҷуфт чароғ гузошта, сипас тифлҳои ярадорро ё кӯдаки модарзод қоқро ё “қутур” гуфтани бемориҳоро ҳатто шамолзадагиро низ бо оби чашма табобат мекарданд. Дар он замон доруву духтур набуд. Яхро мекафониданд беморро дар оби хунук оббозӣ медорониданд. Сипас ба сандалии гарм мехобониданд, шамолхӯриаш нест мешуд.

Бобоҷон Саидов як сокини ин макон, гуфт: Ин ҷойҳо макони бобои ман Эшони Зард ва Сурх ба шумор меравад. Аз кӯдакиям то ҳол инҷо зиндагӣ мекунам. Доир ба чашма гуфтаниям, ки бисёр меомадем, оббозӣ мекардем, моҳӣ медоштем. Хело макони хуб ба шумор мерафт. Ҳоло ин чашмаро ба чунин ҳол дида, дили ман реш-реш мегардад.

Шаҳрванди дигар Эшонқул, мегӯяд: Ёд дорам, ки аз

“Чашмаи бириҷӣ” 5 ё 7- метр дуртар мақбара ё манорашакли қубба – қуббае буд, ки тарҳи он ба мақбараҳои Самарқанду Бухоро монандӣ дошт.

Ҳоло хонандаи азиз пас аз мутолеаи ин мавод гуфта метавонед, ки ҳифзкунандагони ёдгориҳои таърихӣ ба чӣ кор машғуланд? Ва чаро ин ҳамаро нодида мегиранд?

Моҳи Мунир

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Ҳампешаҳои гиромӣ! Сарлавҳаи воҳиманок гузоштаед ва гӯё Амрикоро чун Колумб кашф карда бошед:” Чашмаи биринҷиро харидорӣ намуданд?” Гӯё дар Тоҷикистон ягон чиз ё ҷои нохарида ва нофурӯхта боқӣ монда бошад. Бо вуҷуди ин харидорро ном нагирифтаед, бо ӯ ҷиҳати обод намудани ин мавзеъ сӯҳбат ҳам накардаед. Ба кадом овозае, ба мисли мегӯянд, ки такя карда, хулоса мекунед. Оё аз идораи заминсозӣ ё кумитаи амвол пурсидед, ки соҳиб ё харидораш кисту чикора аст ва харида бошад, ба чи мақсад харидааст. Оё аз масъулини ҳифзи ёдгориҳои таърихии шуъбаи фарҳанги шаҳр пурсидед, ки ин мавзеъ ба рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ ворид шудааст в ё на? Хоҳиш мекунам аз паси ” дешёвая сенсатсия” набошед, Баъдан, аз ҳамон мусоҳибони “ватандӯст” напурсидаед, барои савоб чаро худашон барои тозагии ин мавзеъ, ки муқаддас мешуморанд, кӯшише накардаанд? Чаро аз бахши экология сабаби ифлосии онро напурсидаанд?. Хуллас саволҳо атрофи ин матлаби сарлавҳааш воҳимабарангез аз матни он бештар. Хоҳиш мекунам аз паси ” дешёвая сенсатсия” набошед, Ин барои нашрияи ҷиддие чун “Фараж” зебанда нест. Эзоҳ: Чашмаи биринҷиро ман ва ягон шиносу ошнои ман нахаридаем. Он чи гуфтам ба хотири эҳтиром ба нашрия ва сардабираш аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь