Собиқ имомхатиби деҳаи Далёни Боло дар ноҳияи Деваштич ба гумони пайрави ба гуруҳи мамнуи “салафия” боздошт шудааст.

М. А. номи мустаоршудаи собиқ имомхатиби масҷиди деҳаи Далёни Боло аст, ки чанде пеш ба гумони пайравӣ аз гуруҳи мамнуи “салафия” боздошт шудааст. Ба думболи боздошти вай, ҳафт сокини дигари ин деҳаи ноҳияи Деваштич низ гумонбарони пайрави ҷараёни “салафия” дониста шуда, боздошт шудаанд. Боздошти сокинони ин деҳаро дар ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳия тасдиқ мекунанд.
Масъулони ҷамоати Далёни Боло мегӯянд, сокиноне, ки ба думболи М. А., имомхатиби пешини масҷид боздошт шудаанд, умдатан ҷавонон ба шумор рафта, баъзеи онҳо ба ҳисоби писари худи собиқ имомхатиб, донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар будаанд.
Мавлон Ризоев, муовини раиси ҷамоати Далёни Боло дар суҳбат ба мо гуфт, ки боздошти сокинон чанде қабл аз сӯи маъмурони бахши шашуми Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия сурат гирифтааст: “Ростӣ ҷузъиёти боздошти М. А. ва ҳафт сокини дигари ҷамоат барои мо маълум нест. Мо ҳамин қадар медонем, ки М. А.-ро гӯё барои нигоҳ доштани китобу адабиёти таблиғкунандаи характери ифротгароӣ дошта дастгир кардаанд. Онҳое, ки ҳамроҳ бо имомхатиби пешин боздошт шудаанд, гӯё ба куҳ баромада, ҳамроҳ бо ӯ маслиҳат карда бошанд”.
Ин аввалин мавриди боздошти сокинони рустои дурдасти ноҳияи Деваштич ба гумони пайравӣ аз гуруҳҳои ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Гуфта мешавад, то ин вақт аз ҳодисаҳои боздошти ҳеҷ сокини ин ноҳияи куҳистонии шимоли кишвар ба гумони шомилшавӣ ба гуруҳҳои мамнуъ ва ё иртиҷоӣ хабарҳо ба нашр нарасидаанд.
Ҳазрат Муртазоев, раиси кумитаи маҳаллаи Далёни Боло мегӯяд, ки М. А. ду сол пеш имомхатиби масҷиди деҳа буд ва солҳои охир кам кам ба деҳқонӣ машғул буд: “М. А. ҳамсояи ман буд. Салому алекаш нағз буд. Ду сол пеш имомхатиб буд. Як рӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ман занг зада гуфтанд, ки ҳамроҳ ба хонаи домулло меравем. Мо ба хонааш рафтем, ки дар хона ҳамсари М. А. буд. Ба ӯ фаҳмониданд, ки бояд китобҳои шавҳаратонро тафтиш кунем. Дар ҷевони хона китобҳои зиёде буд. Ростӣ касе аз мо сарфаҳми он китобҳоро нарафт, чун онҳо бо хати арабӣ чоп шуда буданд. Ҳамроҳ як домулло ҳам буд, то китобҳоро аз назар гузаронад. Ҳафтод дарсади китобҳоро як сӯ гузоштанд, ки китобҳои Қуръон буданд. Дар қатори онҳо брашураҳо ҳам буд. Шаст – ҳафтод донаи онҳоро ба дигар тараф гузоштанд. Баъдан ҳамин брашураҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ гирифтанду бо худ бурданд. Дигар барои мо маълум нест, ки он китобҳо чи мазмуну муҳтаво доштанд”.
Ноҳияи Деваштич аз шумори навоҳии орому ғайриосебпазири шимоли кишвар аз лиҳози ифротгароӣ ба шумор меравад.
Ҳангоме, ки мо ба ҷамоати Далёни Боло ба ноҳияи Деваштич сафар кардем, мардум машғули кору бори рустоӣ, умдатан молдориву зироаткорӣ буданд. Онҳо аслан дар бораи ифротгароӣ тасаввурот надоранд, чун мушоҳида мешуд, ки кору бори хонаву саҳро ҳамеша онҳоро машғул медорад ва қариб ки вақти холӣ аз ин ҳамаро надоранд.
Иддае дигар мегуфтанд, ки мутаассифона ҷавонон аз ноогоҳиву беиттилоӣ ба доми гуруҳҳои мамнуъ меафтанд.
