Дар шаҳри Конибодом ба ифтихори Иди Наврӯзи хуҷастапай як тантанаи бошукӯҳ баргузор шуд. Ба варзишгоҳи боҳашамате, ки соли 2018 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ифтитоҳаш ширкат варзида буданд, мардумони зиёд ҷамъ омаданд. Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода қаблан бо ҳамроҳии меҳмонон аз маҳсули кори дастие, ки тамошояш басо ҷолиб буд дидан карданд. Сипас шаҳрдор А.Тӯхтасунзода, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон Давлатзода Усмон-Гул, намояндаи МИҲД-ии вилоят Шарифулло Абдуллозода ва меҳмони олиқадр Ҳокими шаҳри Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Отабек Алиматов мардуми Канди Бостониро бо Иди Наврӯз табрику таҳният гуфта дар бораи Наврӯзи оламафрӯз маълумотҳо доданд.

Воқеан Ҳокими шаҳри Бешариқ мардуми ҳамсояшаҳрро якбора бо се забон тоҷикиву ӯзбекӣ ва бо забони русӣ табрик гуфт. Сипас ба як қатор фаъолони шаҳр Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Баҳри болидахотирии тамошобинону меҳмонон як барномаи басо ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони шаҳрҳои Конибодому Бешариқ пешкаш карда шуд.

Ҳунарнамоии ҳарду ҷониб суруду таронаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ бо маҳорату истеъдоди баланд иҷро гардид. Хусусан ситораи санъати Ӯзбекистон Севар Шайдо бо ҳунару истеъдоди овозхониаш аҳли варзишгоҳро мафтун кард. Вақте, ки ӯ бо забони тоҷикӣ баҳри Ватан ва дӯстӣ суруд мехонд, гурӯҳ – гурӯҳ тамошобинон ба рақсу бозӣ даромада бо самимият шодиву хурсандӣ карданд. Ин ҳоли аҷибро дида ҳатто гурӯҳи савдогарон низ аз растаҳои худ дар майдон ва кӯча ба рақс даромаданд.

Дар барномаи алоҳидаи театркунонидашуда бошад, рамзи суманак, баҳор, хониши булбулон, ишқу ошиқӣ ва дӯстии халқҳо таҷассум ёфта буд.

Ана ҳамин тавр иди Наврӯзии Конибодомиён, ки дар ҳақиқат дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт ба як базми дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мубаддал гашт.

Воқеан меарзаду месазад, чунин чорабинии бонуфузи фарҳангии идона , ки тамошояш хеле хушу гуворо буд, тавассути телевизионҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ гаштаву баргашта пешкаш гардад.

Алиҷон Маҳмудов, шаҳри Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь