Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ошно месозем.
Иҷроиши буҷет
Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар панҷ моҳи соли 2021 бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,0 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 2 млн 305,3 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 2 млн 349,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 9 млн 685,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 97 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи панҷмоҳа 10 млн 889,02 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 10 млн 609,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 100 фоиз, маориф 99 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 96 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 98 фоиз, фарҳанг 74 фоиз ва мудофиа 87 фоиз, хоҷагии қишлоқ 99 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи нозироти андоз 5 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 3 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 5100 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Барои рушди соҳа аз ҷониби филиали №41-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 90 нафар соҳибкорон ба маблағи 1048 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 450 ҳазор сомонӣ ё 75,3 фисад зиёд мебошад.
Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 бо қарори раиси ноҳия аз 30.06.2020, №117 таҳия гардида, аз 30.12.2020, №73 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ шудааст. Барнома аз 143 лоиҳа иборат буда, маблағи он 174666,5 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Барои татбиқи босифати он айни ҳол корбарӣ бо сарчашмаҳои маблағгузорӣ рафта истодааст.
Саноат ва энергетика
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2039,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607,8 ҳазор сомонӣ ё 42,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 1754,2 ҳазор кВт/соат қувваи барқ қабул шудааст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 1 млн 754,2 ҳазор кВт/соат барқи фоиданок ба маблағи 470,2 ҳазор сомонӣ интиқол ёфтааст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 85,3 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 95,7 фоизро дар бар мегирад.
Сарфаи нерӯи барқ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 16 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда 2099,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 4506,6 ҳазор сомонӣ ё 68 фисад кам гардидааст.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 10383,1 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,4 фоиз кам мебошад.
Дар масоҳати 1454 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319 метри мураббаъ зиёд гардидааст.
Нақлиёт ва алоқа
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 300 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 151 километр роҳҳои дохилӣ мебошанд.
Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 340 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин давра аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 128,9 ҳазор сомонӣ ҷудо ва аз худ карда шуда, ин нишондиҳанда нисбати нақша 37,9 фисадро дар бар мегирад.
Аз ҳисоби буҷети Вазорати нақлиёт дар ин давра 25,8 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар масофаи 10 километр таъмири роҳҳо гузаронида шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ 47,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 тонна зиёд аст.
Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи Интернет зиёда аз 10590 нафар буда, дар ҳудуди ноҳия 3 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ фаъолият менамоянд.
Рушди кишоварзӣ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 24 млн 403 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 799,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 15927 сар, моли майда ба 126824 сар, паранда ба 7685 сар ва асп ба 265 сар расонида шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гушта саршумори чорвои калон 159 сар, моли майда 1216 сар ва паранда 5 сар зиёд мебошад.
Истеҳсоли тухм дар бахши хусусӣ дар семоҳаи аввали соли равон 130,6 ҳазор донна, шир 3360 тонна, гӯшт 493,3 тоннаро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тухм 19,7 ҳазор донна, шир 31 тонна, гӯшт 26,8 тонна зиёд мебошад.
Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дар давраи ҳисоботӣ 511 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 152 нафарашон занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 343 нафар таъмин шудаанд, ки аз онҳо 77 нафарашон занон мебошанд.
Дар ин давра 8 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 206 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 56 корхона ва 268 корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин 52 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 27 нафар бо кор таъмин шудаанд ва 36 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 6 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардидаанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 13 нафар ба маблағи 43,2 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Дар ноҳия қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат вуҷуд надорад.
Рушди соҳаи маориф
Дар 35 муассисаи таълимии ноҳия 5 ҳазору 604 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 647 омӯзгор, аз ин 104 зан таълим медиҳанд. Бо маълумоти олӣ 494 нафар, олии нопурра 15 нафар, миёнаи касбӣ 138 нафар дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.
Дар 2 муассисаи томактабӣ 80 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 3 муассисаи таълимии ноҳия 80 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудаанд.
Дар олимпиадаҳои вилоятӣ 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 3 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 1 нафари онҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори медали нуқра гардидааст.
Соҳаи тандурустӣ
Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати кӯдакона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолияти хуб доранд.
Ҷиҳати табобати беморон 1 беморхона бо 20 кати хоб омода буда, маводи доруворӣ таъмин мебошад. Тибқи супориши Сарвари давлат дар ноҳия сохтмони беморхонаи сироятии дорои 30 кат ба нақша гирифта шуда, айни ҳол қитъаи замин барои сохтмони беморхона ҷудо гардида, корҳои лоиҳакашии он низ пурра ба сомон расонида шудаанд. Айни замон бо сохторҳои болоӣ ҷиҳати пайдо намудани сарчашмаи маблағгузорӣ корбарӣ рафта истодааст.
Рушди соҳаи фарҳанг
Дар ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона амал мекунанд. Айни замон дар китобхонаҳои ноҳия 48536 адад адабиёти бадеӣ мавҷуд мебошад.
Алҳол дар бахши фарҳанги ноҳия 48 нафар кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 13 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи дастури Сарвари давлат дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1 китобхонаи идоравӣ ташкил ва бо 2000 нусха китоб таъмин карда шудааст.
Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон 9883 нафар мебошанд, ки аз ин 4632 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Вохӯрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 14 маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 3738 нафар мебошанд. Инчунин чорабиниҳои «Фарҳанги ватандустӣ» 6 маротиба бо фарогирии 600 нафар ҷавонон гузаронида шудааст.
Майдончаҳои варзишӣ 30 ва толорҳои варзишӣ 5 ададро ташкил медиҳанд. Солҳои 2018-2020 ва панҷмоҳаи соли 2021 дар ноҳия 2 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 11 майдонча ва 8 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол ҷиҳати бунёди онҳо корбарӣ рафта истодааст.
Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 7 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 305 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
Теъдоди сайёҳони ба ноҳия воридшуда дар давраи ҳисоботӣ 96 нафар мебошад, ки аз он 23 нафар куҳнавардӣ, 50 нафар таърихию фарҳангӣ ва 23 нафар дигар намудҳо буда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар ё 19 фисад зиёд аст.
Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 108 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 87 иншоот ё 81 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд.
Аз иншооти тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда сохтмону бунёди 2 адад муассисаи томактабӣ, 22 адад муассисаҳои таълимӣ, 4 адад китобхона, 4 беморхона, 6 адад бунгоҳи тиббӣ, 2 адад дорухона, 3 адад сартарошхона, 2 адад ҳаммом, 2 адад кошонаи ҳусн, 3 адад маркази савдо, 2 адад маркази хизматрасонӣ, 4 адад толори варзишӣ, 7 адад майдончаҳои варзишӣ, 1 адад меҳмонхона, 2 адад корхонаи истеҳсолӣ, 41 адад дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи раиси ноҳия муҳтарам Хайрулло Бобозода, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии ҷашни умумимиллиамон ҳамаи чораҳоро роҳандозӣ менамояд”.
МТЖТ