Мираҳмад Ҳоҷиназаров, имомхатиби масҷиди Далёни Боло мегӯяд, муҳоҷирати меҳнатӣ баъзе ҷавонони рустоиро ба доми гуруҳҳое мебарад, ки ҳадафи чунин гуруҳҳо софу рост нест, балки онҳо тарғибкунандаи ғояҳои ифротгароианд: “Имрӯз қисми бештари ҷавонони мо дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Русия қарор доранд. Мутаассифона дар шароити муҳоҷират онҳо осебпазиранд. Зеро дар шаҳрҳои Русия аъзои фаъоли гуруҳҳои ифротгаро амал мекунанд ва вазифаи онҳо зиёд кардани ҳамсафони худ мебошад. Ворид шудани ҷавонони тоҷик дар ҳалқаи чунин гуруҳҳо, онҳоро гумроҳ мекунад”.
Далёни Боло калонтарин деҳаи ҷамоати ҳамноми худ дар ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад, ки ҳоло беш аз ҳашт ҳазор аҳолӣ дорад. Деҳқониву чорводорӣ муҳимтарин василаест, ки мардуми ин деҳаро машғул медорад, то рӯзии худро аз ин ҳисоб ба даст оранд. Аммо солҳои охир камбуди об ба хушкшавии зироат боис гардидааст ва бештари мардумро аз ин шуғли рустоии ба қавле бобоии худ нохушбин сохтааст. Ба ин далел ҳоло аксар сокинон барои дарёфти кору рӯзии худу хонавода роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтаанд. Бар пояи маълумотҳои расмӣ, ҳоло беш аз 1500 нафар сокини ин деҳа дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, ки ин ба ҳисоби миёна қариб дунафарӣ аз ҳисоби ҳар хонавода рост меояд.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба боздошти сокинони Далёни Боло иттилоъ ироа намекунанд. Вале манбаъҳои огоҳ аз боздошти ин сокинони рустои Далёни Боло мегӯянд, нисбати М. А. ва ҳафт сокини боздоштаи ин деҳаи ноҳияи Деваштич тибқи моддаҳои 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳоло дар марҳилаи фиристодан ба додгоҳ аст.
Масъулони ҷамоат мегӯянд, ки М. А. ибтидо дар мадрасаи ба номи Шайх Маслиҳатддини шаҳри Хуҷанд таҳсил карда ва тибқи роҳҳат, мадрасаи шаҳри Мадинаи Арабистони Саудиро соли 1998 хатм намудааст. Баъди чанд соли бозгашт аз хатми мадрасаи шаҳри Мадина имоми масҷиди деҳаи Далёни Боло интихоб шуда ва то ду соли пеш имомхатиб будааст.
Боздошти ин имомхатиби собиқи деҳаи Далёни Боло дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз боздошти Илҳомиддин Абдуллоев, имоми масҷиди шаҳраки Чорухдаррони ноҳияи Б. Ғафуров ва чор намозгузори ин масҷид иттилоъ доданд, ки дасгир шудани онҳо дар ибтидои моҳи сентябр сурат гирифтааст. Ин имомхатиб ва чор намозгузори масҷид ба гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнуи “Салафия” дасгир карда шуда ва дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Солҳои охир боздошт ва ба маҳкама кашидани сокинон барои пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” бештар ба назар мерасад. Тибқи иттилои Додгоҳи вилояти Суғд, танҳо дар тӯли шаш моҳи аввали соли 2017-ум 87 адад парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористиву экстеримистӣ дошта ва ҳамчунин салафиятгароӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид шуда ва 77 ҳукм нисбати 128 ашхос содир шудааст. Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи судҳои вилояти Суғд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2017 танҳо тибқи моддаҳои 307, иловаи 3 ва 307, иловаи 4 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (Ташкили таълим ё гуруҳи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 ҳукм бароварда шудаст, ки назар ба як соли гузашта бештар будааст.
Баъзе коршиносон дар заминаи боздошти пайравони ин ҷараён ба тавонмандиҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид мекунанд. Аммо бархеи соҳибназарон мегӯянд, хуб мебуд, агар шеваи мубориза бо ин ҷараёнҳо дигар шавад, зеро аз боздошт ва ба маҳкама кашидани онҳо ин раванд ба ҷои он ки коҳиш ёбад, баръакс бештар ба назар мерасад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти ҷараёни “Салафия”-ро мамнуъ хонд. Дар соли 2014 бо қарори дигар Додгоҳи Олӣ “Салафия”-ро ҳаркати эктремистӣ эълон кард. Тайи ду-се соли охир даҳҳо нафар сокинони кишвар ба ҳисоби имомхатибон бо гумони пайравӣ ба ин ҷараёни мамнуъ боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Қамари АҲРОР, “SugdNews”

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь